wrapper

Хабарҳо

   Шодимуҳаммади Сӯфизода, директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Ганди, доктори илми филология, адабиётшинос ва аз пажӯҳишгарони шинохтаи адабу фарҳанги порсии тоҷикист. Дар остонаи «Рӯзи китоб» дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 4-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, атрофи вазъи китобдорию китобхонӣ дар кишварамон бо ӯ суҳбате ороста пешкаши хонанда мегардонем.

   Устод, тавре медонем, 4-уми сентябри соли 2007 ҳангоми оғози сохтмони бинои нави Китобхонаи миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон рӯзро «Рӯзи китоб» эълон карда буданд. Рӯзи китоб ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати вежае баргузор мешавад

   - Қаблан иҷоза фармоед тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Рӯзи китоб самимона таҳният гӯям ва орзӯ кунам, ки дар зиндагияшон китоб наздиктарин мунис ва дӯсташон бошад, зеро ба гуфтаи Ҳусайн Пажмони Бахтёрӣ:

    Он ёр, ки хомушу сухангӯст, китоб аст,

   Он кас, ки накӯхоҳу накӯхӯст, китоб аст.

   Он дӯст, ки бе ранҷу таманнову таваққуъ

   Бошад ба ҷаҳон аз дилу ҷон дӯст, китоб аст.

   - Устод, тибқи мушоҳидаҳои Шумо, кайфияти китобхонӣ дар кишвари мо чи гуна аст?

   - Қаблан дар ҷои кор, хона, роҳ, истгоҳ, дохили троллейбусу автобус одамоне ба чашм мехӯрданд, ки машғули мутолиаи китоб, рӯзнома ва ё маводи дигари чопӣ буданд. Чунин саҳнаҳое хеле хурсандиовар ва дилгармкунанда буд. Шигифто, ки чунин саҳнаҳо имрӯзҳо ба чашм мерасад. Дар ҷомеае, ки алоқа ба китобу китобхонӣ камтар аст, бемориҳои иҷтимоие мисли бетаҳаммулӣ, ифротгароӣ, хушунат ва дигар рафторҳои номатлуб хеле зиёд аст. Аврупоиён муътақид бар онанд, ки миллате, ки китоб намехонад ва китобро муътабар намедонад, аз пешрафту рушд дар канор хоҳад монд ва маҳкум ба такрори саҳифаҳои торики таърих аст. Кишварҳои мутараққӣ пешрафту тавсеаи хешро мадюни хониш, омӯзиш ва дониш медонанд. Теъдоди чопи китоб ва мизони китобхонӣ дар ин кишварҳо хеле болост. Китоб дӯст ва аниси ҳамешагии онон аст: дар дохили мошин, ҳангоми мусофират, ҳангоми истироҳат, яъне як лаҳза китоб аз онҳо дур нест. Аврупоиёну амрикоиҳо аз ҳар фурсате барои хондан ва маърифат андӯхтан ба таври босамар истифода мекунанд. Пажӯҳишҳои оморӣ нишон медиҳад, ки дар Англия шабонарӯзӣ якуним соат сарфи китобхонӣ мешавад, дар давлатҳое чун Туркия ва Малайзия мардум панҷоҳу панҷ дақиқа дар шабонарӯз машғули китобхонӣ ҳастанд. Худатон шоҳиди ҳамарӯзаи зиндагии мо ҳастед, қазоват кунед, ки мизони китобхонӣ дар кишвари мо чигуна аст Китобхонӣ бештар дар миёни донишҷӯён ва таҳсилкардагон роиҷ аст, қишрҳои дигари ҷомеа аслан ба истилоҳ китоббадбин ҳастанд. Барои баланд бардоштани сатҳи китобхонии мардум бояд фарҳангсозӣ кард. Дар ин замина пажӯҳишҳои ҷиддие бояд анҷом дод ва омилҳои асосии ин ваъзи ногуворро биёмӯхт. Теъдоди нашр, қимати китоб ва омилҳои дигар дар сатҳи мутолиаи мардум таъсир надорад, зеро бо вуҷуди он ки китобҳо бо шуморагони кам чоп мешаванд, ба фурӯш намераванд. Мизони истифода аз китобҳои ройгони китобхонаҳо низ дар муқоиса бо солҳои гузашта паст аст, намоишгоҳҳои миллию байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишвар натавонистаанд ба вазъияти китобхонӣ дар кишвар беҳбуд бахшанд. Ҳарчанд давлат ба ин намоишгоҳҳо ҳусни ният дорад, вале онҳо ба ҷуз сару садои таблиғотӣ чандон муассир нестанд. Шояд таҷрибаҳои дигаре лозим бошад. Масалан, хеле хуб мешуд, агар шаҳрдории пойтахт дар яке аз биноҳое, ки дар хиёбони марказии шаҳр сохта мешаванд, маркази бузурге бо номи «Шаҳри китоб» таъсис бидиҳад ва дар ин замина барномаҳои васеъеро дар роҳи таблиғи китобу дониш ба роҳ монад.

