wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Июл 2018
Душанбе, 23 Июл 2018 08:52

Муруре ба илми ховаршиносӣ

   «Шарқшиносӣ» ва «Ховаршиносӣ» тарҷумаи истилоҳи инглисии «Orientalism» мебошад. Гарчи вожаи «orient» ва «east» ҳар ду ба маънии «Шарқ» аст, аммо «east» ғолибан ба маънии ҷиҳати шарқии ҳар чиз ба кор меравад ва гоҳе мумкин аст ба маънии «Машриқзамин» истифода шавад. Калимаи «orient» бошад, ба маънои сарзаминҳои воқеъ шуда, дар шарқи Баҳри Миёназамин ва Аврупо аст. Шояд ба ҳамин ҷиҳат шарқшиносӣ ва мусташриқ аз калимаи дуввум иқтибос шуда, истилоҳҳои «Orientalism» ва «Orientalist» ривоҷ ёфтаанд.

Панҷшанбе, 19 Июл 2018 08:25

Нигоҳе ба омӯзиши ҷаҳони Ғарб

(қисми муқаддимавӣ)

   Таърих гувоҳ аст, ки Шарқ ва Ғарб робитаи ҳазорсола доранд ва робитаҳои илму фарҳанг ин ду сарзаминро бо ҳам мепайванданд. Ин гуна ҳамгироӣ ва пайвандгариҳо системаи ягонаеро ташкил медиҳад, ки дар раванди гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ба маҷрои хоси худ ба ҳар сурат равона мегардад ва дар рафти он муваффақиятҳои зиёдро ба даст меоварад ва ё баръакс коҳиш меёбад. Бинобар ин муҳақиққон ва коршиносон пайваста кӯшиш мекунанд, ки дурнамои ин масоилро санҷида, дар асоси он хулосаҳои ягонаро рӯи кор оваранд. Бояд гуфт, ки чунин хулосабарориҳо тавассути муттаҳидшавӣ ва дӯстии ҷаҳони Шарқ ва Ғарб амалӣ мегарданд. Ин муттаҳидшавӣ нисбат ба давраҳои пеш дар замони глобализатсияи имрӯзи зиёдтар ба назар мерасад.

Чоршанбе, 18 Июл 2018 06:50

ЭЪЛОН!

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти Дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон 31-уми июли соли 2018 соати 10:00  дар мавзӯи «Ведҳо асоси фарҳангу илми сарзамини Ҳинд» семинари илмӣ баргузор мегардад.

   Ҳамоиш бо иштироки директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо ва сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош ва дигар меҳмонон баргузор мегардад.

   Дар семинари илмӣ, д.и.ф., профессор Муҳаммадалии Музафарӣ дар мавзӯи «Ведиҳо асоси фарҳангу илми сарзамини Ҳинд» маъруза хоҳад кард.

   Семинар дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.

   PS: Дар ҳамоиш иштироки кормандон, аспирантон ва магистрони Институт ҳатмист.

 

Ҷумъа, 13 Июл 2018 05:42

ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ

   Раёсат ва кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Абдуҷаббор Раҳмонзода бинобар даргузашти бародараш - доктори илмҳои тиб, профессор Раҳматуллоҳ Раҳмонов изҳори ҳамдардии амиқ менамоянд ва барои якояки хешовандону дӯстони ин хонадон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонанд.

Page 3 of 4

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/