wrapper

Хабарҳо

   Ҷумҳурии Қазоқистон кишваре мебошад, ки аз аввалин лаҳзаҳои соҳибистиқлолии хеш тамоми ислоҳот ва дигаргунсозиҳои қобили иҷро, махсусан ба самти рушди модернизатсияи сохтори иҷтимоӣ-сиёсӣ нигаронида аст.
   Соли 2017 дар Паёми навбатии хеш ба халқи Қазоқистон Президенти вақти кишвар Нурсултон Назарбоев зикр намуд, ки Қазоқистон дар самти рушди иҷрошавии “Модернизатсияи сеюм” истодааст. Ҳамзамон раванди даврабандии модернизатсияи дарпешистодаро муайян намуда, таъкид кард, ки «давраи якуми модернизатсия ин аз нахустлаҳзаҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Қазоқистон, давраи дуюми он-аз оғози татбиқи стратегияи “Қазоқистон - 2030” ва давраи сеюм бошад, аз  худи ҳамин сол, яъне, аз соли 2017 сарчашма  хоҳад гирифт».
    Бояд зикр намуд, ки самтҳои асосии Стратегияи миллии рушди мамлакат  то соли 2050 чунин муайян шуданд:
   - самти нави сиёсати иқтисодӣ аз рӯи принсипи даромаднокӣ, даромад аз инвеститсияҳо, рақобатпазирӣ;
   - дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон, ки онҳо қувваи пешбарандаи  иқтисодиёти миллӣ мебошанд;
   - принсипи нави сиёсати иҷтимоӣ, кафолати иҷтимоӣ ва ҷавобгарии шахсӣ;
   - илм ва маҳорати касбӣ-самти калидии сохтори маорифи муосир;
   - мустаҳкам намудани давлатдорӣ ва рушди демократияи қазоқистонӣ;
   - пайдарҳамии сиёсати беруна-ба роҳ  мондани манфиатҳои миллӣ ва мустаҳкам намудани амнияти маҳал  дар шароити  глобалӣ;
   - ватандӯстии нави қазоқистонӣ-асоси муваффақияти ҷомеаи сермиллат ва бисёрмазҳабӣ.
   Дар маҷмўъ барои ҳар як давра механизмҳои танзим ва мутобиқшавӣ ба шароитҳои тағйирёбанда хос аст. Бар замми ин мақсади калидии сиёсати давлатӣ бетағйир монд, ки он ислоҳот ва модернизатсияи иқтисодиёт мебошад.
   Хусусияти хоси марњилаи аввали модернизатсия-ин давраи гузариш аз иқтисодиёти нақшавӣ ба бозоргонӣ аст, ки  таҳаввулоти батадриҷии сохтори сиёсӣ-иҷтимоии Қазоқистонро дар бар мегирад. Натиҷагирии ниҳоии ин давра -  қабули ду Конститутсия: Конститутсияи  солҳои 1993 ва баъдтар, соли 1995 мебошад. Дар натиҷа, принсипи тақсимоти ҳокимият қонунӣ гардонида шуда, барои гуногунии сиёсӣ: бисёрҳизбӣ, баланд бардоштани фаъолнокии шаҳрвандӣ заминаи муайян гузошта шуд. Дар қисми иқтисодиёт бошад, сохтори нави молиявӣ рушду ташаккул ёфта, пули миллӣ - “танга” ба муомилот бароварда шуд. Дар сохтори нафту газ низ  инвеститсияҳои нахустин ҷалб гардиданд, ки дар натиљаи он хусусигардонии қариб 15 ҳазор корхона ба вуқӯъ пайваст. Ҳамаи ин дар шароити ноустувории давраи иқтисодӣ-иҷтимоӣ татбиқ гардид. Хулосаи модернизатсияи аввалин, пеш аз ҳама, созмон додани ниҳодҳои нави сиёсӣ ба монанди институти президентӣ, парламент, сохторҳои ҳизбӣ буд. Илова бар ин гурӯҳҳои нави иҷтимоӣ аз қабили соҳибкорон ташаккул ёфтанд.
