wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Июл 2020
   Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар  нимсолаи якуми  соли 2020 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2020 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар  Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда,  нерӯи илмиро барои  тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва  дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар муаррифӣ ва шинохти ин ё он мавзӯъ ё кори муҳим васоилу воситаҳое ҳастанд, ки нақши асосиро мебозанд. Яке аз инҳо рӯзнома мебошад, ки инъикоскунандаи асосии хабари рӯз буда, чун санади таърихӣ дар ҷомеа боқӣ мемонад. Инҷо хостем назаре ба яке аз рӯзномаҳои аглисзабони кишварҳои Ховар ё Шарқи Миёна бипардозем, ки чун манбаи аслии инъикоскунандаи масоили муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар минтақа ва ҷаҳон нақши асосиро то имрӯз нишон дода истодааст. Тибқи сарчашмаҳо Ховари Миёна минтақаест, ки аз тангаи “бобул мандиб” то тангаи “дори донил” ва то риштаи куҳҳои Ҳимолой ва бандари Карочӣ воқеъ гардида, чун минтақаи стратегӣ аз назари ҷуғрофӣ ва энергетикӣ буда, дорои 56,6 % нафти курраи замин мебошад. Инҷо дар худ қавмиятҳои гуногунро аз ҷумла эрониҳо, озарбойҷониҳо, туркҳо, курдҳо, балучҳо, арабҳо ва барбариҳоро дар худ ҷой додааст. Баъзе муаррихон дар вожаи Ховари Миёна кишварҳои Афғонистон, Покистон, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Африқои Шимолиро низ шомил мекунанд.
Таҳлили кунунии раванди вазъияти сиёсӣ – иҷтимоии байналмилалӣ ва минтақавӣ нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сабаби пандемияи коронавирус COVID – 19, буҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳарбиро аз сар гузаронида истодааст. Ин падидаи ғайриоддӣ тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ ба тамоми соҳаҳои зиндагӣ таъсири манфӣ расонад, кишварҳоро аз ҳам ҷудо намуда, тамоми ҷараёнҳои ҷаҳонишавию ҳамгироиро боздорад.
 

Осиёи Ҷанубӣ

 

кишварҳо

·          Афғонистон

·          Бангладеш

·          Бутан

·          Ҳиндустон

·          Молдиф

·          Нэпал

·          Покистон

·          Шриланка

 

 

Пойтахт

·         Коломбо

·         Дакка

·         Исломобод

·         Кобул

·         Катманду

·         Моли

·         Деҳлии нав

·         Тимфу

 
Саҳифа аз 1 то 4