wrapper

Хабарҳо

     Тибқи иттилои Дафтари матбуоти шаҳри Душанбе рӯзи 23 январи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуд.
    Гуфта мешавад, ки рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. 
    Гирдогирди рамзро се хати доирашакли сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Инчунин, ду хати иловагии доирашакли кабудранг ва ҳафт ситора низ рамзҳои миллиро ифода мекунанд. Дар гирди рамз бо забонҳои тоҷикиву англисӣ «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» навишта шудааст.
     Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз - кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон, офтоби оламоро, манзараҳои зебои ҳаёти деҳот, роҳу нақбҳо ва сайёҳ чун нишонаи рушди сайёҳӣ, рубоб, кӯза ва анору ангур ҳамчун рамзи кишоварзӣ ҷой дода шудааст, ки таҷассумкунандаи макони меваҳои шаҳдбор будани диёри зебоманзари Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
     Ҳамзамон, мусаввараҳо бо нақшу нигорҳои миллӣ оро дода шудааст, ки идомаи ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.
     Дар маҷмӯъ, рамзи мазкур чор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро бо тасвир кардани дарғот, нақб, роҳ ва меваҷот ифода мекунад.
    Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» васеъ истифода баранд.
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/