   - Ба назари Шумо, вазъи китобдорӣ дар замони истиқлол дар чӣ сатҳ аст, бахусус дар Китобхонаи марказии АИ ҶТ? Ва чӣ бояд кард, ки вазъият беҳтар шавад?

   - Хушбахтона, сарфи назар аз норасоиҳо дар таблиғу тарвиҷи китоб ва китобхонӣ ба ҳиммат ва роҳнамоиҳои павастаи Пешвои муаззам, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 сол пеш бузургтарин китобхонаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе сохта шуд, ки бо таҷҳизоти наву пешрафта таъмин гардид ва ҳамаи шароитҳоро дорост. Ҳатто моҳонаи кормандони ин китобхона, ки унвони «миллӣ»-ро дорост, аз моҳонаи кормандони китобхонаҳои дигари кишвар баландтар аст. Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳо чунин шароите надорад. Моҳонаи кормандони мо камтар аз маоши кормандони Китобхонаи миллист. Дар замони шуравӣ Китобхонаи марказии Академияи илмҳо беш аз 120 корманд дошт. Аз тарафи кормандон чандин маҷаллаву фаслномаву солномаҳои тахассусию китобшиносӣ таҳия ва чоп мешуд. Дастурамалу роҳнамоҳои библиографӣ мунтазам таҳия ва мунташир мешуд. Ин мавод кумаку роҳнамоии хубе барои муштариёни Китобхона буда, дар сатҳу сифати таҳқиқоти онон, ки аксарашон кормандони соҳаҳои илму маориф ҳастанд, таъсири мусбат мерасонд. Аммо, имрӯз шумораи кормандони Китобхона панҷоҳ нафар аст, ки ин теъдод барои хадамоти китобхонаро мутобиқи тақозои замон ва талаботи хонандагон ба сатҳи лозима боло бурдан кофӣ нест. Сарфи назар аз моҳонаи кам, мо бо истифода аз нерӯҳои кории андаке, ки дорем, кӯшида истодаем, ки сифати хидматрасониро мувофиқ ба хоҳишу ниёзи рӯзафзуни хонандагон беҳтар кунем.

   Китобхона таърихи ҳаштоду панҷсола дошта, дар хазинаи он беш аз якуним миллион китоб мавҷуд аст. Шумори зиёде аз онҳо китобҳои нодиру камёби илмӣ мебошанд. Бояд арз кунам, ки шароити нигаҳдории китоб хуб нест. Хазинаи Китобхона хеле хурд аст, рафҳои китобро ҳатто дар роҳравҳо гузоштаем. Китобҳои наверо, ки ҳамвора ворид мешаванд, бо мушкилиҳои зиёде дар хазина ҷой мекунем. Ба ғайр аз ин, бино бар сиёсати созандаи раҳбарияти олимақоми кишвар дар ростои таблиғи илму дониш ва китобхонӣ ҳамасола шумори хонандагон дар ҳоли афзоиш аст, аммо шароити Китобхона ва ҳифзи ганҷинаи он на он қадар хуб аст. Азбаски барои сохтани бинои нав дар замони буҳронҳои шадиди молиявии ҷаҳонию минтақавӣ имконот маҳдуд аст, роҳи бисёр муносиб он аст, ки бо дастури муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат бинои Китобхонаи Фирдавсии собиқ, ки аз ҳамон оғоз ҳамчун китобхона сохта шуда буд ва дорои имконоти лозима барои ҳифзу нигаҳдорӣ ва хидматрасонии китоб аст, ба ихтиёри китобхонаи Акдемияи илмҳо супурда шавад. Дар ин сурат, тамоми мушкилоти мо ҳал ва амонати бебаҳову беназири илмии миллат эмину солим ба насли оянда супурда хоҳад шуд.

   Китобхона дорои чаҳор толори хониш буда, ҳамаи шароитҳоро дорад. Ҳамасола то ду ҳазор хонанда, ки бештарашон олимону муҳаққиқон ва унвонҷӯён ҳастанд, аз хадамоти он баҳра мебаранд. Яке аз толорҳои хониши Китобхона бо роёнаҳо (компютерҳо) муҷаҳҳаз ва ба шабакаи интернет пайваст аст ва хонандагон бе маҳдудият аз он истифода мекунанд.

   - Дар бораи сабабҳои китоб нахондани мардум чи андеша доред?

   - Солҳои охири фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ба рушду тавсеаи донишомӯзию китобхонӣ рост омад. Ҷавонони ташнаи дониш аз озодии фароҳамшуда барои такмили донишҳои хеш истифода мекарданд. Даст ёфтан ба тамоми маводи чопӣ, ки берун аз сарҳадҳои Иттиҳоди Шуравӣ тавлид мешуд ва мо орзӯи дасрасӣ ба онро ҳам наметавонистем бикунем, бозори чопу интишори китобро равнақ бахшид. Ҷавонон бештар китобҳои фалсафӣ ва иҷтимоию сиёсӣ мехонданд. Таноқузро бибинед, ки дар солҳои 70-уму 90-уми қарни бист, ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистон ҳудудан панҷ миллион буд (ки ду миллион аз ин теъдод ғайри тоҷикизабонон буданд!), китобҳои бадеӣ бо шуморагони ҳафт то чаҳордаҳ ҳазор нашр мешуд. Масалан, ду очерки адабию таърихии устод Садриддини Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ» дар як ҷилд сад ҳазор нусха ва маҷмӯаи ашъори устод Лоиқ «Дасти дуои модар» панҷоҳ ҳазор нусха интишор ёфт. Аммо, имрӯз шумори шаҳрвандони Тоҷикистон ба нуҳ милион расидааст ва шигифтовар аст, ки ҳадди аксари теъдоди нашри китоб аз як ҳазор бештар нест. Ба сабаби ба доми даҳшатзои ҷанги шаҳрвандӣ уфтодани тоҷикон ҳаёти фарҳангию илмии кишвар бакуллӣ рӯ ба таназзул овард. Мардум танҳо барои як луқма нон кор мекарданд. Мафҳумҳои китобу китобхонӣ ва маърифатомӯзӣ фаромӯш гардид. Санъати чопи китоб қариб ба нобудӣ расид. Хушбахтона, имрӯз вазъият дигар аст. Дар саросари мамлакат фазои сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Моро лозим аст, ки аз сиёсатҳои Пешвои миллат дар ростои таҳкими пояҳои давлатдории миллиямон ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, бар фақру нодории аҳолии кишвар, чи моддӣ бошад, чи маънавӣ, чи иқтисодӣ бошад ва чи фарҳангӣ, пирӯз оем.

   - Устод, ба назари Шумо, китоб дар масири сулҳу ваҳдати миллӣ чӣ нақш дорад?

   - Китоб, хониш ва дониш дар рушди ҷамъияти инсонӣ мақоми барозандае дорад. Ин муҳим дарахти андешаву ахлоқи инсонро борвар месозад. Чи тавре ки дар боло зикр шуд, бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти китобу китобдорӣ, аз ҷониби Пешвои миллат дастур дода шуд, ки минбаъд ҳар сол 4-уми сентябр ҳамчун Рӯзи китоб дар тамоми гӯшаю канори кишвар бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта шавад. Ин тасмими ишон ишқ ба китоб ва шавқи китобхониро дар ҳаёти сокинони сарзаминамон дубора эҳё намуд, мақоми онро дар тавсеа ва рушди фарҳанги ҷомеа ба унвони воситаи таъсирбахшу коромаде баланд бардошт. Раҳбари мамлакат хоҳони пешрафти ҳамаи соҳаҳои кишвар буда, ҳамеша дар суханрониҳояшон ҷавононро ба омухтан ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ даъват менамоянд, зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба пешрафту тараққии камоли матлуб ноил гардем.

   - Бархе мегӯянд, ки имрӯз ҷавонон китоб кам мехонанд, шояд чунин бошад. Фикри Шумо дар ин масъала чист?

- Медонед, ҳазорон дареғ, ки на танҳо ҷавонон, балки бисёре аз муҳаққиқон, муаллимони донишгоҳҳои олию миёна ва мактабҳо, адибону фарҳангиён ва намояндагони қишрҳои дигари ҷомеа низ китоб намехонанд. Китоб дӯсти беғараз аст, ҳеч гоҳ касро фиреб намедиҳад, гапи дилашро ба рӯят мегӯяд, дурӯягӣ намекунад. Назарашро ба зӯрӣ ба сари одам бор намекунад, ҳукми қазоват ва тасмим гирифтанро ба худи шахс вомегузорад, аз ҳамнишинӣ бо ӯ хаста намешавед. Насиҳатгарест, ки роҳнамоиҳояш касро ба суруру нишот ва бахту саодат мерасонад.

   - Бибинед, кишвари Бразилия тасмим гирифтааст, ки ҳар чи бештар мардумро ба китобу китобхона ҷалб созад. Барои мисол, дар он кишвар урфе ҳаст, ки муҳлати ҳабси зиндониён дар ивази хондани як китоб чаҳор рӯз кам карда мешавад. Шунидам, ки дар зиндонҳои Русия ҳам китобхонҳо аз имтиёзоте бархурдоранд. Дар мо чӣ? Агар дар кишвари мо ҳам чунин расме роиҷ шавад, оё ба манфиати кор нахоҳад буд?

