wrapper

Хабарҳо

Шахсони бузург

Эмомалӣ Раҳмон - бунёнгузор ва эҳёгари тамаддун ва ҳуввияти миллӣ

   (Суханронӣ дар Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон)
   Истиқлолият калимаест, ки бо зикри он тасвири кишвари озоду мустақил пайдо мешавад. Моҳи декабри соли 1991 баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ қадами аввали мустақилият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон оғоз гашт. Замоне буд, ки кишвар аз як тараф ба шинохти ҳуввият майлон дошт ва аз тарафи дигар ба кашмакашҳои таҳмилӣ таҳрик мешуд. Муфассал ...
Хондан 170 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолият ва эҷоди давлати миллӣ

   Дар марҳилаҳои тақдирсоз, даврае ки халқу миллат ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта, ҳаёти онро бенизомӣ фаро мегирад, заруриати пайдоиши шахсият ва ё шахсиятҳои ин ҳолатро тағйирдиҳанда ба миён меояд. Муаррихон бар ақидаанд, ки яке аз ҷанбаҳои асосии таърихи инсониятро роҳбарони кишварҳо муайян менамоянд. Албатта, аксари давраҳои таърихии рушди давлатҳои қадим ва муосир бо номи сарварон алоқаманд мебошад, ки рифоҳи мардум, авҷи қудрати кишвар, густариши илму фарҳанг ва тиҷорат бо ному фаъолияти онҳо вобастагӣ доранд. Муфассал ...
Хондан 288 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

"Миллат" чист ва "башарият" кадом аст?

   (Баҳси Такур бо Гандӣ дар бораи  миллат ва миллатгароӣ)

   Робендранат Такур ва Маҳатма Гандӣ ду шахсияти бузург дар ҷаҳонанд, ки яке файласуфи нобиға ва дигаре сиёсатмадори мутафаккир аст. Такур ба далели арзишҳои фикри баландаш дар ҳавзаи андешаи «Музоф бар Ҳинд» таъсирашро дар саросари ҷаҳон ворид кардааст. Маҳатма Гандӣ бошад ҳамчун муҳимтарин поягузори фалсафаи сиёсии "Оҳимсо - адамт хушунат"[1] дар арсаи сиёсат, шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.

   Такур бо он ки ба сиёсасат эътиқоди ниҳоӣ надорад, вале яке аз назарияпардозони муҳиме дар ин замина пиндошта мешавад. Интиқоди ақлонии Такур аз тарҳҳои фикрӣ ва шеваҳои сиёсати Гандӣ дар Ҳинд – ба вежа дар мавриди баҳси миллатгароӣ ва мавзӯи санъати сохтани Ҳинд - аз масоили мубрами тазодди фикрӣ миёни ин ду андешаманд аст, ки дар зер, буридае аз ин мубоҳисаро (ба шакли гуфтугӯ) боҳам мехонем.

Муфассал ...
Хондан 3638 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Камол Отатурк – бунёдгузори Туркияи навин

   Нақши Мустафо Камол Отатурк дар таърихи Туркия хеле бориз аст. Номи ӯ дар қатори номҳои дигар шахсиятҳои машҳури ҷаҳон, ба мисли Владимир Ленин, Ҷавоҳирлаъл Неру, Ким Ир Сэн ва ғайра дар саҳифаи таърих абадӣ ҷой гирифтааст.

   То ҳол, мардуми Туркия аз он мефахранд, ки миллати турк на аз роҳи пешгирифтаи халифати усмонӣ, балки модели рушду нумӯи аврупоиро пеша намудааст. Инчунин саҳми ин шахси зиндаёд басо воқеӣ буда, барои мардуми Туркия ӯ як шахсияти соҳибиродаву соҳибкасб ба шумор меравад.

Муфассал ...
Хондан 3247 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/