wrapper

Хабарҳо

Адабиёти форсу тоҷик ва араб аз бонуфузтарин ва машҳуртарин адабиёти дунё ба ҳисоб рафта, собиқаи зиёди таърихӣ доранд. Махсусан дар асрҳои миёна робита ва ба ҳам таъсиррасонии забони тоҷикӣ-форсӣ ва забони арабӣ марҳилаи тӯлонии таърихи асримиёнагии Мовароуннаҳру Хуросонро фаро гирифта, қариб ҳамаи суханварони адабиёти классикии форсу тоҷик ашъору осори худро бо ду забон, яъне бо забони форсӣ ва арабӣ эҷод намудаанд.
Аммо дар ду қарни сукут (асрҳои VIII – IX) аз сабаби ҳукмрон будани забони арабӣ дар соҳаи илму адаб дар кишварҳои фавқуззикр шоирону нависандагон забони форсиро ба нудрат истифода мебурданд. Маҳз дар ҳамин қарнҳо як қатор шоирони форсинажоде пайдо шуданд, ки осори худро бо забони арабӣ таълиф намудаанд. Масалан, Исмоил ибни Ясор, Мусо Шаҳавот, Башшор ибни Бурд, Абӯнувос, ал- Хуреймӣ ва дигарон дар ин масир қарор доранд [5, с.21].
Ҳамчунин, якчанд шоирони эрониасл ба монанди Йазид ибни Муфарриғ, Абулйанбағӣ Аббос ибни Тарҳон, Асвад ибни Абукарима ва дигарон дар асрҳои VIII – IX ашъорашонро бо ду забон, яъне бо арабӣ ва форсӣ эҷод намудаанд [5,22-23].
Дар асри X аз устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сар карда, дигар шоирон низ ба навиштани шеърҳои форсӣ шурӯъ намуданд, масалан, Муҳаммад ибни Васиф, Бассоми Курд, Муҳаммад ибни Мухаллад ва дигарон. Аммо барои баъзе шоирон амсоли Бадеъу-з-замон ал- Ҳамадонӣ, Абулфатҳ ал- Бустӣ ва якчанд шоирони дигар забони асосии таълиф арабӣ маҳсуб меёфт ва забони форсӣ дар мадди дувум меистод. [5, 24 - 25]
 Ин дузабонӣ замина шуд, ки равобити фарҳангиву адабиву сиёсии форсинажоду араб маҳз дар ин давра, яъне дар асрҳои миёна тараққӣ кунад. Бо паҳншавии дини мубини ислом таъсири Қуръону аҳодиси набавӣ дар шеъри форсӣ зуҳур намуд.
Барои арабшиносон ва пажӯҳишгарони ин соҳа возеҳ аст, ки якчанд муҳаққиқони тоҷик ва хориҷӣ дар масъалаи равобити адабии Арабу Аҷам тадқиқоти пурарзише намудаанд.
Дар мақолаи мазкур муаллиф қарор дод роҷеъ ба тадқиқотҳои яке аз пажӯҳишгарони номвари муосир, ки равобити адабии Арабу Аҷамро тадқиқот намуда, ҷанбаҳои норӯшани ин масоилро ошкор кардааст, маълумот диҳад.
 Дар миёни ин муҳаққиқон метавон арабшиноси маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Тоҷиддин Мардонӣ, ки номашро на танҳо дар саросари кишвар, балки берун аз марз ҳам мешиносанд, ном бурд. Мавсуф соли 1986 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Пайдоиш ва инкишофи анъанаи дузабонии арабӣ - тоҷикӣ дар назми асрҳои IX-X” дифоъ намудааст ва ин рисола соли 1993 дар шакли монография бо номи “Арабско- таджикское двуязычие в поэзии IX-X веков” аз чоп баромад. Инчунин, ин муҳаққиқи дақиқназар соли 2006 рисолаи докториашро таҳти унвони “Таъсири шеъри арабӣ ба эҷодиёти шоирони форсу тоҷики асри XI-XII” дифоъ кард. Ба қарибӣ, яъне соли 2020, Академияи миллии илмҳои ҶТ монографияи нави устод Т. Мардониро бо забони русӣ таҳти унвони “Таъсири назми арабӣ ба эҷодиёти шоирони форсу тоҷики асрҳои XI-XII” (“Влияние арабской поэзии на творчество персидско - таджикских поэтов XI-XII веков”) аз чоп баровард, ки бешак, китоби мазкур дорои арзиши бузург мебошад. Устод Т. Мардонӣ дар ин монография осори арабизабони шоирони форсу тоҷик: Абуалӣ ибни Сино, Абдулвосии Ҷабалӣ, Умари Хайём, Ато ибни Яъқуб, Сайид Ҳасани Ғазнавӣ ва дигаронро ба риштаи таҳқиқ кашидааст.