   - Дар кишварҳои демократӣ мафҳуми «зиндон» вуҷуд надорад, чунин ниҳодҳоро «муассисаҳои ислоҳотӣ» меноманд. Вазифаи асосии муассисаҳои ислоҳотӣ тарбияи одамонест, ки бо сабабҳои гуногун қонунро нақз кардаанд. Муҳлати дар муассисаи ислоҳотӣ будан фурсатест, ки одамон иштибоҳоти хешро фаҳмида, барои бозгашт ба зиндагии росту дуруст тасмим мегиранд. Дар дарки иштибоҳот ва ислоҳу тасмимгириҳои онҳо муҳити фарҳангӣ, аз ҷумла китобхонаи муассисаи ислоҳотӣ ва масъулони фарҳангии он нақши бузурге мебозанд. Агар ин гуна тадбирҳое, ки дар Бразилия ба роҳ мондаанд, дар кишвари мо низ анҷом шавад, ба фоидаи миллат хоҳад буд.

   - Мо иттилоъ ёфтем, ки дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кадом соҳибкоре нахустин китобхонаи сарироҳӣ таъсис ёфтааст. Ин хеле хуб аст, агарчи кори ҷиддию бузурге нест. Қоидаи ин китобхонаи хурдак чунин будааст, ки хонанда китобро дар сари роҳ ё дар истгоҳ хонда ва боз дар ҷояш мегузорад, то дигарон ҳам онро бихонанд. Ин соҳибкор гуфтааст, ки дар сурати зарурат чунин китобхонаҳои сарироҳиро дар дигар ҷойҳо низ таъсис медиҳад. Устод, ин кор на он қадар харҷи зиёд дорад. Пас чаро соҳибкорони шаҳри Душанбе ҳам чунин иқдоме намекунанд? Ё шояд ба шаҳрдори Душанбе пешниҳод шавад, то...?

   - Ин кори савоб бояд дар саросари кишвар роҳандозӣ шавад. Ёд дорам, ки соли 2016 дар Бадахшон созмони ҷамъиятие бо номи «Умедвор» барои дастрасии бештари сокинони деҳаҳои дурдаст ба китоб китобхонаи сайёре таъсис дода буд, ки хидмати беғаразу арзандае дар ташвиқи мардум, алалхусус насли ҷавон, ба донишомӯзию маърифатандӯзӣ буд. Масъулони ин созмон ният доштанд, ки минбаъд ин кори хайрро идома дода, шумори китобхонаҳои сайёрро бештар намоянд. Аммо тайи ду соли охир хабаре аз онҳо нашунидам. Умедворам, ки дар амали хайрашон муваффақ шуда бошанд. Барои анҷоми ин кори хайр бояд ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ даст ба дасти ҳам бидиҳанд ва дар эҳёи фарҳанги китобхонӣ бо ҳам ҳамкорӣ кунанд.

   - Устод, мо нависандагони зиёде дорем, профессору академик, шоиронамон низ зиёданд. Ва албатта ҷои шукргузорӣ ҳам ҳаст, вале боиси нигаронист, ки чаро дар замони муосир «Гулистон»-нависи дигаре надорем. Фикри Шумо дар ин бора чист? Оё вақти он нарасидааст, ки нависандагони мо дар бораи офаридани «Гулистон»-ҳои наве андеша намоянд? Ба ҳар сурат, назари Шумо, ба ҳайси як устоди адабиётшинос, чист?

   - Мақоми Мавлонову Саъдию Ҳофиз ва дигар абармардони адабиёти куҳанамон бидуни тардид пеши мо хеле баланд аст. Чи тавре, ки устод Шафеъии Кадканӣ месарояд:

   Офоқ аз чароғи садои ту рӯшан аст,

   Хомӯшият мабод, ки фарёди меҳанӣ!

   Ин бузургон бидуни тардид ойинаи тамомнамои ҳастии миллати моянд. Осори бузургони адаб мояи ифтихори мост ва ҳамеша хонданист. Қариб ҳазор сол аст, ки мо аз панду андарзҳо ва каломи ширину шоиронаи бузургони адабиётамон лаззат ва баҳра мебарем. Аммо, ба назари ман, Шумо суоли хеле дуруст ва огоҳонаеро дар бораи Саъдии Шерозӣ матраҳ кардед. Чаро адибони дигар неву маҳз роҷеъ ба Саъдӣ суол кардед? Дар ин пурсиш ман ниёзмандии шадиди ҷомеаи моро ба Саъдӣ, аз як тараф ҳамчун намоди насиҳатгарӣ ва содиркунандаи дастурҳои ахлоқӣ, аз тарафи дигар, чун адибе амалгаро ва воқеънигор мебинам. Худи Саъдӣ низ дар «Бустон» ва «Гулистон»-аш аз мақоми як устоди ахлоқ бо хонанда суҳбат мекунад. «Гулистон» асаре беназир дар адабиёти мост. Ҳеҷ асаре ҳампаҳлӯи он нашуда ва наметавонад бишавад. Гарчанде садҳо асари насрию назмӣ баъд аз Саъдӣ навиштаанд, ҳеч кадом ҳампояи «Гулистон» нашуд ва, ба бовари ман, минбаъд ҳам нахоҳад шуд. Чи тавре ки мо тоҷикон мегӯем, коми адабиёти моро бо панду андарзу насиҳат бардоштаанд. Қариб ҳар саҳифаи ин адабиёт панду андарзи фаровоне дорад. Бар гӯши пандношунави мо на танҳо Саъдӣ, балки ҳамаи шоиронамон панд хондаанд. Аз ин рӯ, бузургии «Гулистон»-и Саъдӣ на дар панду насиҳат, балки дар сабки зебо ва шеваи баёни муассиру ҳунармандонаи вай аст. Ҳамин зебоии калому лутфи суханаш аст, ки «Гулистон» ҳамвора дар тӯли садсолаҳо дар мактабу мадрасаҳои қаламрави забони порсии тоҷикӣ тадрис мешудааст. Дар муқоиса бо Фирдавсӣ ва Ҳофизи Шерозӣ, ки бештар ормонгаро ҳастанд, Саъдии Шерозӣ адибе воқеънигор ва амалгарост. Аз ин рӯ, дар ин давраи ҳассос, ки бо тағйироти ҳайратангези технологӣ рӯбарӯ ҳастему фановарӣ лаҳза ба лаҳза дар ҳоли пешрафт аст, ба гумонам, бештар ба бузургоне чун Абӯрайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино ва албатта Саъдии Шерозӣ бештар ниёз дорем.

