Материалы отфильтрованы по дате: Март 2020
Панҷшанбе, 19 Март 2020 08:16
Эълон! “Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” - семинари навбатии Институт
Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 - уми марти соли равон, соати 10:00 семинари илмии “Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” доир менамояд, ки дар он устодону коршиносон иштирок ва суханронӣ мекунанд. Аз ин рӯ, роҳбарияти Институт хоҳишмандонро барои ширкат дар семинари мазкур даъват менамояд.
Панҷшанбе, 19 Март 2020 04:51
Коронавирус ё COVID-19 ва таъсири он ба ҷараёнҳои ҳамгироии байналмилалӣ ва минтақавӣ
Таҳлилҳои ахир нишон медиҳанд, ки ҷаҳони муосир бо сабаби тавсеи бештар пайдо кардани маризии сирояткунандаи нав – коронавирус ё COVID-19 дар ҳолати вазнини санитарӣ - эпидемиологӣ қарор гирифтааст.
Панҷшанбе, 19 Март 2020 04:34
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар
18.03.2020 11:47, шаҳри Душанбе
Донишмандон ва зиёиёни гиромӣ!
Ҳамватанони азиз!
Ҳамватанони азиз!
Мулоқоти мо бо аҳли илми кишвар дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз - соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ баргузор мегардад.
Фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги миллиро ба шумо, аҳли илму маориф, зиёиёни эҷодкор ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.
Панҷшанбе, 19 Март 2020 04:20
Тавонмандиҳо ва нотавонмадиҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар соли 2020
Тавонмандиҳо ва нотавонмадиҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар соли 2020
Минтақаи Осиё бо тамоми сарватҳову санъатҳояш яке аз калонтарин макон дар олам шинохта мешавад. Омӯзишу таҳлили он муҳим буда, коршиносон раво мешуморанд, то чолишҳову хатарҳо ва пешрафтҳову ақибмондагиҳои ин қораи бузурги олам ба таври ҳамешагӣ баррасӣ гардад. Дар ин омӯзиш саҳми Бунёди Осиё чун як созмони байналмилалии ғайри давлатӣ муҳим буда, он вазифадор аст, то дар саросари Осиё рушд ва пешрафтҳои ҳаёти мардуми минтақаро ҳамасола баррасӣ кунад.