wrapper

Хабарҳо

Олимон дар Шветсия як таҳқиқоти байнисоҳавӣ оид ба генетика ва бостоншиносиро анҷом доданд, ки асрори таъсири байни фарҳангҳоро дар қабрҳои асри санг ёфтшуда, муайян мекунад. Шветсия таърихи худро аз обшавии пиряхҳои шимолӣ тақрибан 12000 пеш аз милод мешуморад, вақте гурӯҳҳои шикорчиён маскуни ин маҳал гардиданд. Дар тӯли асри санг (аз 8000 то 6000 пеш аз милод), сокинони аввалини он асбобҳои рӯзгор ва дигар лавозимоту силоҳҳоро барои шикор ва моҳидорӣ аз санг сохтаанд.
Дар асри санги миёна дар Шветсия ҳадди аққал се гурӯҳи фарҳангӣ мавҷуд буданд. Археологҳо фарҳанги аввалин деҳқонон, фарҳанги ҳунарҳои сафолсозиро, ки асосан ба моҳидорӣ ва шикор марбутанд, инчунин фарҳанги даврони сохтани табарҳои ҷангиро муайян карданд, ки фарҳанги омехтаи чӯпонӣ ва деҳқонӣ бар меоянд. Ин се гурӯҳ аз тариқи тарзи зиндагӣ, генетика, анъанаҳои маросими дафн ва расму оинҳо фарқ мекарданд.
Дар як пажӯҳиши нав, олимон муайян карданд, ки чаро таъсири фарҳанги даврони сохтани табарҳои ҷангӣ дар баъзе қабрҳои фарҳанги сафолкорӣ ба назар мерасад, гарчанде ки намояндагони ин фарҳангҳо дар тӯли асрҳо комилан аз ҳамдигар ҷудо умр ба сар мебурданд.
Профессор Ян Сторо, бостоншиноси Донишгоҳи Стокголм ва яке аз муаллифони таҳқиқоти нав, як гурӯҳеро роҳбарӣ кардааст, ки намунаҳои ДНК-ро аз 25 нафар одамони асри санг аз чаҳор қубур дар Готландия таҳлил карданд. Онҳо дарёфтанд, ки ба баъзе қабрҳо, ки одамон дар онҳо дафн шудаанд,  таъсири фарҳанги гуногуни давраи сохтани табарҳои ҷангӣ ба назар мерасад.  Ян Сторо мегӯяд: "Ин як тадқиқоти беназир аст, ки фаҳмиши моро оид ба ҳамкорӣ миёни гурӯҳҳои фарҳангии асри санг мусоидат мекунад."
 
Дар Готландия якчанд майдонҳои бузург ва хуб муҳофизатшудаи дафн иборат аз чуқуриҳо бо сафолҳои маъмулӣ мавҷуданд. Мурдаҳо одатан дар қабрҳо ба пушташон хобонда, дар барашон туҳфаҳои вазнин ба монанди асбобҳои шикорӣ ва ё устухони тюлен дафн гардида, аммо аз болои қабрҳо сангҳои калон гузошта нашудаанд. Илова ба қабрҳои маъмулии фарҳанги сафолӣ, қабрҳое низ мавҷуданд, ки ба назар мерасанд, аз фарҳанги даврони табарҳои ҷангӣ таъсир гирифтааст. Масалан, баъзе одамон ба паҳлӯ бо устухонҳои бардошташуда ва баъзеҳо бо табарҳои ҷангӣ, ки ҳамчун туҳфаҳои муҳим арзёбӣ мешуданд, дафн гардидаанд,  ки ин одатан бо фарҳанги даврони табарҳои ҷангӣ алоқаманд аст.
Гурӯҳе аз олимон муайян карданд, ки тақрибан нисфи одамони таҳқиқшуда дар қабрҳои классикӣ дафн гардидаанд, дар ними дигар бошад, таъсири анъанаҳои дафн кардани фаҳанги даврони сохтани табарҳои ҷангӣ, пайдо шудааст. Тааҷҷубовараш он буд, муҳаққиқон муайян карданд ҳеҷ кадоме аз онҳо ба одамони марбут ба фарҳанги даврони табарҳои ҷангӣ иртибот надоранд ва тамоми ҷасадҳо ба як гурӯҳи хеле ба ҳам наздик мансубанд, ки ба гурӯҳҳои шикорчиён аз давраҳои пеш монанд буданд.
Ҳамин тавр, гурӯҳи пажӯҳишгарон ба хулосае омадаанд, ки фарҳанги даврони сохтани табарҳои ҷангӣ ба фарҳанги деҳқонон таъсири худро расонидааст, ва азбаски онҳо иртиботи ягонаи генетикии байни ин ду гурӯҳро пайдо карда натавонистанд, эҳтимол дошт, ки ин таъсирот дар натиҷаи тиҷорат ва дигар робитаҳои шабеҳ он мебошад, на дар натиҷаи муҳоҷират ё ҳамзистӣ.

Гулҳаё Мадимарова,
ходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико
 
http://www.zoofirma.ru/