   - Вақте ки имрӯз ба китобхонаҳои электронӣ рӯ меорем, шигифтзада мешавем. Зеро касе фикр намекард, ки замоне истифода аз китоб дар чунин шакле сурат мегирад. Ба фикри Шумо, истифода аз китоб ё китобхонаҳо баъди даҳсолаҳо чигуна хоҳад шуд?

   - Дар замони мо, ки бидуни истифода аз фановарии иттилоот дастёбӣ ба дониш ғайримумкин гардидааст, муносибати мо ба манбаъҳои суннатии иттилоот бояд дигар шавад. Дар қарни XXI, бино бар инкишофи басуръати фановарии иттилоот, ҳама гуна шароит ҳам барои китоб хондан ва ҳам барои китоб нахондан фароҳам шудааст. Фановарии иртиботии ҳушманд ҳамарӯза нақши бештаре дар зиндагии мо иҷро мекунад ва роҳу равиши маъмулиро ба ҳошия рондааст. Албатта, барои шахсе, ки ба нусхаи коғазии китоб хӯ гирифтааст, китоби электронӣ ба ҳеч ваҷҳ наметавонад ҷойгузини он шавад, зеро дар тӯли таҳсилаш, чи дар мактаби миёна ва чи дар донишгоҳ китобҳои дарсӣ дар шакли суннатӣ буданд ва аз ин рӯ ӯ ба чунин навъи китоб бештар алоқа дорад. Он ҳисси оромиш, ки ҳангоми хондани китоби коғазӣ ба кас қаблан даст медод, китоби электронӣ наметавонад ба вуҷуд оварад. Шахсан ман аз хондани китобҳои коғазӣ хотироти хубе дорам. Дар бораи бартарии китобҳои коғазӣ нисбат ба китобҳои электронӣ ва баръакс пажӯҳишҳое анҷом шудааст. Таҳқиқи ин масъала дар яке аз донишгоҳҳои аврупоӣ нишон дода, ки истифода аз китобҳои электронӣ сатҳи омӯзишро пойин мебаранд. Дар ин пажӯҳиш як гурӯҳи 25-нафарӣ китобе иборат аз бисту ҳашт саҳифаро ба воситаи сахтафзори электроникии Амазон Киндл, ки барои хондани китобу асноди электронӣ ба кор меравад, мутолиа карданд. Як гурӯҳи биступанҷнафарии дигар ҳамон китобро дар нусхаи коғазияш хонданд. Сипас, аз онҳо хоста шуд, то муҳтаво ва мундариҷаи китобро батартиб ривоят кунанд. Ин пажӯҳиш нишон дод, ки натиҷаи хонандагони китобҳои коғазӣ беҳтар аст. Чунин пажуҳишҳо зиёд анҷом шудааст ва натоиҷаш бештар ба фоидаи китобҳои коғазист. Аммо насли ҷавон, ки дар даврони ривоҷи густардаи технологияи муосири диҷитолӣ зода ва парварда шудааст, назараш ба китоби электронӣ дигаргуна аст. Ин насл муътақид аст, ки бо доштани китобу китобхонаи электронӣ имконоти хонанда бештар мегардад, зеро, аз як ҷиҳат китобхонаи электронӣ ҷои зиёдеро дар хона ё дафтари корӣ намегирад. Аз тарафи дигар, онро ба осонӣ мешавад таҳвил дод ва ё ҳамеша, сарфи назар аз он, ки дар куҷо қарор доред, метавонед бо худ дошта бошед. Илова бар ин, имконоти истифодаи самаранок аз китобҳои электронӣ бештар шудааст. Бо ёрии нармафзорҳои компютерӣ ҳар параграф, ҷумла, вожа ё истилоҳи мавриди назар дар як матни электронии китобро метавон ба зудию осонӣ пайдо намуд ва аз он истифода кард. Мутолиаи китоби коғазӣ чунин имконоте надорад. Хонанда маҷбур аст, ки барои пайдо кардани маълумоти ночизе вақти зиёди хешро ба хондани тамоми китоб, аз оғоз то анҷом, сарф кунад. Аз назари зистмуҳитӣ низ китоби электронӣ афзалияти бештар дорад, зеро чунон ки медонед, коғаз аз