wrapper

Шахсони бузург

Арабшиноси нуктасанҷ ва дақиқназар

Адабиёти форсу тоҷик ва араб аз бонуфузтарин ва машҳуртарин адабиёти дунё ба ҳисоб рафта, собиқаи зиёди таърихӣ доранд. Махсусан дар асрҳои миёна робита ва ба ҳам таъсиррасонии забони тоҷикӣ-форсӣ ва забони арабӣ марҳилаи тӯлонии таърихи асримиёнагии Мовароуннаҳру Хуросонро фаро гирифта, қариб ҳамаи суханварони адабиёти классикии форсу тоҷик ашъору осори худро бо ду забон, яъне бо забони форсӣ ва арабӣ эҷод намудаанд. Муфассал ...
Хондан 2941 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Забони ашъори Асадулло Ҳабиб

“Забон ин силоҳи адиб аст. Ин ҳамон навъе, ки яроқ дар дасти сарбоз мебошад” гуфтааст нависандаи рус Максим Горкий (1868-1936). Маълум аст, ки хонанда, маъмулан, аз равониву хушсадоии асари назмӣ лаззат мебарад. Вале агар як зарра васеътар андеша кунем, пас диққати моро ҳатман мазмун ҳам ҷалб менамояд. Чун ин сифатҳоро дида қаноат ҳосил кардем, пас навбати дидани чигуна ороиш ва ё гулпӯш шудани шеър меояд, зеро баёни мазмун бе ороишҳои бадеӣ аз як хабари оддӣ, аз як матни ягон хусусияти лаззатбахш надошта фарқе надорад. Муфассал ...
Хондан 4055 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Адабиёт дар чашмандози илмии М.Осимӣ

Устод Муҳаммад Осимӣ хатмкардаи факултаи физика буда, донишманди мумтози соҳаи фалсафа гаштанд ва бештари умри худро ба корҳои роҳбарӣ дар муассисаҳои илмиву таълимӣ сарф карда, дар пешрафти илму фарҳанги мамлакат саҳми бузург гузоштанд. Вале дар тамоми умр аз кӯдакиву наврасӣ то пирӣ ҳамеша ба шеъру шоирӣ ва адабиёт пайванди ногусастанӣ доштанд.

Муфассал ...
Хондан 3104 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Бузургтар аз шахсияти таърихӣ

Яке аз хислатҳои наҷибу беназир ва инсонмеҳвару зиндагидӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки ин марди хирад, сиёсатмадори оқил ва роҳбари дурандеш зимни ҳар сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ба мардум суҳбати ошкорою рӯ ба рӯ баргузор намуда, аз зиндагӣ ва фаъолияти ҳар як сокини он воқиф мегарданд ва бо ҷавонону наврасон ва пирону калонсолонро шахсан аҳволпурсӣ менамоянд. Ҳамин хислатҳои ҳамида ва наҷиби Роҳбари давлат аст, ки меҳру муҳаббат ва садоқату самимияти ин сарвари борикбину нуктасанҷро дар замири мардуми шарифи Тоҷикистон ҷой кардааст. Мардуми тоҷик, ки халқи заҳматкашу матинирода ва ростқавлу поквиҷдон аст, ҳар фарди некбину некандеш ва ростқавлу росткорро сидқан ва самимона иззату эҳтиром мекунад. Зеро обрӯву эътибор ва мақому манзалати шахсият дар байни ҷомеа танҳо тавассути афкору андешаи воло ва кору фаъолияти нафърасонона ба мардум муайян мегардад. Муфассал ...
Хондан 3275 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)