wrapper

Хабарҳо

Хабарҳо

Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон истеҳсоли оби нуқра ва истифодаи он бар зидди вирусҳоро ба роҳ монд

   Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  бо мақсади пешгирии вирусҳо, аз ҷумла навъи COVID-19 дастгоҳҳои истеҳсоли нанозарраҳои нуқра сохта, истеҳсоли оби нуқраро, ки  хосияти зиддивирусӣ ва зиддимикробӣ дорад, ба роҳ монданд. Ионҳои нуқра хусусияти муҳофизаткунанда дошта, бактерияҳои патогенӣ, вирусҳо, занбӯруғҳо ва дигар флораи патогенӣ ва зарароварро несту нобуд мекунанд. Муфассал ...
Хондан 86 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2020 тасдиқ шуд

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. Муфассал ...
Хондан 262 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар
18.03.2020 11:47, шаҳри Душанбе
 
Донишмандон ва зиёиёни гиромӣ!
Ҳамватанони азиз!
Мулоқоти мо бо аҳли илми кишвар дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз - соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ баргузор мегардад.
Фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги миллиро ба шумо, аҳли илму маориф, зиёиёни эҷодкор ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям. Муфассал ...
Хондан 280 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Магистри Институти Осиё ва Аврупо сазовори ҷоиза гардид

     Санаи 10 январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷамъбаст шуд ва ғолибон муайян ва бо ҷоизаҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар ин озмун Мунаввари Ғайрат, магистри курси дуюми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои”-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иштирокчии озмун буд, дар номинатсияи “Мақолаи беҳтарини сайёҳӣ” сазовори ҷойи дуюм гардид.
Муфассал ...
Хондан 821 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.