wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Декабр 2020
Баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ ва иқдоми пешгирифтаи сиёсати дарҳои бози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илми тоҷик ба қатори дигар соҳаҳои кишвар рӯ ба инкишоф намуда, дастовардҳои олимони моро дар риштаҳои илмҳои дақиқ ва табиӣ-риёзиву фанҳои ҷамъиятшиносӣ берун аз Тоҷикистон низ мавриди истифода қарор медиҳанд ва донишмандони мо аз осори офаридаи донишмандони соҳаҳои гуногуни хориҷӣ хуб огаҳӣ доранд.
Баъд аз амали террористии 11 сентябри соли 2001, ҷаҳон шоҳиди тағироти куллӣ дар тартиботи ҷаҳонӣ гардид ва ҳамин тавр, муҳокима дар бораи ҳодисаҳои террористӣ як ҷузъи ҳаёти мо гаштанд. Ҳодисаи охири террористии дар Донишгохи Кобули Афғонистон рухдода аз он далолат мекунад, ки террористон бо ҳар роҳу восита мехоҳад амалҳои касифу нобахшидани ва бераҳмонаро анҷом диҳанд.  Ҳалокати даҳҳо ҳазор мардуми осоишта, махсусан кӯдакону занон аз ин хатари марговар гувоҳ аз он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад.
Дар васфи Тоҷикистон ва муҳити дилписанду мардуми меҳмоннавози он бисёр адибони сарзамини Аврупо асарҳои ҷолиб офаридаанд. Ҳар оне, ки аз аҳлу адаб ва фарҳанг ба Тоҷикистон сафар кард, муваффақиятҳои онро бо дили гарму чашми ҳақиқатбин дидааст, дар бозгашт як ҷаҳон хотироти нек бурдааст. Тасвири Тоҷи- кистон одамони сарбаланду, шаҳру деҳоту тамаддуни дирӯзу имрӯзи он дар сафар- номаҳо вобаста ба ақидаву мулоҳизаи муаллифон аз ҳамдигар бо куллӣ фарқ мекунанд. Дар аввал дар бораи се нафар адибони франсавие, ки аз солҳои 1931 то 1960 - 70 ба Тоҷикистон омадаанд, нақлу ҳикоятҳо мекунем. Инҳо Пол Вайян-Кутюрйэ, Пол Низан ва Владимир Познер мебошанд.
Дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ ниҳоди президентӣ ҳамчун яке аз намудҳои роҳбарӣ ба давлат маъмул буда, таърихи зиёда аз дусадсола дорад. Дар адабиёти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ таъкид шудааст, ки таърихи навини давлатдорӣ нуфузи мансаби президентӣ дар ҳастии халқу миллатҳои замони муосир аҳамияти бориз доштааст. Вале дар замони муосир, ки таҷрибаи ҳастӣ ва рушди давлатҳо зиёда ба ҷанбаи соҳибихтиёрии халқ ва эътирофи ҳокимияти мардумӣ такя мекунад, нақши Президент бамаротиб афзудааст.
Саҳифа аз 3 то 4