дарахт истеҳсол мешавад ва технологияи тавлиди коғаз барои муҳити зист зиёновар аст. Интишори китобҳои электронӣ ба ҷойи китобҳои суннатии коғазӣ агар аз як тараф мӯҷиби сарфаҷӯйӣ дар масрафи коғаз шавад, аз тарафи дигар ҷилави аз байн бурдани дарахтони сабзро мегирад ва ба муҳити зист осеби камтаре ворид мешавад. Шояд дар нигоҳи нахуст ин мавзӯъ камаҳаммият бошад, аммо дар густараи ҷомеаи башарӣ барои чопи китобҳо ва махсусан рӯзномаҳову ҳафтаномаҳои сертирож масрафи коғаз хеле зиёд хоҳад буд. Интишори китобҳои электронӣ ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба ҳазинаҳои болои коғазу чоп аз китобҳои коғазӣ арзонтар аст. Аз ин рӯ, китобҳои электронӣ хонандаи бештаре доранд. Илова бар ин, қонунҳои баъзе аз кишварҳо иҷоза медиҳад, ки китобҳои электронӣ ба таври ройгон нашр шаванд, дар ҳоле ки дар мавриди китобҳои коғазӣ ин кор ғайримумкин аст. Бартарии дигари китоби электронӣ ин аст, ки он ҳаҷм ва вазни физикӣ надорад. Чандин миллион нусха китоб метавонад дар хотираи телефони ҳамроҳ ё компютерамон ҳифз шавад ва ҳамеша ҳамроҳи мо бошад. Истифода аз китоби электронӣ бо таваҷҷуҳ ба имконоти барномаҳои китобхон (Book Reader) кори хонанда ва алалхусус пажӯҳандаро, ки ҳамвора аз нарасидани вақт ранҷ мебарад, осон мекунад. Навиштани ёддоштҳо дар саҳифаҳо ва ҳошияҳои китоб, нишонагузории масъалаҳои мавриди назар, оморгирии истифода аз мафҳумҳо, вожагон ва истилоҳот ва даҳҳо имкони дигар, китоби электрониро ба ёвари беминнате табдил медиҳад. Муҳим аз ҳама ин аст, ки китобҳои электронӣ, махсусан донишномаҳову луғатномаҳо ва васоили иттилоърасонию китобшиносии электронӣ пайваста рӯзомад (апдейт) мешаванд ва чопҳои нави онҳо бидуни пардохти изофӣ дар ихтиёри хонанда қарор мегирад. Дар мавриди китоби коғазӣ чунин имконоте мавҷуд нест. Аммо китоби электронӣ ҳам аз камбудиҳое орӣ нест. Пайваставу тӯлонӣ нигоҳ кардан ба сафҳаи роёна нуқсону бемориҳоеро мисли хастагию осеби чашм, афсурдагии зеҳнӣ, бедорхобӣ, заъфи асаб ва ихтилолоти дигар ба ҳамроҳ дорад, аммо дар хондани китоби коғазӣ бо ин мушкилот камтар рӯбарӯ мешавед. Ба ғайр аз ин, бартарии китоби коғазӣ бар китоби электронӣ он аст, ки хондани китоби коғазӣ ба ҷуз худи китоб, ниёзе ба василаи дигар надорад. Дар ҳама ҷой, чи кӯҳу чи саҳро, метавон китоби коғазиро хонд, аммо барои хондани китоби электронӣ мавҷуд будани барқ ё иртиботи роёнаӣ ё телефонӣ муҳим аст.

   Хулоса, як бори дигар таъкид мекунам, ки китоби коғазӣ ва китоби электронӣ ҳар кадом фазилатҳо ва костиҳои хешро доранд ва наметавон якеро беҳтар аз дигаре донист. Бартарии ҳар кадом ба шароити маконию замонии хониши китоб ва завқу салиқаву таҷрибаи фардии хонанда вобаста аст. 

   - Имрӯз интернет ҷойи китобхониро то андозае танг кардааст. Оё ягон барномае нест, ки то андозае аз ин амр монеъ гардад ва оё вақти он нест, ки дар кишвари мо китобхонаҳои интернетӣ фаъол шаванд ва ба-дин васила дастраси муштариён гарданд?