Донишманди мазкур қабл аз он ки осори шоирони фавқуззикрро таҳқиқу баррасӣ намояд, дар муқаддимаи рисолааш сараввал муҳаққиқонеро, ки роҷеъ ба адабиёти дузабонаи форсиву арабӣ тадқиқотҳои шоиста анҷом додаанд, якояк баршуморидааст: Масалан, “ Г.Эте, дар “Таърихи адабиёти форсӣ” - и худ чунин иброз доштааст, ки қариб ҳамаи шоирони давраи Саффориён ва Сомониён дар ҳарду забон осори худро эҷод мекарданд, яъне ҳам дар форсӣ ва ҳам дар арабӣ моҳир буданд.”- нигоштааст устод Мардонӣ. [5.7]
Лозим ба таъкид аст, ки устод Т. Мардонӣ тадқиқоти олими эронӣ Забиҳуллоҳи Сафо “Таърихи адабиёт дар Ирон”- ро мавриди диққати хеш қарор додааст. З. Сафо дар ин китоб осори якчанд шоирони форсизабонеро пажӯҳиш намудааст, ки баъзе аз шуарои араб ба эҷодиёти онон каму беш таъсир расонидаанд. Ҳамчунин, устод Т. Мардонӣ тадқиқоти А. Зарринкӯб, Э. Браун, Ян Рипкаро мисол овардааст, ки ин олимон низ дар риштаи адабиёти дузабона пажӯҳишоти назаррас намудаанд. “Яке аз тадқиқотҳои муҳиме, ки дар ин ҷода шудааст”- навиштааст, профессор Т. Мардонӣ - “роҷеъ ба зиндагинома ва осори сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, ки муҳаққиқи эронӣ С. Нафисӣ анҷом додааст. Мақсади асосии олими мазкур аслан таҳқиқи таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти форсизабонони давраи Рӯдакӣ набудааст, вале бо вуҷуди ин ӯ дар чандин манобеъ ба дузабона будани шоирони ҳамзабони Рӯдакӣ ишора намудааст." [5.7]
Зикри ин нукта низ бамаврид аст, ки муаллиф якчанд олимони давраи шӯравӣ ба амсоли Е.Э. Бертелс, И.С. Брагинский, А.М. Мирзоев, М.Н. Усмонов ва дигаронро ном бурдааст, ки оид ба билингвизми шоирони форсизабону арабизабон тадқиқот бурдаанд.
Монографияи устод Т. Мардонӣ “ Влияние арабской поэзии на творчество персидско - таджикских поэтов XI-XII веков” аз муқаддима, чор боб ва хулоса иборат аст:
 Боби аввал: “Таъсири шеъри арабӣ ба эҷодиёти Абуалӣ ибни Сино”.
Боби дуввум: “Носири Хусрав ва адабиёти арабизабон”.
Боби саввум: “Масъуди Саъди Салмон – шоири дузабона”.
Боби чаҳорум: “Умари Хайём ва дигар шоирони дузабона”.