   Талабот ба васеъшавии ҳаҷми банақшагирии стратегӣ ва гузаштан ба иқтисодиёти бозаргонӣ, таъмини суботи сиёсӣ-иқтисодӣ ба модернизатсияи даври дуюми кишвар оварда расонд.
   Ҳамин тариқ, стратегияи рушди “Қазоқистон-2030” қабул гардид, ки оғози он ба кўчонидани пойтахт аз Алма-ато ба Остона рост омад. Стратегияи мазкур яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими консептуалии ворид гардидани кишвар ба перспективаи дарозмуддат гардид. Дар навбати аввал ин ҳуҷҷат ислоҳотро оид ба самти мустаҳкамии гузаштан аз як сохтори арзишӣ: гурӯҳӣ-маъмурӣ ва давлатӣ ба дигар муҳити бозаргонӣ ва рақобатро дар худ таҷассум менамуд.
   Маҳз дар ҳамин давра тезисҳо оид ба зарурияти синхронӣ гузаронидани модернизатсияи иқтисодӣ-иҷтимоӣ нақши калидӣ бозиданд, ки моҳияти он дар мақолаи барномавии президенти кишвар Нурсултон Назарбоев зери унвони “Модернизатсияи иҷтимоии Қазоқистон: бист қадам ба ҷомеаи меҳнати умумибашарӣ” равшан инъикос ёфтаанд.
   Моҳияти модернизатсияи ин давра дар мустаҳкамкунии амалии муносибат ба рушди арзишҳои ҷомеа, ба монанди ҳамкорӣ, ҳавасмандкунӣ, решакан намудани ҳисси муфтхўрӣ мебошад. Мақолаи мазкур дар самти модернизатсияи иҷтимоии кишвар ҷаҳиши арзишманде буд, ки то ҳанӯз идома дорад. Ҳамзамон, дар давраи дуюми модернизатсия, ки моҳи декабри соли 2012 эълон гардида буд, стратегияи нави инкишофи “Қазоқистон - 2050” эълон карда шуд ва ин ҳолат сабаби  пеш аз мўҳлат иҷро шудани њадафњои дар “Стратегияи  2030” таҷассумёфта гардид.
   Мантиқист, ки “Қазоқистон - 2050”  идомадиҳандаи консептуалии барномаи пешин, яъне “Стратегияи 2030” буд. Ҳар ду ҳуҷҷат низ аз 7 самти афзалиятноки рушд иборат мебошанд. Лекин як фарқияти муҳим дар мазмуни онҳо ҷой дорад, ки  ин, дар навбати аввал, маҳсули реалии ҷомеаи қазоқистонӣ ва вазъи нави глобалӣ, тасҳеҳи (ислоҳи) мубрам ва ташаккули парадигмаи модернизатсияи нав мебошад.
   Дар стратегияи “Қазоқистон-2030” яке аз масъалаҳои муҳим-ин масоили амнияти миллӣ буд, ки вазифаи  аввалиндараҷаи он  ҳифзи ягонагии ҳудуди кишвар мебошад. Муайян намудани сарҳади аниқи давлат барои пешгирии баҳсу мунозираҳои ҳудудӣ дар оянда ва нигоҳдошти оромии дохилӣ - сиёсии кишвар муҳим ва зарур буд.
   Дар навбати худ стратегияи “Қазоқистон-2050” масъалаҳои амнияти миллиро тавассути мустаҳкамкунии ҳамбастагии маҳалҳо ва интегратсияи иқтисодиро дар бар мегирад.
   Ҳадафҳои  сиёсӣ-иҷтимоии ин кишвар алҳол, мустаҳкам намудани амният дар Осиёи Марказӣ ва барқарор намудани ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақа мебошад. Стратегияи “Қазоқистон-2050” муносибати дӯстонаро бо ҳамсоякишварҳо ва ҳамзамон мустаҳкамкунии алоқаҳоро бо мамлакатҳои пешбаранда васею мушаххас менамояд. Илова бар ин, ҳуҷҷатҳои стратегӣ мубрамияти Қазоқистонро дар муносибатҳои бисёрҷабҳа дар сиёсати беруна ҳамчун қисми амнияти миллӣ ба роҳ мемонад.
