wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Апрел 2019
   Осиёи Марказӣ дар шароити кунунӣ ба марҳилаи комилан нави рушди худ ворид гардид. Яке аз трендҳои актуалӣ ин густариш пайдо намудани равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад. Барои собит намудани нуктаи мазкур ба чанд омил метавон ишора намуд:
   Якум, тағйир ёфтани сиёсати минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди соли 2016 ва сифатан беҳтар гардидани муносибатҳои дуҷонибаи онҳо. Дар ин росто, метавон муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро номбар намуд, ки дар равобити онҳо шуруъ аз охири соли 2016 гардиши куллӣ ба вуҷуд омад. Чунин сатҳи муносибатҳо, бешубҳа, ба мантиқии татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳими ҳар ду давлат ҷавобгӯ мебошад. Зеро аз оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар рушди муносибатҳо бо Ӯзбекистон дар сатҳи ғайри қобили қабул қарор доштанд ва ба тадриҷ коҳиш меёфтанд. Дар чунин шароит ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллӣ барои Тоҷикистон мушкил буд, чун таъсири мустақим ва ғайримустақими ин кишвар ба иқдомҳои роҳбурдии давлати мо ба таври васеъ эҳсос мешуд. Дар марҳилаи кунунӣ, бинобар сабаби ба сатҳи комилан нав баромадани муносибатҳо, тамоюли ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ суръати мусбатро касб намуд. Аз ин хотир, дар навиштаи мазкур таваҷҷуҳи асосӣ ба равандҳои имрузаи минтақа нигаронида шуда, густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекситон аз ин зовия таҳлилу баррасӣ мегардад.
   Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ ҳамкории худро бо ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тадриҷан ба роҳ монда, дар доираи ҳамкорӣ бо онҳо мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд.
Сешанбе, 23 Апрел 2019 04:03

Олими арабшиноси тоҷик

   Баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ ва иқдоми пешгирифтаи сиёсати дарҳои бози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илми тоҷик ба қатори дигар соҳаҳои кишвар рӯ ба инкишоф ниҳода, дастовардҳои олимони моро дар риштаҳои илмҳои дақиқ ва табиӣ-риёзиву фанҳои ҷамъиятшиносӣ берун аз Тоҷикистон низ мавриди истифода қарор медиҳанд ва донишмандони мо аз осори офаридаи донишмандони соҳаҳои гуногуни хориҷӣ хуб огаҳӣ доранд.
   (Дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба чангу ғубор ва масоили мубрами он. Тоҷикистон. Душанбе 8-12 апрели 2019)
    Ҷаҳонишавӣ падидаи нав дар замони муосир буда, ҳамаи кишварҳои оламро барои ин ё он масоил сари гуфтушунид ё  музокирот мешинонад.  Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақил ва соҳибихтиёр талош дорад, то масоили мубрами сайёраро сари вақт бо тамоми кишварҳои олам баррасӣ ва мавриди музокирот қарор диҳад.

   Бо ҳамин ҳадафу мақсад  Президентьи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳои худ ба парлумони мамлакат доштани  сиёсати «дарҳои боз»-ро як гоми муҳим барои баррасӣ ва шинохти  масоили мубрами ҷаҳон ва минтақа  арзёбӣ намудаанд. Бо ин роҳ аҳли сайёра метавонанд роҳҳои ҳалли мушкилотро зудтар пайдо кунанд ва барои бартарафсозии онҳо машварату пешниҳодҳои муфид манзур намоянд.

Саҳифа аз 1 то 3

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove