wrapper

   Соҳаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои манфиатовари иқтисодиёти ҷаҳон ва феномени иқтисодии асри ХХl эътироф гаштааст.
   Дар бештар кишварҳои аврупои туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамкориҳои нави Тоҷикистону Фаронса дар соҳаи туризм дар Душанбе рӯзи 06.01.2021 дар мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса Мишел Тарран баррасӣ шуданд.
   Дар вохӯрӣ оид ба рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи туризм мубодилаи афкор сурат гирифт. Сафири Фаронса ҳавасмандии кишварашро ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди соҳаҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии фарҳангию этнографӣ, кӯҳнавардӣ, варзишӣ ва гастрономӣ иброз дошт.Як қатор пешниҳодҳои муфид оид ба масъалаҳои мавриди суҳбат қарор гирифтанд.
   Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.Бо мақсади ба ҷараёни ҷаҳонии туризми байналмилалӣ шомил намудани Тоҷикистон, аз соли 2008 масъулини соҳаи туризм дар намоишгоҳҳои калонтарини сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳрҳои Берлин (Олмон), Токио (Япония) ва Лондон (Британияи Кабир) ва Москваи (Федератсияи Россия) баргузор мегарданд, иштирок ва муаррифӣ менамоянд. Дар натиҷа имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонии туристӣ ҳамчун кишвари дорои 4 пайраҳаи Шоҳроҳи абрешим эътироф гардидаст.

Баҳриддинзода Парвиз,
 ходими хурди илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиёв ва Аврупо
 
 
http://www.zoofirma.ru/