Материалы отфильтрованы по дате: Декабр 2020
Чоршанбе, 30 Декабр 2020 11:28
Дастовардҳои соли 2020
Соли 2020 барои кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) яке аз солҳои пурмаҳсул ба шумор меравад.
Душанбе, 28 Декабр 2020 12:20
Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай
26 апрели соли 1996 бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон “Панҷгонаи Шанхай” ба вуҷуд омад, ки ба таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай асос гузошта шуд.
Душанбе, 28 Декабр 2020 11:19
Нақш ва мақоми Васоити ахбори омма дар ҷомеа
Васоити ахбори омма (минбаъд ВАО) яке аз ниҳодҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ буда, аз бисёр органҳо ва ҷузъҳо иборат мебошад, ки ба воситаи онҳо аҳолӣ дар бораи ҳаёти сиёсии ҷаҳон иттилоот мегиранд. Воситаҳои ахбори оммаро баъдан дар қатори ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ ҳамчун ҳокимияти «чорум» меноманд. Мақоми ВАО пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки онҳо ҳамчун ташкилоти мустақил ба воситаи иттилооти сиёсӣ афкори умумро ташаккул дода, ба тамоми раванди ҳаёти сиёсӣ таъсир мерасонанд ва дараҷаи маълумотгирии сиёсии аҳолиро баланд мебардоранд.
Чоршанбе, 16 Декабр 2020 11:46
Ҳукумати Япония барои пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона мерасонад
Ҳукумати Япония дар доираи «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ» ҷиҳати мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона мерасонад. Кумаки мазкур 600 млн. йени япониро дар бар гирифта, он ҳамчун маблағи грантӣ маҳсуб мешавад.