   Бояд зикр намуд, ки аз ҳафт афзалиятҳои дар стратегияи “Қазоқистон-2030” таснифгардида, танҳо сетояш новобаста ба рушди иқтисодиёти кишвар алоқаманд мебошад. Қабули ин ҳуҷҷат дар замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки давлат дар вазъияти вазнину сангини молиявӣ-иқтисодӣ қарор дошт, ки ин соли 1997 буд. Махсусан, бо ҳамин сабаб ҳукумат бо мақсади рушди иқтисодиёт ба модели кушоди бозоргонӣ гузаштан, зиёд намудани истихроҷи саноатии  нафту газ, модернизатсияи инфрасохтор дар соҳаи рушди нақлиёт ва алоқаро ба роҳ монд. Дар стратегияи “Қазоқистон-2030” ҳукумати кишвар дар навбати худ кўшиш кард, ки ба масоили рушди иқтисодиёт тавассути консепсияи фарогири прагматизми иқтисодӣ аз диду нигоњи  ҷадид назар афканад. Барои татбиқи ин ҳадаф, яъне, модернизатсияи сиёсати интихоби кадрҳо, рушди буҷа, сохтори пулӣ-кредитӣ, роҳбарӣ ба қарзҳои давлатию берунидавлатӣ ба роҳ монда шуд.
  Ҷанбаи дигари муҳим дар самти рушди иқтисодиёт-дастгирии ҳаматарафаи соҳибкорон мебошад, ки он мавқеи хешро аз нахустлаҳзаҳои ташаккул додани  қишри нави иҷтимоӣ  гузоштааст.
   Стартегияи “Қазоқистон-2030” барои бартараф намудани бӯҳрони иқтисодӣ дар Қазоқистон ва баланд бардоштани сатҳи  некўаҳволии мардум, ворид гардидани кишвар ба шумори 50 кишвари рақобатпазири сатҳи ҷаҳонӣ шомил гардидан аст. Мақсаду маром, ҳадафи рушди иқтисодии дар стратегияи “Қазоқистон-2050” гузошташуда, барои ворид гардидани кишвар ба қатори 30 мамлакати тараққиёфта нигаронда шудааст. Татбиқу иҷрои ин ҳадаф хислати дарозмуддат дорад ва ба диверсификатсияи иқтисодӣ ва  побарҷоии он нигаронида шудааст. Дар татбиқи ин барнома рушди инфрасохтории “Нурлы жол” барои солҳои 2015 - 2019 нақши бағоят муҳимро иҷро мекунад. Ин барнома имкон дод, ки дар рушди инфрасохтори Қазоқистон меъёрҳои иқтисодӣ муайян гарданд. Дар маҷмӯъ, барномаи “Нурлы жол”, ки  ба сифати барномаи зиддибӯҳронӣ қабул гардида буд, барои рушди инфрасохтори мамлакат барои солҳои 2015 - 2019 ба сӯи оянда роҳ кушода, дар байни ањли ҷомеа, бахусус, сиёсатмадорон, олимон ва мутахассисони ватанию хориҷӣ сазовори баҳои баланд шуда, мақоми хоса пайдо намуд.
   Мардуми қазоқ консепсияи нави сиёсии Қазоқистон-барномаи “Нурлы жол”- ро ҳамчун дастури роҳнамое “Роҳ ба сӯи оянда” номиданд. Консепсияи мазкур дар самти ҳалли масоили тағйирёбии меъмории ҷаҳон, ки дар шароити санҷишҳои глобалӣ дастур ва роњнамоест, ки  барои сари вақт рафъ намудани мушкилот имконият фароҳам меорад. Ба пастшавии нархи ашёи хом нигоҳ накарда, Қазоқистон ният дорад, ки ўҳдадориҳои иҷтимоии худро пурро иҷро намояд. Дар амалӣ гардидани ин консепсияи нав ислоҳот дар сохтори иқтисодиёт ва ҳамзамон  дарёфт ва муайян намудани маблағҳо  барои рушди инфрасохтори ҷисмонию иҷтимоӣ нақши калидиро мебозад. Қазоқистон кўшиш мекунад, ки рушди инфрасохтори дохилию байналхалқиро аз ҳисоби захираҳои дохилии худ аз бандарҳои баҳри Каспӣ истифода намуда, ба бунёди минтақаҳои нави саноатӣ, корхонаҳои хурду миёна, рушди инфрасохтори сайёҳӣ роҳ кушояд. Рушди инфрасохтори дохилӣ - модернизатсияи сектори барқӣ, хоҷагии коммуналӣ, хатҳои обгузар  ва таъминоти оби гарм низ дар ин барнома ҷой доранд. Дар ин барнома қисмати “манзили иҷтимоӣ”-ро, ки ҳадафи он на фақат  пурқувват ва мустаҳкам кардани инфрасохтори манзил, балки бо “метри квадратӣ” таъмин намудани аҳолии кишвар мебошанд.
