wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Июн 2019
Панҷшанбе, 27 Июн 2019 09:44

Арзиш ва мақоми Ваҳдати миллӣ

   Кишварҳо ва миллатҳои дунёро бо ҳифз, арҷгузорӣ ва рушди забон, фарҳанг, иқтисод ва доштани амнияту ваҳдат эътирофу эҳтиром мегузоранд. Вале мутаассифона имрӯз бештари мардуми сайёра ранҷу вазъияти мушкилсозу пуртазодеро аз сар мегузаронанд, ки яке аз ин чолишҳо набуди амну субот ва оромӣ дар миёни онҳо мебошад.
   Имрӯз падидаи ваҳдати миллӣ мавзӯи баҳсу мунозираҳои назариявӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ омили муайянкунандаи роҳи асосии пешрафти Тоҷикистон гардида, арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дод, қавитар гардонд ва гузашта аз ин пояи устувори давлатдории тоҷикон гардид.
   Эъмори ҳар давлатро бидуни оромиву субот тасаввур намудан ғайриимкон аст. Вале бо амри тақдир барои баъзе аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ он дар майлонҳои ноозмуда рӯи кор омад, ки таърих мисолашро ёд надорад.
   Чуноне маълум аст, 14-15–уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанде 5–умин Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид. Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё яке аз созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки бо дарназардошти таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ, ҳифзи арзишҳои муштараки миллӣ, ҳамкориҳои боварибахши дуҷониба ва бисёрҷониба, пешгирии нузули хатарҳои номатлуби аср ба монанди мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, мубориза бар зидди гардиши қочоқи маводи мухаддир, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҳифзи суботи минтақавӣ, нигаҳдоши сулҳ ва амният дар минтақаи Осиё созмон дода шудааст.
Page 1 of 3

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove