Материалы отфильтрованы по дате: Март 2020
Шанбе, 28 Март 2020 09:06
Фасод аз нигоҳи таҳлилгарони сиёсии Судон
Фасод (коррупсия) чист?
Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ягон сохторе нест, ки аз фасод эмин бошад. Ягон давлате ёфт намешавад ё тамаддуне дар гузашта ё имрўз, ки онро ҳамин вабои палиди фасод таъсир накарда бошад. Магар ин ки нисбати фасод аз ҳамдигар тибқи кўшишҳои анҷомшуда, барои мубориза зидди он фарқ мекунад. Монанди қонунҳои ба тасвибрасидаи маънкунанда бар зидди фасодкорон ва таъмини фарҳанги шафофият ва бозпурсӣ, ки аз ин паҳншавии фасод боз медорад:
Ҷумъа, 27 Март 2020 12:07
«Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»
Бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ рӯзи 20 марти соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ - омавии «Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» доир гардид, ки дар кори ин ҳамоиш ҳайати роҳбарияти Институт ва дигар кормандону меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Душанбе, 23 Март 2020 07:37
Мулоқоти Пешвои миллат бо олимон ва аҳли зиёи кишвар – заминаи муҳим барои дурнамои рушди илм ва маориф
Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат, ки санаи 18 марти соли ҷорӣ дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид, хусусан барои тақвият ва рушди минбаъдаи соҳаҳои илму маорифи кишвар боз як заминаи умедбахшро аз нигоҳи илмӣ ва вуҷуд овард.
Панҷшанбе, 19 Март 2020 13:14
Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2020 тасдиқ шуд
Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.