wrapper

Хабарҳо

    Имрӯз, 23 январи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.
      Дар ин бора аз Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ иттилоъ доданд.
   Тибқи иттилои манбаъ, рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рақамҳои “1991-2021” бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст.
    Дар қисми марказӣ рақами 30 бо ҳошияи зарҳалӣ бо истифода аз рангҳои парчами миллӣ ва дар қисми болои рақам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон – тоҷ дар заминаи кӯҳҳои пурбарф ҷой дода шудааст.
    Қисми поёни рақам ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта, бо тасвири роҳи сеқабата, агрегати НБО, обпарто ва нақб – ифодагари дастовардҳои назарраси кишвар мебошанд.
     Дар қисми мобайнӣ дарахтони сарсабз, дашту пуштаҳо ва боғҳо нишонае аз рушди деҳот буда, баёнгари табиати биҳиштосои кишвар маҳсуб меёбад.
Тоҷ, рақами 30, осмони соф ва кӯҳҳо аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳанд.
     Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» васеъ истифода баранд.
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/