wrapper

Хабарҳо

     Санаи 10 январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷамъбаст шуд ва ғолибон муайян ва бо ҷоизаҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар ин озмун Мунаввари Ғайрат, магистри курси дуюми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои”-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иштирокчии озмун буд, дар номинатсияи “Мақолаи беҳтарини сайёҳӣ” сазовори ҷойи дуюм гардид.

     Бояд гуфт, ки озмун дар номинатсияҳои зерин доир гардиданд:
    “Беҳтарин мақолаи сайёҳӣ”,
    “Беҳтарин армуғони сайёҳӣ”,
    “Беҳтарин нақшаи тиҷоратӣ дар соҳаи сайёҳӣ”,
    “Беҳтарин меҳмонхона”,
    “Беҳтарин минтақаи сайёҳӣ”,
    “Беҳтарин ширкати сайёҳӣ”,
    “Беҳтарин осоишгоҳ ва истироҳатгоҳ”,
    “Беҳтарин мағозаи фурӯши армуғон”,
    “Беҳтарин роҳбалад»,
    "Хатсайри нави сайёҳӣ”
    “Сомонаи ҷолиби сайёҳӣ”
    "Ҷолибтарин ролики сайёҳӣ" буданд.

                                      
     Гуфта мешавад, ки озмун барои беҳтару бештар тарғиб намудани имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.
   Мунаввари Ғайрат соли 1997 ба дунё омада, соли 2018 Донишгоҳро бо ихтисоси филолог хатм кардаааст ва ҳоло бошад, магистри Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Номи мавзӯи рисолаи магистр “Рушд ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Мағриби араб (дар мисоли Алҷазоир, Марокаш, Тунис) мебошад. Номбурда забонҳои англисӣ ва русиро хуб медонад.

                                                                                                                                           

     Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки озмун  моҳи феврали 2019 эълон гардида, моҳи декабри соли 2019 анҷом ёфтааст.

     Маркази матбуоти Институт
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/