   Дар ин Паём дастгирии соҳибкории хурду миёна ва бузурги корхонаҳо ба воситаи қарзҳои фоизаш паст то 6% ба мӯҳлати 10 сол ба нақша гирифта шудааст. Барои татбиқи лоиҳа ва барномаҳои ҷорӣ Президент Н. Назарбоев ба ҳаҷми 3 миллиард доллари ИМА аз ҳисоби фонди миллӣ маблағ ҷудо намуд. Ин маблағҳо бояд ҳатман барои рушди сохтори ислоҳотӣ дар иқтисодиёт равона мешуданд. Аз диди президент Н. Назарбоев ин пешниҳод метавонад диққати Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, БАТР (ЕБРР) ва Бонки исломии рушдро ба худ ҷалб намояд ва ин ташкилотҳо омода буданд, ки то 90 лоиҳаи  бартаридоштаро дастгирӣ намоянд. Ҳамчунин барномаҳо дар самти маориф, тандурустӣ ва хоҷагии халқ идома дода мешаванд.
  Тавре ки дар боло  зикр шуда буд, ҳадафи нави ниҳоии сиёсати иқтисодии Қазоқистон-ин шомил гардидан ба рӯйхати “30 мамлакати тараққикардаи ҷаҳон” мебошад. Ҳукумати Қазоқистон мўътақиди он аст, ки тамоми чораҳои дар ин самт андешидашуда оромию сулҳу суботи Қазоқистонро нигоҳ дошта, принсипи “Қазоқистон танҳо ба пеш”- ро, ки як фалсафаи нодир дорад, сармашқи кори хеш намояд.
   Паёми президенти вақти Қазоқистон Н. Назарбоев дастур ва роҳнамоест, барои инкишоф ва рушду тараққиёти кишвар дар давраи басо ҳассосу вазнини кишвар. Ҳадафи Қазоқистон-барои сарзамини пурқуввати иқтисодӣ барпо кардани  заминаи мусоид мебошад.
   Мардуми Қазоқистон барои дуруст истифода намудани захираҳои миллӣ ба Президенти кишвар боварии зиёд доранд, ки ин хеле муҳим мебошад.
   Дар стратегияи “Қазоқистон-2050” мубрамияти сохтори босифати идораи давлат роҳандозӣ гардидааст. Дар ҳуҷҷатҳо мафҳумҳои аудити давлатӣ, интихоби ҳокимҳо, ташаккули қишри мудирони касбии корпуси “А” ва дигар навгониҳо, ки кори дастгоҳи ҳукуматро беҳтар  менамояд, ворид карда шудааст. Роҷеъ ба ин банди барнома аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон моҳи майи соли 2015 дар ҳуҷҷати “Нақшаи миллӣ-100 қадами устувор ба татбиқи ислоҳоти институтсионалӣ” вазифаҳои мушаххас коркарда, пешниҳод шуда буданд, ки онҳо дар асоси принсипи шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ ташаккул намудани сохтори хизмати ҳукуматиро дар бар мегирад. Вазифаи муҳимми стратегияи “Қазоқистон-2030” ин ташаккули ҷомеаи муттаҳид ва мустаҳками қазоқистонӣ мебошад. Дар стратегияи 2050 ҳукумат аллакай ҳадафи созмони ҷомеаи дохилиро тавассути идомаи консепсияи нави ватандӯстонаи Ќазоқистонро, ки он аҳамияти “баробарҳуқуқии ҳамаи этносҳо”-ро таҷассум месозад, инъикос намудааст.
    Дар стратегияи “Қазоқистон-2030” оид ба меъёрҳои инкишофи иҷтимоӣ фарохии дастрасӣ ба маориф ва тандурустӣ низ дарҷ гардидааст. Ин соҳаҳо нақши калидии хешро дар стратегияи “Қазоқистон-2050” гузоштаанд, ки он  дар васеъгардонии сиёсати иҷтимоӣ, дастгирии шохаҳои камбизоати иҷтимоии ҷомеа, баланд бардоштани стандартҳои хизмати тиббӣ, ташаккули миллати маълумоти олидори сатҳи баланд зоҳир мегардад. Бори аввал, дар сиёсати давлатӣ ба муҳиммияти рушди сармояи инсонӣ диққати махсус дода шуда буд, ки он дар вазифаҳои модернизатсияи сеюм идомаи ёфта истодааст. Ҳукумати Қазоқистон чунин мешуморад, ки стратегияи “Қазоқистон-2050” барои мардуми кишвар ҳамчун як дастури раҳнамо барои инкишофу рушди кишвари тараққикарда, як пули мустаҳкаме барои ба марҳилаи нави навбатии инкишоф гузаштан мебошад.
   Мақсаду вазифаҳои зикр намудаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Паёми моҳи январи соли 2017 “Модернизатсияи даври сеюми Казоқистон: рақобатпазирии глобалӣ” як қатор мақсадҳои Стратегияи “Қазоқистон-2050”-ро  низ дар шароити ҷаҳонишавӣ мушаххас намуд. Қобили зикр аст, ки хусусиятҳои фарқкунандаи барномаи модернизатсияи давраи сеюм-ин  гузаштан ба технологияҳои муосир, бахусус, рақамигардонидан равона шудааст.
   Самти зерин аз ҷиҳати дастгирии иқтисоди миллӣ, соҳаҳои асосии саноат, фаъолгардонии инноватсионӣ ва фаъолияти тиҷоратӣ мебошанд. Бар замми ин дар тӯли иҷрошавии модернизатсияи дуюм масоили ҷараёни мутақобили модернизатсияи иқтисодӣ ва соҳаи иҷтимоӣ бардошта шудааст.
   Дар доираи модернизатсияи сеюм мубрамияти модернизатсияи тафаккури умум, пойдории принсипҳои амаликунонӣ, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдат бо илова намудани саволҳо оид ба муҳофизати фарҳанги нодиру беназири “коди миллӣ”-и худ дар ҷомеаи қазоқистонӣ мебошад.
   Принсипи модернизатсионие, ки дар барномаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев “Нигоҳ ба оянда: модернизатсияи тафаккури ҷомеа” гузошта шуда буд, дар ҷомеаи қазоқистонӣ мароқи зиёде пайдо намуд. Ҳукумати мамлакат чунин мешуморад, ки барномаи модернизатсионии тафаккури ҷомеа-муҳити муосирро барои амиқтар дарк намудани масоили мубрами инноватсионӣ, тағйирот дар ҷаҳон ва мутобиқшавиро дар Қазоқистонро дарбар мегирад.
   Дар ин замина нақши муборизро сифатнокӣ ва пурмаҳсулиятии татбиқи мақсаду маром ва ҳадафи барнома, инчунин, ворид намудани меъёри нави “аз боло ба поён” ва қоидаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ иҷро мекунанд, ки ҳангоми нофаҳмиҳою шакли бегонапарастӣ пайдо намудани он метавонад ба натиҷаи акси ҳол баргардад.
   Барои рафъи ин хатар ҳукумат кўшиш ба харҷ медиҳад, то таҷрибаи созмони лоиҳаи офисиро истифода барад. Ҳол он, ки тадбиқи барномаи “Рухани жангиру” аз лаҳзаҳои саршавиаш апрели соли 2017 адолатнок шуморида шуда, ҳолати калидии ин барнома аз ҷониби ҷомеа дастгирии васеъ ёфт, чунки дар он талаботи дохилии ҷомеа таҷассум гардида, равандҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Қазоқистон муайян гардидаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон чунин мешуморад, ки ифтитоҳи модернизатсияи даври сеюм дар Ҷумҳурии Қазоқистон имконияти ба саноатикунонии ҷаҳонии чорум ворид гаштанро дорад.
Моҳияти бартариҳои зикргардида, иҷрои модернизатсияи якуякбораро дар якчанд самтҳо, ки рушди институтҳои сиёсӣ ва иқтисодиро дарбар мегирад, имконпазир мегардонад.
  Ҳоло зикр намудани як қатор ислоҳоти муҳимро дар соҳаи иқтисодиёт, оид ба озодонаю шаффоф ба миён омадани онҳо ба маврид ва қобили қабул аст. Дар ин замина формулаи пешниҳод намудаи ҳукумат “Аввал иқтисодиёт, баъд сиёсат” танҳо дар як муддати муайяни давраи гузариш пурмаҳсул буда метавонад. Кўшиши модернизатсияи соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бе синхронизатсияи асрикунонидани (модернизатсиякунонии) сиёсӣ ногузир мебошад.
   Стратегия ва барномаҳои модернизатсионии Қазоқистон:
   Стратегияи рушди Ҷумҳурии Қазоқистон то соли 2030 (1997с.)
   Модернизатсияи иҷтимоии Ҷумҳурии Қазоқистон: Бист қадам ба меҳнати ҷомеаи умумибашарӣ (2012с.)
   Нақшаи стратегии рушди Ҷумҳурии Қазоқистон то соли 2020 (июли соли 2012)
   Стратегияи рушди Ҷумҳурии Қазоқистон то соли 2050 (декабри соли  2012)
   Барномаи давлатии рушди инфрасохтори “Нурлы жол” барои солҳои 2015 – 2019
   Паёми сарвари давлат соли 2017: Модернизатсияи сеюми Қазоқистон: рақобатпазирии глобалӣ.
   Барномаи “Рухани жанғыру” (апрели соли 2017)
   Хулоса, дар ҳаёт татбиқ намудани ҳадафу маромҳои дар барномаҳою стратегияҳои гузошташудаи Қазоқистон имкон дод, ки имрӯз кишвар аз лиҳози иҷтимоӣ-иқтисодӣ устувор гашта, ҳамчун кишвари пешқадами даврони муосир маҳсуб ёбад.
 
      Адабиёт:
   1.Назарбоев Н. Модернизатсияи иҷтимоӣ - иқтисодӣ самти асосии рушди Қазоқистон: Паёми Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба халқи Қазоқистон / Н.Назарбоев. Д., 2012, 56 саҳ.
   2.Назарбаев Н. Эра независимости - Алматы: Қазақпарат, 2017 - 508с.
   3.Закржевская О.Г. Интеграция ЦА: ожидания, реалии тенденции // Послание Президента Республики Казахстан Н.А.Назарбаева “Новый Казахстан в новом мире” - стратегия очередного этапа развития страны: КИСИ при Президенте РК, 2007.
   4.Темуров Ф.С., Сайидзода З., Нигоҳе ба таърихнигории равандҳои  ҳамгироӣ дар Осиёи Миёна дар пасманзари ҳамкориҳои Тоҷикистон дар фазои ИДМ (солҳои 1991- 2015),  Душанбе, “Контраст”, 2018 - 176с. 
   5. Оймаҳмадов М. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Душанбе, 2018 - 254с.
   6. Официальный сайт Общенационального движения «Казахстан 2050».
   7.Официальный сайт РГКП «Республиканский учебно-методический  центр дополнительного образования» Министерства образования и науки Республики Казахстан.
   8.Официальный сайт Казахстанского института стратегических исследований.
   10.Официальный сайт АО «Национальный центр повышения квалификации „Өрлеу“
   11.https://ru.wikipedia.org/wiki/Казахстан_2050
   12.www.kisi.kz/index.php/ru
   13.www.mfa.kz/ru/minsk/content-view/informatsiya-o-kazakhstane
С. Давлиёрова,
ходими  пешбари илмии
Институт

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/