   - Дар даврони ҷаҳонишавӣ иттилоот арзиши хеле баланд дорад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти донишу иттилоот дар даврони муосир, бавижа нақши он дар зиндагии ҷавонон, бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон шуда буд. Дар он сол ҳамарӯза чи дар суханрониҳои пурмуҳтавои Президент, чи дар саҳифаҳои матбуот ҷавонон ба хондан, донишу маърифат омӯхтан ва рӯй овардан ба илмҳои муосири техникӣ ва табиатшиносӣ ташвиқ мешуданд. Мутаассифона, гурӯҳе аз ҷавонони камсаводу нохондаи мо таҳти таъсири инсонҳои палиду ноаҳл ва аз донишу маърифати воқеӣ дур қарор гирифта, бо амру фармоиши хоҷагони муғризи хеш, ки душманони миллати мустақилу якпорчаи мо ҳастанд, ба амалҳои зиддиинсоние даст мезананд. Ин гуна рафторҳои носолиму ҷоҳилона ғаразҳо ва эҳсосоти беморгунаи иддае худнашиносу худоношиносро бармеангезад. Чунин нодониҳову бемаърифатиҳо боис шуда, ки гурӯҳе аз ҷавонон ба созмонҳои ифротию терористӣ пайвастаанд, ки зарари онро на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва пайвандони худи онҳо, балки аксарияти бошандагони сайёра дида истодаанд.

    Аз ин рӯ, чи тавре ки раҳбари давлат ҳамвора таъкид мекунанд, ҷавонон ояндаи миллатанд. Акнун фурсате беназир ба мо даст додааст, то дар амри мустаҳкам кардани пояҳои истиқлоли кишварамон аз донишҳои муосир истифода намуда, фарҳанги меҳанпарастию миллатдӯстиро дар мағз-мағзи устухони имрӯзиёну ояндагон ҷой кунем. Ба ин ҳадаф танҳо бо роҳи китобхонӣ, донишомӯзӣ ва маърифатандӯзӣ метавон даст ёфт. Бо шинохти огоҳонаи нақши китоб ва илм дар таҳкими пояҳои давлати миллии тоҷикон ва бо ҳадафи ҳамтирози кишварҳои дигари дунё сохтани Тоҷикистон Ҷаноби олӣ бо умед бар ояндаи дурахшони ҳаммеҳанонамон бузургтарин китобхонаро дар қалби пойтахтамон бунёд карданд. Аз ин рӯ илмомӯзию китобхонӣ бояд аз вазифаҳои асосии миллии мо бошад. Имрӯз дар кишвари мо ҳама гуна шароит фароҳам аст, то китобхонию донишомӯзӣ ба як фаъолияти ҳамешагию пойдорамон мубаддал шавад ва на танҳо ҷавонон, балки намояндагони ҳамаи табақаҳову қишрҳои ҷомеа бо ишқу алоқаи самимӣ ба он рӯй биёваранд.

   - Ба назари Шумо, адабиёт ба забони тоҷикӣ кай электронӣ мешавад?

   - Сарфи назар аз имконоти маҳдуд Китобхонаи АИ пайваста ба электронӣ кардани хазинаи хеш машғул аст. Мо то ҳол шуморе аз китобҳоро электронӣ кардаем. Аммо барои ба ин кор суръати бештар бахшидан бояд васоил ва таҳҷизот, аз ҷумла сканерҳои муосири ҳирфаӣ дошта бошем. Мутаассифона, қимати чунин дастгоҳҳо хеле гарон аст ва чунин имконотеро китобхонаҳо надоранд. Бояд таъкид кунам, ки имрӯз зарурати хеле шадид ба нусхаҳои электронии китобҳои Китобхонаи Академияи илмҳо ба миён омадааст, зеро коғази аксари китобҳо, ки сад-дусад сол қабл чоп шудаанду ҳанӯз мавриди истифодаи хонандагон қарор доранд, бо гузашти замон хеле фарсуда ва куҳнаву осебрас шудааст. Барои ҳифзи чунин хазинаи воқеъан бебаҳо талошҳое карда истодаем ва умедворам, ки кӯшишҳоямон бар абас нахоҳанд рафт. Дар робита бо электронӣ кардани нусхаҳои китобҳо масъалаи нозуке вуҷуд дорад, ки дар кишвари мо ҳанӯз ба он таваҷҷуҳи лозим сурат намегирад. Ин масъала ҳифзи ҳуқуқи муаллиф мебошад. Бидуни иҷозаи расмии муаллифи китоб ҳеч нафаре ва ниҳоде ҳақ надорад, ки китоби уро бознашр ва ё таксир кунад. Ин тарафи масъала низ монеае барои нусхабардории электронии китобҳост.

   - Барои баланд бардоштани сатҳи алоқаи навҷавонону донишомӯзон ба китобу китобхонӣ чи корҳоеро бояд анҷом дод?