 Бобҳои аввалу дуюму сеюм аз се фасл иборат мебошанд, аммо боби чорум панҷ фаслро дар бар гирифтааст. Дар боби чаҳорум муҳаққиқ ба ғайр аз осори Умари Хайём осори дигар шоирони дузабона ба амсоли Ато ибни Яъқуб, Абдулвасӣ Ҷабалӣ, Сайид Ҳасани Ғазнавӣ, Заҳири Форёбӣ ва дигаронро низ таҳқиқу баррасӣ намудааст. Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки устод Т. Мардонӣ дар боби чоруми монография дар бобати Носири Хусрав мақолаҳои пурмӯҳтаво навишта, як бозёфти аҷибе дар риштаи адабиётшиносӣ анҷом додааст. Ин муҳаққиқи пуркор байти машҳури Носири Хусрав “Он тирачашм шоири равшанбин” –ро, ки муҳаққиқони тоҷик ва аҷнабӣ ишора ба Рӯдакӣ намудаанд, рад карда, далелҳои рӯшан овардааст, ки ин “шоири равшанбини тирачашм” устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ набуда, балки шоир ва файласуфи нобинои араб Абулало ал – Мааррӣ (973-1058) мебошад.
“Чуноне, ки худи Носири Хусрав дар “Сафарнома”-аш менависад: “ ӯ аз Алеппо берун мешавад ва якчанд шаҳрро убур карда, ба шаҳри Маъаррат ан –Нуъмон мерасад: “Як марди нобиное раиси шаҳр буд, ки номи ӯ Абулало ал-Мааррӣ буд...” [5, 183]
Монографияи дигари устод Т. Мардонӣ “Арабско – таджикское двуязычие в поэзии IX – X вв”, ки соли 1993 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст, чи тавре ки дар боло зикр карда шуд, рисолаи номзадии устод мебошад.
Китоби мазкур аз муқаддима, се боб ва хулоса иборат аст. Дар боби аввал сухан роҷеъ ба таърих ва пайдоиши дузабонии форсӣ –арабӣ меравад. Боби дуввум таҳти унвони “Дузабонӣ дар шеъри форсӣ – тоҷикӣ то асри X” мебошад, ки аз ду фасл иборат аст. Фасли аввал масоили марбут ба таъсири мутақобилаи забонҳо ва унсурҳои дузабонӣ дар ашъори шоирони эронинажодро дар бар гирифтааст. Муаллиф дар фасли дуввуми китоб эҷодиёти шоирони дузабонаи асри IX – ро дар меҳвари пажӯҳиш қарор додааст. Дар боби севвум “Дузабонӣ дар шеъри форсӣ – тоҷикӣ дар асри X”, масъалаҳои “Шеъри дузабонаии Эрони Ғарбӣ” ва “Шоирони дузабонаи Хуросон ва Мовароунаҳр” инъикос ёфтаанд.
Устод Т. Мардонӣ дар китоби мазкур бештар роҷеъ ба дузабонӣ дар осори шоирони бузург ба амсоли Абӯабдуллоҳи Рудакӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Умари Хайём, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ибни Йамин, Шаҳиди Балхӣ, Хусрави Сарахсӣ, Абулфазл ас-Суккари ал-Марвазӣ ва чандин шоирони дигар тадқиқот бурдааст. Бидуни тардид, ин китоб яке аз сарчашмаҳои муҳими илмӣ ба ҳисоб меравад ва олими пуркор устод Т. Мардонӣ чандин саҳифаҳои нави ноомӯхтаи адабиёти асрҳои миёнаи форсу тоҷикро барои шарқшиносону пажӯҳишгарон боз намудааст.
Дар ин замина мақолаи арабшиноси дигари номвари ҶТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ғаффорова Умедахон дар маҷаллаи “Оинаи пажӯҳишгоҳ” бо номи “Корномањои пажӯњишӣ дар љодаи пайвандњои адабии арабу аљам” чоп шудааст, ки ӯ дар ин мақола перомуни чаҳор рисолаи профессор Т. Мардонӣ таҳти унвонҳои «Носири Хусрав ва фарҳанги арабизабон», «Ашъори Ибни Сино дар забони арабӣ», «Масъуди Саъди Салмон» ва «Равобити адабии арабиву тоҷикӣ» маълумоти муфассал дода, мавзӯоти китобҳои зикршуда матраҳшударо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Ҳамчунин, устод У. Ғаффорова ҷанбаҳои илмӣ ва арзиши адабии ин рисолаҳоро моҳирона нишон дода, дар мавриди хидматҳои устод Т. Мардонӣ дар таҳқиқи робитаҳои адабии Арабу Аҷам чунин навиштааст: “Мавзӯи баҳси равобити адабии Арабу Аҷам низ дар меҳвари таҳқиқоти олим қарор дорад. Муҳаққиқ ба ин масъала низ аз оғоз то имрӯз таваҷҷуҳ намуда, ба ин васила сайри таърихии таҳаввули равобити адабии ҳар ду қавмро ба муомилаи баррасиҳои илмии хеш кашидааст. [ 1. 205-210]
Зикр кардан бамаврид аст, ки устод У. Ғаффорова дар мақолаи хеш оид ба яке аз китобҳои устод Т. Мардонӣ бо номи “Арабско –таджикские литературные связи” История и современность; Душанбе-2006) чунин ибрози назар намудааст:
“Махсусан, китоби «Равобити адабии арабиву тоҷикӣ» аз чандин ҷиҳат қобили тааммул ва таваҷҷуҳи махсус аст. Вобаста ба муҳтавиёт ва усули танзими мақолаҳо дар асар онро метавон як навъ таърихчаи равобити адабии арабиву тоҷикӣ номзад кард. Зеро масъалагузорӣ дар асар аз баҳси мақоми аъроб дар дарбори Сосониён оғоз гардида, то ба ашъори арабии шоирони муосир ва таъсири забон ва фарҳанги арабӣ дар осори адибони имрӯз мерасад.” [1. 205-210]
Дар ҳақиқат, китоби профессор Т. Мардонӣ “Равобити адабии арабиву тоҷикӣ” имрӯз барои арабшиносону муҳаққиқон яке аз китобҳои серхонандатарин маҳсуб меёбад. Муаллиф дар китоби мазкур ба таҳқиқи осори арабизабони шоирони классикии тоҷик ба амсоли Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Шаҳидӣ Балхӣ, Заҳири Форёбӣ, Закариёи Қазвинӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, тарҷумаи арабии осори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ пардохтааст.
Ҳамчунин барои шарқшиносон ва хосса, омӯзандагони забони арабӣ дастрас шудани китоби пурарзиши устод Т. Мардонӣ “Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам” низ падидаи саодатбахш мебошад. Зеро ин китоб маҷмӯаи мақолаҳои илмиро фаро гирифта, саҳифаҳои ҷадидеро аз таърихи равобити адабиву фарҳангии форсу тоҷик ва араб боз намудааст. Дар пешгуфтори китоб устод Аҳмад Хоҷизодаи Мадрушкатӣ чунин навиштааст: “Як қисми мақолаҳо ба тадқиқи мероси адибони арабизабони форсу тоҷик, шӯҳрати осори шуарои асрҳои миёнаи форсу тоҷик миёни арабҳо, муносибати бузургони илму адаб ба забон ва шеъри арабӣ ва ғайра бахшида шудааст. Қисми дигар лаҳзаҳое аз робитаҳои фарҳангию адабии тоҷику арабро дар замони муосир тасвир менамояд, симои ду олими ироншиноси арабро, ки дар омӯзиш ва таҳкими ин робитаҳо саҳми назаррасе гузоштаанд, нишон медиҳад”. [ 7.1]
Бояд гуфт, ки устод Т. Мардонӣ дар китоби зикршуда роҷеъ ба адабиёти муосири тоҷик дар кишварҳои арабӣ, арабҳо дар осори устод Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода дар ҷаҳони араб, тадқиқи забони тоҷикӣ дар Ироқ, сабақҳои доктори адабиётшиноси ироқӣ Муҳаммад Алтунҷӣ ва олими ироншиноси араб аз Бейрут доктор Виктор Юсуф ал-Кик мақолаҳои арзишманд навишта, саҳми онҳоро дар таҳқиқи равобити адабии ду халқ – форсу тоҷик ва араб нишон додааст.
Китоби дигаре, ки устод Т. Мардонӣ таълиф намудааст, бахшида ба 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Ақвоми Шарқ дар осори Садриддин Айнӣ” мебошад. Дар ин китоб сухан оид ба ошноии устод Айнӣ бо забон ва фарҳанги арабҳо ва дигар халқҳои Ховарзамин меравад.
