wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Апрел 2019
   Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 -уми майи соли 2019, Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм” бо даъвати олимону муҳаққиқон аз давлатҳои Олмон, Туркия, Афғонистон, Эрон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор менамояд.
   Конференсия дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода хоҳанд шуд:
  1. Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ҳамчун модели сулҳофаринӣ барои кишварҳои буҳронзада;
  2. Раванди сулҳофаринӣ дар кишварҳои буҳронзадаи Афғонистон, Сурия, Ироқ, Фаластин, Яман ва ғайра;
  3. Нақши қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ташкили музокироти сулҳи Афғонистон;
  4. Ҷараёни ҳамкориҳои кишварҳои абарқудрат ва минтақавӣ дар раванди сулҳофаринӣ дар кишварҳои буҳронии Шарқи Наздик;
  5. Ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои минтақа ва таҷрибаи мавҷуда алайҳи терроризм ва экстремизм;
  6. Мақом ва ҷойгоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар раванди сулҳофаринӣ дар ҷаҳони муосир;
  7. Омилҳои дохилӣ ва берунаи низоъ дар кишварҳои Шарқи Наздик: мушкилоти шинохт ва ташхиси он;
  8. Таҷрибаи миллии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар шароити муосир;
  9. Сиёсати кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар самти ҳалли низоъҳои дохилии давлатҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик;
  10. Ҷойгоҳи созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз қабили СКИ, СҲШ, СААД, ИДМ ва ғайра дар ҳалли низоъ ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм.
   Бинобар ин, аз хоҳишмандон даъват ба амал оварда мешавад, ки барои иштирок ва маърӯза намудан дар Конференсияи мазкур номнавис шаванд.
   Забонҳои кории Конференсия: тоҷикӣ, русӣ, арабӣ ва англисӣ мебошанд.
   CV –и гузоришгарон то 15 апрели соли 2019 ва фишурдаи гузориш бо шрифти (Times New Roman, Times New Roman Tj), 14, фосилаи 1, то 20 апрели соли 2019 бо нишонаи электронии  This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. ва This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. ирсол карда шавад.
   Мӯҳлати ниҳоии ирсоли CV: 15 апрели  соли 2019.
   Мӯҳлати ниҳоии ирсоли фишурдаи гузориш: 20 апрели соли 2019.
   Макони баргузорӣ: 
Маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
   Масъули тамос: котиби Кумитаи тадорукот - С. Зиёев
МАЪМУРИЯТИ ИНСТИТУТ
Саҳифа аз 3 то 3

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/