wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Июл 2019
   Имрӯз, 31-уми июли соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Омилҳои гаравидани ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он” мизи мудаввар баргузор гардид.
   Аслан ифротгароӣ худ яке аз падидаҳои номатлуб аст, ки тамоми ҷаҳонро ба такон овардааст ва ин падидаи номатлуб на танҳо барои кишварҳо алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки барои тамоми сайёра ва ҷомеаи осоишта хатари бузург дорад. Дар ҷаҳони имрӯза якчанд созмону ҳаракатҳои характери ифротиву террористидошта, фаъолият менамоянд, ки аз ҳама дахшатбортарини онҳо ин созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ», ҳаракати «Ҳизб-ут-Таҳрир» ҳаракати «Салафия» ва ТЭТ ҲНИ мебошад, ки хусусияти ифротии диниро ба худ касб намудаанд.
   Дар таъини самтҳои асосии трансформатсияи муносибатҳои байналмилалӣ ва афзалиятҳои он таҳлил ва ба назар гирифтани вижагиҳои мавқеи геополитикии Тоҷикистон дар замони муосир ва таъсири он ба равандҳои трансформатсионӣ бисёр муҳим аст. Дар дунё имрӯз кишваре нест, ки танхо ва бидуни муносибат бо кишварҳои дигар арзи ҳастӣ намояд. Точикистон низ истисно нест. Аз рӯи ин гуфтаҳо, агар Тоҷикистонро дар маркази доирае қарор диҳем, гирди онро се ҳалқаи давлатҳо печонидаанд.
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Малдив, 26 июл 1965
   Истиқлолият ва худмухтории ҳар кишвар пурарзиштарин ва волотарин мақомест барои мардум ва аҳолии он. Барои дарёфти он сокинони он шабонарӯзӣ талош ва ҷаҳд мекунанд. Дар қорраи Осиё кишваре ҷойгир аст, ки бо талошу заҳамоти зиёд мардуми он неъмати истиқлолро ба даст оварданд. Ин кишвар Малдив ном дорад.
Page 1 of 4

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove