wrapper

 Ҷумҳурии Халқии Полшаро аз охирҳои соли 1989 сар карда Ҷумҳурии Полша  меноманд. Масоҳаташ 324 ҳазор км2 буда, ҳудуди мамлакат аз шимол ба ҷануб дар масофаи 650 км аз шарқ ба ғарб дар масофаи 700 км тӯл кашидааст. Хусусиятҳои муҳими мавқеи географӣ дар он аст, ки Полша дорои майдони калони фаррох аст. Аз ҳудуди мамлакат як қатор роҳҳои транзитӣ мегузаранд ва мамлакат дар масофаи зиёда аз 500 км роҳи баромад ба баҳрро дорад. Инчунин, мамлакат ба давлатҳои рушдёфтаи Иттиҳоди Аврупо наздик ҷойгир буда, имконоти бо ин давлатҳои ба роҳ мондани алоқаҳои иқтисодиро доро мебошад. Соли 2004 ҳамчун  аъзои комилҳуқуқӣ Иттиҳоди Аврупо пазируфта мешавад. Полша аз ғарб бо Германия, аз ҷанубу ғарб бо Чехия, аз ҷануб бо Словакия, аз ҷанубу-шарқ бо Украина, аз шарқ бо Белоруссия, аз Шимолу-шарқ бо Россия (вилояти Каленинград) ҳамсарҳад мебошад.

  Заминаш ҳамвор буда, иқлимаш мӯътадили континенталӣ мебошад. Ҳарорати моҳи января аз  −1 то −5 °C, ҳарорати моҳи июл аз 17-19 °C -ро ташкил медиҳад. Ҳисоби миёнаи боришот бошад 500-800 мм-ро ташкил медиҳад. Полша аз  канданиҳои фоиданоки ангишт, гази табиӣ, сулфур, намаки ош, мис, руҳ ва қаҳрабо бой аст.  99,7% дарёҳои Полша ба ҳавзаи баҳри Балтика тааллуқ дорад.  Висла ва Одра дарёҳои калонтарин, Ханча ва Езерак кӯлҳои калонтарини  Полша ба ҳисоб мераванд. [1]

Соли 1025 шоҳигарии Полша таъсис дода шуда, соли  1569 бо шоҳигарии бузурги Литва якҷоя карда мешавад. Соли 1795 ҳудуди ҳозираи Полша байни Россия, Австрия ва Пруссия тақсим карда мешавад. Баъди Ҷанги Якуми Ҷаҳон соли 1918 Полша истиқлолият ба даст меорад. Соли 1939 ҳудуди Полша аз тарафи Германия забт карда мешавад, ки баъди мағлуб шудани  Германия дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аз нав озод мегардад.

  Аҳолии Полша соли 2003-ум 38,6 млн нафарро ташкил медод, ки ҳоло ба 38 484 000 нафар  расидааст. Аз ин  миқдор 98,5 % -ро полякҳо ташкил медиҳад. Дар Полша инчунин украинҳо, белорусҳо ва италиягиҳо зиндагӣ мекунанд. Коэффисенти таваллуд 10%0 ва фавт 9%0-ро ташкил медиҳад. Ба 1 зан 1,3 фарзанд рост меояд. Аҳолии то 15 сола 18% ва аҳолии аз 64 сола боло 13% аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд.  Мардҳо 51%, занҳо бошад 49% аҳолии Полшаро ташкил медиҳанд. 94% аҳолӣ ба дини насронӣ эътиқод доранд. Ҳисоби миёнаи дарозумрӣ   70-78 сол буда, ММД ба ҳар сари аҳолӣ  9370 доллари ИМА-ро ташкил мекунад. 

  Дар натиҷаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон зиёда аз 6 млн нафар, яъне 22% аҳолӣ кам шуда, дар таркиби ҷинсии аҳолӣ тағйироти куллӣ ба амал омад. Баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар ҷойгиршавии аҳолии Полша муҳоҷирати дохилӣ таъсири зиёд расонид.  Дараҷаи урбанизатсия  суръати баланд дошта, ҳоло 63% аҳолӣ дар шаҳр истиқомат мекунанд.   Шаҳрҳои калонтарини Полша ин Варшава (1,6 млн нафар), Лодз  (818 000 нафар), Краков, Врослав, Познан, Гданск ва Шесин ба ҳисоб мераванд.  Аз нуқтаи назари маъмуриву сиёсӣ ҳудуди Полша ба 16 воевод ҷудо мешавад.

   Дар натиҷаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон  Полша зиёда аз 45% боигарии миллии худро аз даст дод. Чунки тамоми соҳаҳои иқтисодии мамлакат фалаҷ шуда буданд.

   Ягона тағйироте, ки баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ  дар  таркиби соҳаҳои саноати Полша ба вуҷуд омад ин зиёд гардидани ҳиссаи саноати мошинасозӣ ва химия буд. Дар Полша   корхонаҳои саноатӣ дар ҳудудҳои муайян ҷой дода шудаанд.

   Полша аз ҷиҳати захираи силитсӣ, сулфур ва ангиштсанг дар Европаи хориҷӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад. Масалан, аз ҷиҳати истихроҷи ангиштсанг дар ҷои 4, аз ҷиҳати ба ҳар сари аҳолӣ истихроҷ намудани ангишт бошад  дар ҷои 1-ум меистад. Аз ҷиҳати захираи ангишти сиёҳтоб, намаки ош ва полиметаллҳо низ дар Европаи Хориҷӣ пешсаф аст. Лекин дар ҳудуди Полша захираи нефт, маъдани оҳан ва фосфорит кам аст.

Соҳаҳои асосии саноати Полша энергетика, мошинасозӣ, химия, металлургияи ранга ва сиёҳ, сабук ва масолеҳи сохтмонӣ ба ҳисоб мераванд. [2]

   Асоси  соҳаи энергетикаи Полшаро истихроҷи  ангиштсанг ва ангишти сиёҳтоб ташкил медиҳад. Истихроҷи ангишт асосан дар ҳавзаи Силезияи Болоӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Силезияи Болоӣ ангишт ҳам барои нерӯгоҳҳо ҳам барои корхонаҳои коксу-химия  истихроҷ карда мешавад.  Солҳои охир азхудкунии кони ангишти Луюблин, ки дар қисми шарқии Полша ҷойгир шудааст идома дорад.

   Эҳтиёҷоти ба нефт ва гази табиӣ доштаи худро бо роҳи аз давлатҳои ИДМ (роҳи қубурии “Дӯстӣ”) ворид намудани нефт ва газ қонеъ мегардонад.

  Саноати металлургияи сиёҳ дар асоси ашёи хоми аз хориҷа ворид карда шуда фаъолият мекунад. Маъдани оҳан аз ҳавзаи АМК ва Кривой Рог ворид карда мешавад. Корхонаҳои бузурги саноати металлургияи сиёҳи мамлакат дар Краков ва Котовисе ҷойгир шудаанд.

  Саноати мошинасозии Полша ба истеҳсоли мошина ва дастгоҳҳои дар саноати ангишт ва саноати химия истифодашаванда, дегҳои буғҷудокунанда, қатораҳои бор ва мусофиркаш,  киштиҳои баҳрӣ махсус гардонида шудааст. Корхонаҳои саноати мошинасозӣ асосан дар  Варшава, Познан, Врослав ва Гданск ҷойгир шудаанд. [1]

   Дар саноати химияи Полша як чанд сол пеш истеҳсоли нуриҳои минералӣ  соҳаи асосӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳоло дар асоси саноати химияи ангишт соҳаи химияи синтезӣ бо суръати баланд рушд ёфта истодааст. Корхонаҳои саноати химияи синтезӣ дар ҳавзаи Силезияи Болоӣ ҷойгир шудаанд. Корхонаҳои саноати нефту-химияи Полша дар атрофи роҳи қубурии “Дӯстӣ” ҷойгир шудааст. Саноати бофандагӣ дар ноҳияи Лодз хуб рушд ёфтааст.

  Қисми асосии мамлакат аз пастхамиҳо иборат аст. Зиёда аз 46% ҳудуди мамлакатро заминҳои шудгоршаванда ташкил медиҳанд. Растанипарварӣ соҳаи қадимаи мардуми Полша ба ҳисоб меравад. Дар Полша  ҷавдор ва картошка бештар кишт карда мешавад. Полша ¼ ҳиссаи ҳосили ҷавдор ва картошкаи тамоми ҷаҳонро медиҳад. Аз ҷиҳати ҷамъоварии ҳосили картошка ва ҷавдор баъди ИДМ дар ҷои 2-юм меистад.

  Кишти гандум ва лаблабуи қанд, тамоку низ хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳар сол зиёда аз 26 млн тонна ҳосил ҷамъоварӣ мекунад. Дар кишвар хоҷагии қишлоқ тарақӣ намуда, растанипарварӣ асоси онро ташкил медиҳад. Полша бузургтарин истеҳсолкунандаи лаблабуи ширин (14 млн тонн дар як сол) картошка ва карам ба ҳисоб меравад. Дар мамлакат кишти зағир, карам ва боғдорӣ низ  хуб ба роҳ монда шудааст.

  Аз чорводорӣ парвариши чорвои калони шохдор ва хукпарварӣ хубтар рушд ёфтааст.  Лекин   норасогии чарогоҳҳо ба рушди чорводорӣ таъсири манфӣ мерасонад. 13% ҳудуди мамлакатро чарогоҳҳо ташкил мекунад. 

  Нақлиёти роҳи оҳан  яке аз навъҳои асосии нақлиёт ба ҳисоб меравад. Дарозии роҳи оҳан дар Полша 27 000 км-ро ташкил медиҳад. Аз ҷиҳати гардиши бор бо воситаи нақлиёти роҳи оҳан Полша дар Европаи Хориҷӣ ҷои якумро ишғол мекунад. Бо воситаи роҳи оҳан бештар ангиштсанг ва маъдани оҳан кашонида мешавад.  

         Савдои хориҷа асосан бо давлатҳои ҳамсарҳад хуб ба роҳ монда шудааст. Полша бештар мошина ва дастгоҳ, киштиҳои баҳрӣ, ангиштсанг, мис, сулфур, маҳсулотҳои саноати бофандагӣ,  карам ва картошка содирот намуда, маъдани оҳан, нефт ва газ воридот мекунад. Асъори миллиаш злота ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намуд, ки бастани созишномаҳои гуногунмазмуи ҳамкории дуҷонибаи кишари мо дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа бо кишварҳои Аврупо, аз ҷумла давлати Польша яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Полша 11 феврали 1992 ба тарви расмӣ оғоз гардид. То имрӯз пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатии тарафайн зиёда аз 15 созишномаро дар бар мегирад, ки ин созишномаҳо дарбаргирандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии тарафайн ба ҳисоб меравад ва дар ҳаёт татбиқ намудан ва амалишавии мундариҷаи он ба манфиати ду давлат мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст. ки дар аксар масъалаҳои минтақавӣ Польша ҳамчун кишвари ташаббускор ва фаъол ширкат меварзад ва дар якҷоягӣ бо кишварҳои аъзои иттиҳоди Аврупо барои пешгирии ҳама гуна ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти минтақа ва ҷаҳон, раванди ҳамгироии минтақавӣ ширкати фаъолона дошта дар минбаъда чунин сиёсатро пайгирӣ менамояд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш ва татбиқи баъзе таҷрибаҳои бою натиҷаовари Польша дар самти иқтисодиёт аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Пояи иқтисодӣ ва ҷуғрофии Ҷумҳурии Полша дар замони ҳозира нисбат ба кишварҳои дигари аврупоӣ дар марҳилаи баланди рушд қарор надошта  бошад ҳам, вале дар баланд бардоштани шароити иқтисодии ин давлат ва ба талаботи ҷаҳони имруза рушд додани он роҳҳо ва воситаҳои муаяйн ҷустуҷу шуда, қарорҳои дахлдор қабул шуда истодааст. Мавқеи ҷуғрофии Польша барои рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа имкониятҳои зиёдеро фароҳам овардааст.

 

Пайнавишт

  1. Польша: география, история, культура. Państwowe Wydawn.
  2. Пособие «Экономика зарубежных стран», автор: Дякин. Б. Г. Информация использована для глав «Экономика», «Энергетика», «Сельское хозяйство», «Лесные и рыбные ресурсы».
  3. https://ru.wikipedia.org/wiki// (санаи муроҷиат 12.01.2021).

4.https://www.orangesmile.com/common/ (санаи муроҷиат 08.01.2021).

 

 

Юсуфӣ Фарзона,

ходими хурди илмии шуъбаи Амрикову Аврупо

 

 

 

[1] Пособие «Экономика зарубежных стран», автор: Дякин. Б. Г. Информация использована для глав «Экономика», «Энергетика», «Сельское хозяйство», «Лесные и рыбные ресурсы».

 
http://www.zoofirma.ru/