wrapper

Хабарҳо

Тоҷикистону Беларус  самтҳои нави  ҳамкориҳои  минбаъдаро баррасӣ  карданд

 

Аз 5 то 8 апрели соли ҷорӣ дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ доир гардид. Ҳайати Комиссияро аз ҷониби Беларус Раиси палатаи савдои Беларус Владимир Улахович, вазири кишоварзӣ Дмитрий Крупко, сафири Ҷумҳурии Беларус дар Душанбе Олег Иванов, муовини вазири варзиш ва  сайёҳӣ  Михаил Портной ва роҳбарони  як  қатор ширкатҳои хусусии  ин кишвар  намояндагӣ  карданд. Муфассал ...
Хондан 518 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ҳамкориҳои  Тоҷикистон бо Индонезия дар самти илму маориф дар барномаи стипендиявии «Дармасисва» ( Darmasiswa Scholarship)

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия 27 августи соли 1994 барқарор шудаанд. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Индонезия (соли 2003)  оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф имзо гардида, танзимдарории он дар барномаҳои гуногуни таълимию омӯзишӣ амалӣ мегарданд [1]. Аз ин лиҳоз, ҳамасола аз ҷониби Ҷумҳурии Индонезия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ дар доираи Барномаи яксолаи омӯзиши забон, санъат ва фарҳанги Индонезия “Дармасисва” ҷудо мегардад. Соли 2016 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 нафар ҷихати иштирок дар Барномаи яксолаи омӯзиши забон, санъат ва фарҳанги Индонезия “Дармасисва” пешниҳод гардид.

Муфассал ...
Хондан 624 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷаноби Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар мулоқот бо рӯзноманигорон, ки дар сафорати Афғонистон дар ш. Душанбе ороста шуда буд, сухангуи (спикери) маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷирга) Шӯрои Миллии Афғонистон ҷаноби Мир Раҳмон Раҳмонӣ аз сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷаноби Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Муфассал ...
Хондан 693 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Мероси хаттии ниёгон дар китобхонаҳои Ҳиндустон

     Дар Ҳиндустон мутобиқи маълумотҳои расмӣ 5486  китобхонаҳои оммавӣ вуҷуд доранд, ки калонтаринашон Китобхонаи миллии Калкутта (1836), Китобхонаи оммавии ба номи Коннемара (1827-1902, губернатори Мадрас) дар шаҳри Ченай (музофоти Тамилнад, соли таъсис 1860), Китобхонаи Ҷамъияти Осиёӣ дар шаҳри Мумбай (соли таъсис 1804), Китобхонаи оммавии шаҳри Деҳлӣ (1951), Китобхонаи Ризо дар Рампур (музофоти Уттар Прадеш, соли таъсис 1774), Китобхонаи Шарқии Худобахш дар шаҳри Патна (музофоти Биҳор, соли таъсис1891), Китобхонаи котиботи Деҳлии Нав ва ғайра. Боз инро низ бояд гуфт, ки дар Ҳиндустон  875 Донишгоҳ  мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо китобхонаи худро доранд. Муфассал ...
Хондан 677 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)