Ҳамзамон, профессор Ғаффорова У.А. перомуни ин масоил чунин нигоштааст: “Мулоҳизаҳои муҳаққиқ роҷеъ ба тарҷумаҳои осори устод Айнӣ ба забони арабӣ, аз ҷумла тарҷумаи “Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам”, “Марги судхӯр” ва гунаи мӯҷази “Ёддоштҳо” низ дорои аҳамияти муҳими илмӣ буда, аз тарғиб ва ривоҷи осори бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик дар кишварҳои арабӣ барои мо паём мерасонанд. Ин ҷо низ дар баробари таҳқиқоти анҷомёфтаи судманд боз мо ба фаъолияти назаррас ва шоёни тарҷумонии устод Тоҷиддин Мардонӣ рӯ ба рӯ мешавем, ки мақолаи донишманди ироқӣ Ҷалолуддин Камолиддинро бо номи “Садриддин Айнӣ” аз забони арабӣ тарҷума намудааст.” .”[1. 205-210]
Шарқшиноси маъруф, профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ низ дар ин маврид фикрҳои хешро иброз дошта ва дар пешгуфтори китоби зайл (Ақвоми Шарқ дар осори Садриддин Айнӣ) чунин навиштааст: “Аз бозёфтҳои адабиётшиносии Т. Мардонӣ дар ин росто пайдо кардани айниятҳо ва мавзӯҳои муштарак дар адабиёти тоҷик ва пеш аз ҳама дар симои эҷодиёти устод Айнӣ ва нависандагони машҳури араб Тоҳо Ҳусайн, Халил Мутрон, Ҷамил Сидқӣ аз – Заҳовӣ, Маъруф ар – Русофӣ, Аҳмад Шавқӣ, Ҳофиз Иброҳим ва дигарон аст.” [6. 6-7]
Ҳамчунин, ба қалами устод Т. Мардонӣ китоби “Слово об Абуали Ибн Сина. Исследование и переводы» мутааллиқ аст. Ин китоб аз ду қисм иборат аст: қисми аввал аз рисолаҳои Абуали ибн Сино иборат мебошад, ки Т. Мардонӣ онҳоро аз забони арабӣ ба забони русӣ тарҷума намудааст. Масалан: “Сводная книга или Арузиева мудрость о понятиях книги “Риторика”, “Сводная книга или Арузиева мудрость о понятиях книги “Поэтика”, “Трактат о политике”, “Трактат об этике” ва ғ. Қисми дуввум бошад, тадқиқотҳои муаллиф оид ба шеърҳои арабии Ибни Сино, фаъолият ва зиндагии Сино, Ибни Сино ва рисолаи ӯ дар бораи сиёсатро дар бар гирифтааст. Қобили қайд аст, устод Т. Мардонӣ мақолаҳои олимони Эрон ба амсоли Муҳаммадризо Шафеиии Кадканӣ, Маҳдии Муҳаббатӣ, Заррини Воридӣ ва дигаронро, ки роҷеъ ба осори Ибни Сино мақолаҳои илмӣ навиштаанд, ба хатти кириллӣ баргардон намуда, як қатор мақолаҳои олимони арабро низ аз қабили Абдурраҳмон Бадавӣ, Алиасғар Ҳикмат, Али Иброҳим Мансур, Муҳаммадтақӣ ал –Қумӣ ва дигаронро аз забони арабӣ ба забони русӣ тарҷума намудааст.
