wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Феврал 2020
Интихобот ва раъйпурсӣ шакли олии изҳори иродаи халқ аст.  Халқ чун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор мекунад. Ба сохти идораи давлати демократӣ интихоботи озодона хос аст ва моҳияти демократии давлат низ рӯи ҳамин поя қарор дорад. Интихоботи ошкорову озодонае, ки шаффоф ва дар чаҳорчӯби муайянкардаи қонун барпо мегардад,  воситаи асосии амалӣ гардондани соҳибихтиёрии халқу миллат  мебошад. 
 
    Тибқи суханони президенти кишвар, ҳангоми мулоқот бо роҳбарони мақомоти давлатӣ оид ба мубориза бо коррупсия ҳар сол дар Ҷумҳурии Қазоқистон беш аз 2 ҳазор ҷиноятҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта шуда, беш аз 1 ҳазор нафар ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Қ.Ж. Токаев ин навъи ҷиноятро як бемории иҷтимоӣ номид ва даъват кард, ки ба он муқовимат кунанд. "Мавқеи принсипиалии ман: давлат бояд бо коррупсия пурра мубориза барад", таъкид кард Токаев. Вазифаи аввал, ба гуфти сарвари давлат, бояд ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон бошад.
     Тавре дида мешавад, дар марҳилаи ҳозира ташаккули иқтисоди рақамӣ, ки ба коркард ва татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ дар ҳаёти ҷомеа вобастагӣ дорад сурат мегирад. Истифодаи васеи таҷҳизоти мобилӣ, рушди интернет ва ғайра унсурҳои иноватсионие мебошанд, ки ба ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар сатҳи минтақаю кишварҳои ҷудогона ва ҷаҳонӣ равона карда шудаанд. Ин як амрест бебозгашт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала истисно намебошад ва барои гузаштан ба иқтисоди рақамӣ қадамҳои нахустин гузошта истодааст. 
(дар ҳошияи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ)
 
     Дар ҳар давру замон ҳар фарди ҷомеа пайваста барои беҳтар ва хубтар намудани зисту зиндагӣ кӯшишҳои зиёдро ба харҷ медиҳад. Барои осон намудани сатҳи зиндагӣ технология ва самтҳои афзалиятноки он хизмати беандоза калонро дорад. Технология ҳамчун илми ҷудогона дар асрҳои XVIII-XIX дар Аврупо, Амрико, Олмон, Шветсария, Ҷопон, Чин (Хитой), Русия ва дигар абарқудратони ҷаҳон ба баландтарин қулла расид.
Саҳифа аз 1 то 4