Шахсони бузург

- Чоршанбе, 14 Апрел 2021
- Шахсони бузург
- Муаллиф: ИОМДОА
Мирзо Турсунзода мубаллиғи дӯстии халқҳои тоҷику ҳинд
(ба муносибати 110-умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода)
Дар ибтидои солҳои 30-юми қарни XX ба арсаи адабиёт шахсияте ворид гардид, ки дар густариши адабиёт ва тавсеаи равобити тоҷик ва халқҳои ҷаҳон нақши намоён гузошт. Ин шахсият Мирзо Турсунзода буд. Дар байни адибони тоҷик касе ба андозаи М. Турсунзода дар ташаккули равобити адабӣ бо кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо Ҳиндустон мақоми болотаре надорад ва осори гаронарзише наофаридааст. Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва мубаллиғи сулҳу амонӣ ва ғояҳои гуманистиву инсонмеҳвариву интернатисоналӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии кишварҳои Шарқу Ғарб хизматҳои беназир кардааст. Дар натиҷаи сафарҳо ба Деҳливу Исломобод, Парижу Варшава, Венаю Қоҳира, Стокголму Хелсинки, Доруссалому Ҷакарта ва ғайра (дар харитаи сафарҳои М. Турсунзода зиёда 25 кишвари дунё тасвир шудааст) ҷаҳонбинии Мирзо Турсунзода ташаккул ёфт ва ӯ чун шахсияти барҷастаи фарҳангию иҷтимоӣ камол ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар шеъри “Ватан” М. Турсунзода сафарҳои худро ба хориҷ бо чунин мисраҳо тасвир кардааст ва ҳофизи миллат, Борбади замон Ҷӯрабек Муродов бо оҳанги хеле дилнишин ин сурудро ҷаззоб месарояд:
Муфассал ...

- Душанбе, 29 Март 2021
- Шахсони бузург
- Муаллиф: ИОМДОА
Ба ёди академик Игнатий Юлианович Крачковский (1883-1951)
Илми Шарқшиносии рус, хусусан бахши арбшиносии он, ба туфайли олимони барҷастаи он машҳури дунё гаштааст. Яке аз он олимон Игнатий Юлианович Крачковский мебошад, ки бо асари безаволи худ саҳми арзандае дар илми арабшиносӣ гузоштааст.

- Чоршанбе, 17 Март 2021
- Шахсони бузург
- Муаллиф: ИОМДОА
Тасвири мардони бузург аз забони марди бузург
(Бахшида ба 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва таҷлили камоли умри адабии адабиётшисони бузурги тоҷик )
Адабиёт ва мардони бузурги он ситораҳое ҳастанд, ки вуҷудашон саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофат буда, барои башарият чун чароғи роҳнамо роҳнамоӣ мекунанд. Ҳар ду дорои ҷазабаҳои адабӣ ва забонӣ чун сармояҳое мебошанд, ки инсониятро ба сӯи ҳаёти дурусту комил ҳидоят менамоянд. Ва чун дарахте ҳастанд, ки тамоми вуҷудаш барои башарият хуррамӣ меоварад.

- Чоршанбе, 03 Март 2021
- Шахсони бузург
- Муаллиф: ИОМДОА
Зиндагиномаи Рашидуддини Ватвот
Номи Рашидуддини Ватвот бештар дар атрофи дарбори давлати Хорзмшоњиён ёд карда мешавад. Ӯ яке аз ҳамасрони Султон Санҷари Салҷуқӣ (479-551ҳ/1086-1156м) ва Султон Отсизи Хоразмшоҳӣ буда, дар он даврон мақому манзалати хосе дошт. Таваллуди ӯ дар соли 1087 м. (480 ҳ.) дар шаҳри Балхи Афғонистон иттифоқ афтода [9.8/397], аммо бештари умри худро ӯ берун аз он дар дарбори Хоразмшоҳиён сипари намуда аст.