   - Китобу китобхонӣ зербинои асосии рушди фарҳангу тамаддун аст. Дар бораи китоб нахондану китоббадбинии мардум суханҳои зебову шоиронаи зиёде гуфтаанд ва пайваста мегӯянд. Чунин суханпардозиҳову шиорпароканиҳо натиҷае намедиҳад, магар ин ки заминаву шароити лозим барои рушду тавсеаи китобхонӣ фароҳам шавад. Барои ниҳодина кардани фарҳанги китобу китобхонӣ, ба назари инҷониб, ду корро бояд анҷом дод: нахуст он, ки таҳқиқоти ҷомеъу жарфи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шавад; дувум ин, ки баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони китобдорию донишшиносӣ барномаи вежаи тавсеаи фарҳанги китобхониро дар ҷомеа бояд таҳия кард ва барои иҷрои он ҳамаи шароитро муҳайё сохт. Вазорату идораҳои зидахли кишвар бояд барои таблиғу тарвиҷи китобу китобхонӣ корҳои амалию таъсирбахшеро анҷом диҳанд. Масалан, дар мактабҳои миёна бояд ҳафтае як соат барои китохонӣ ҷудо карда шавад, то бачагон аз хурдӣ бо фарҳанги китобхонӣ ошно шаванд. Илова бар ин, мақоми китобро дар ҷомеа бояд боло бурд. Бо муаррифии шахсиятҳои барӯманди миллати тоҷик, ки мавқеи китобу дониш дар зиндагии онон хеле барозанда аст, бояд доштани китобхонаи шахсӣ чун яке аз нишонаҳои мусбати ҳаёти хонаводаҳо аз ҷониби расонаҳо, бавижа телевизионҳои давлатӣ, таблиғ шавад. Бо дастуру фармонҳои созандаи сарвари давлат барои истиқболи сазовор аз ҷашни 30-юмин солгарди истиқлоли кишварамон дар ҳамаи ноҳияҳо бунгоҳҳои иҷтимоию фарҳангӣ, аз қабили марказҳои тиббӣ, ҳаммомҳо, майдонҳои варзишӣ сохта мешаванд. Ба гумонам, эҳё ва рушди китобхонаҳои маҳаллӣ ва таҳҷизи онҳо бо китобҳои нав ва муфид, чи коғазӣ ва чи электронӣ, ҳам бисёр саривақтист. Бояд таблиғоти китобҳои хонданию фоидаовар дар расонаҳо, бахусус дар шабакаҳои радиою телевизионӣ хеле густарда ба роҳ монда шавад. Барномаи телевизионӣ дар бораи китобҳои тозанашри кишвар, ки пахши он батозагӣ ба ибтикори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоб ва роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба китоб шуруъ шуд, иқдоми хеле муҳимме дар ин ростост. Ба ин барнома, ки моҳе ду маротиба пахш мешавад, бояд муаллимону олимон ва фарҳехтагону андешамандони миллат, ки дар тавлиди китобу дониш саҳми бевосита доранд, даъват шаванд, то бинандагон дар бораи нақшу мақоми китобу дониш дар зиндагии инсон таассуроти хубе дарёфт кунанд.

   Мутолиаи китоб аз сӯи падару модар дар хона дар тарғиби китобу китобхонӣ дар миёни фарзандон таъсирбахштарин омил аст. Баррасии китобҳои мутолиашуда дар ҳалқаи оила, мактаб ва донишкадаву донишгоҳҳо дар бедор кардани шавқу иштиёқ ба китобхонию донишандӯзӣ бисёр самаровар аст. Албатта қишрҳо ва гурӯҳҳое дар ҷомеа ба далоиле чун пуркорӣ китоб намехонанд ё камтар мехонанд, аммо ҳайратовартар ин аст, ки иддае аз аҳли илму адабамон, ки вазифаи асосияшон китоб хондану дониш андӯхтан аст, низ имрӯзҳо алоқа ва иштиёқе ба китоб надоранд. Худи фарҳангиён бояд дар китобхонӣ пешгом бошанд, то мардум аз онҳо пайравӣ кунанду сабақ бигиранд. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа ё кишвар доштани дониш ва иттилооти фаровон аст ва ин иттилооту донишҳо фақат аз роҳи хондани китобу нашриёт ва васоили дигари илмию адабӣ ба даст меояд. Ҳарфҳоямро бо порае аз шеъри зебову дилнишини як шоири китобдор ба поён мебарам, ки фармудааст:

   Китоб панҷараи бози рӯ ба доноист,

   Пуле миёни ману дурдасти зебоист.

   Китоб хоҳари ман, модарам, бародарам аст,

   Китоб мояи фахр асту тоҷ бар сарам аст.

   Китоб хост, ки ман ҳам пур аз баҳор шудам,

   Барои хотири ӯ як китобдор шудам.

   Китобдор шудам, то аз ӯ ҷудо нашавам,

   Дар ин замона ба ҳоли худам раҳо нашавам.

   Китобдории ман эътибори ман шудааст,

   Ҳувийятам шуда, дору надори ман шудааст.

   Тамоми доштаҳоям китобҳои мананд,

   Китобҳои азизе, ки мисли ҷон ба тананд.

   Худо зиёд кунад лутфи ин азизонро,

   Шукуфаҳои китобу гули гулистонро.

 

Суҳбаторо

Умед Пудинаев

Последнее изменение Сешанбе, 04 Сентябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/