Бояд таъкид кард, ки устод Т. Мардонӣ раиси Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон - мамлакатҳои Араб” буда, сарходими илмӣ ва раиси бахши арабшиносии Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳамчунин, устод Т. Мардонӣ аввалин муҳаққиқе мебошад, ки дар Тоҷикистон адабиёти арабизабони форсу тоҷикро таҳқиқ намуда, асосгузори мактаби адабиёти татбиқӣ – муқоисавии филологияи араб дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Зимнан, яке аз шогирдони беҳтарини устод Т. Мардонӣ номзади илмҳои филологӣ Субҳиддин Зиёев низ мақолае оид ба рӯзгор ва осори устод Т. Мардонӣ таълиф кардааст. Зиёев С.Н. мақолаҳои илмии устод Т.М.-ро якояк баршуморида, дар мавриди тарҷумаҳои эшон дар мақолааш чунин нигоштааст: “Устод Т. Мардонӣ ҳамчунин як қатор асарҳои машҳури Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакри Розӣ, Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ ва дигаронро аз арабӣ ба русӣ тарҷума ва чоп намуда, зиёда аз дусаду панҷоҳ мақолаи илмӣ ба табъ расонидаанд”. [2.1]
Ҳамчунин, боз як шогирди дигари устод Т.Мардонӣ доктор PhD Одинаев А. дар конфронсе, ки санаи 25 - январи соли 2019 дар шаҳри Панҷакент таҳти унвони “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва фалсафаи шеъри ӯ” баргузор гардид, дар байни хориҷиён ва арабҳо бо забони арабӣ баромад намуд ва оид ба фаъолияти илмии якчанд муҳаққиқони номвари тоҷике, ки осори одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро таҳқиқ намудаанд, маълумот дода, аз ҷумла дар бораи профессор Т.Мардонӣ чунин гуфт: “Устод Т.Мардонӣ осори гузаштагони форсу араб ва тоҷикро таҳқиқ намуда, дурдонаҳои гаронбаҳои ашъори эшонро муқоисаву баррасӣ намуда, баҳри интишори маънии бикри инсонпарварона ва гуманистонаи бузургони аҷаму араб нақши боризе гузоштааст.” [12,1]
Суханро ба дарозо кашидан нашояд, чун хидматҳои устод Т. Мардонӣ барои тарвиҷи арабшиносӣ ва хосса, тадқиқи равобити адабиву фарҳангии халқи форсу тоҷик ва арабизабон беҳисоб аст.
Хулоса, ҳаҷми мақола камӣ мекунад, ки ҳар як китоберо, ки ба қалами устод Т. Мардонӣ мансуб аст, таҳлилу баррасӣ намоем. Муаллифи мақола кӯшиш намуд, ки танҳо мавриди якчанд китоби эшон ибрози назар намояд. Зеро масъалаи тадқиқоту фаъолияти илмии устод Т.Мардонӣ як рисолаи бузурги дигареро мемонад, ки бидуни тардид пажӯҳишгарон дар оянда онро хоҳанд навишт.
 
Пайнавишт
  1. Ѓаффорова У.А. “Корномањои пажӯњишӣ дар љодаи пайвандњои адабии арабу аљам” /Оинаи Пажӯњишгоњ. Фаслномаи илмї-адабї.-Хуљанд, 2019, с. 205-210.
  2. Зиёев С.Н. Олими арабшиноси тоҷик. www. Osiyoavrupo.tj
  3. Мардонӣ Т.Н. Арабско – таджикские литературные связи. История и современность (сборник статей). – Душанбе: «Ирфон», 2006.- 400стр.
  4. Мардонов.Т.Н. Арабско – таджикское двуязычие в поэзии IX-X вв. - Душанбе: «Маориф», 1993 г. – 164 стр.
  5. Мардонӣ Таджиддин Нуриддин. Влияние арабской поэзии на творчество персидско – таджикских поэтов XI-XII вв.- Душанбе: «Дониш», 2020 г. – 380 стр, стр. 7, 21, 22, 23, 24, 25, 183.
  6. Мардонӣ Т.Н. Ақвоми Шарқ дар осори Садриддин Айнӣ. Душанбе: Дониш. 2018.-110 с.
  7. Мардонӣ Т.Н. Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам.( Гузашта ва имрӯз). – Душанбе: «Ирфон», 2010. – 236 с.
  8. Мардони Т.Н. Масъуд Саъд Салман и арабская поэзия. Душанбе: Ирфон, 2006. -74стр.
  9. Мардонӣ Т.Н. Слово об Абуали ибн Сина. Исследования и переводы – Душанбе: «Дониш», 2018 г, - 376 стр.
  10. Мардонӣ. Т.Н. Насир Хусрав и арабоязычная культура. Душанбе: Пайванд, 2005. – 142стр.
  11. Мардонӣ. Т.Н. Рӯдакӣ ва адабиёти араб. Душанбе: Ирфон, 2010.- 236с.
  12. Одинаев А. “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва фалсафаи шеъри ӯ”, osiyoavrupo.tj.
 
Каримова Шоҳона,
ходими илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ
Последнее изменение Чоршанбе, 17 Феврал 2021
 
http://www.zoofirma.ru/