wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Май 2019
   Бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.
   Дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омадаанд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале расидан ба ҳадафҳои пешниҳодшуда як сол басанда нест”. Аз ин рӯ, се сол паи ҳам “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.
   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи кории худ ҷиҳати омӯзишу баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ, хосатан кишвраҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтааст, дар мавзӯи “Равандҳои муосири иҷтимоиву сиёсии Ҷумҳурии Қазоқистон” мизи мудаввари илмиро баргузор намояд.
   Мизи мудаввари илмӣ 17 майи соли 2019 соати 10:00 дар Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ширкат дар он озод аст.
   Дар назар аст, ки дар он ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо ва дигар олимону пажӯҳишгарон ширкат ва оид ба ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди он суханронӣ намоянд.
 Робитаҳои иқтисодии ду давлати ҳамҷавор Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин таърихи хеле қадима дошта, шоҳроҳи бузурги Абрешим чун пайвадгари ин робитаҳо дар тўли таърих ба ҳисоб мерафт.
    Бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-уми майи соли 2019 дар толори Академияи илмҳо Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм” баргузор гардид. Дар конфронс намояндагони муассасаҳои илмию таълимии Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.
Page 1 of 2

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove