wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Август 2020
Ҷалолуддини Румӣ аз нобиғагони назми классикии тоҷику форс буда, дар эҷоди суханварӣ дар дунёи Аврупо ҳамчун “пайғамбари беҳамтои кишвари ишқу зебоӣ” шинохта шудааст. Маснади ин суханофарини базми ишқ ба дараҷае воло ва шӯри каломи ҷонофаринаш он қадар сеҳрангез аст, ки номаш мояи орзу ва шеъраш боиси базму тараб будааст. Чакидаҳои қалами сеҳрнигори Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ шуҳрат ва аҳамияти ҷаҳонии адабиёти тоҷикро боз ҳам афзунтар ва ангезаҳои руҳонии тамаддуни башарро боз ҳам рангинтару ғанитар гардонидааст. Омӯзиши осори Мавлавии Румро дар Аврупо асосан дар охирҳои қарни XVIII оғоз кардаанд. Пажӯҳишгарони олмонизабони Аврупо Ҳаммер фон Пургштал, Фридрих Рюккерт, Ёҳан Волфганг фон Гёте, Теодор Нёлдеке, Карл Брокелманн ва махсусан Анна Марии Шиммел саҳми зиёде дар шинохти осори Мавлавӣ дар Аврупо ва дар мутолиаи ислом ва тарҷумаи китоби муқаддаси “Қуръон” ба забонҳои аврупоӣ гузоштаанд.
Душанбе, 03 Август 2020 09:01

Андар шеваи дарки маънои шеър

Шеър, хоса шеъри ғиноӣ, зодаи хаёлу илҳоми ногаҳонии шоири асилест, ки падидаҳои офаринишро мутобиқи завқи вежаи хеш бозшиносӣ карда, онҳоро дар густараи забон ғолибан ба гунае мавзуну муқаффо рақам мезанад, ки мухотаби ӯ бо хондани он ба дарку бардошти зебоишиносонаи шоир аз падидаҳои ҳастӣ даст меёбад. Муҳаммадтақии Баҳор мегӯяд, ки «шеъре, ки мақсуди мост, шеърест, ки аз димоғи шоире лоиқ ва дар як вақти озод ва ё ба вақти торике дар буҳбуҳаи эҳсосот ва тарокуми авотифи гуногун ва дар як ҳоли ҳаяҷонӣ гуфта шавад»[5, c. 931]. Ҳар андоза диди шоир ҳунармандона бошад ва ҳар андоза ҳусни баёнаш нозук, ба ҳамон андоза шеъраш дар сатҳи писандида, чи аз назари сурат ва чи аз нигоҳи маъно, ба забон меояд ва ба дили мухотабаш менишинад.

Саҳифа аз 5 то 5
 
http://www.zoofirma.ru/