Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2020
Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 11:50
Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаластин густариш меёбад
Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исса мулоқот намуд.
Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 11:48
Дарахти дӯстӣ биншон
Санаи 14-15 сентябри соли ҷорӣ дар толори конфронсии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинарӣ илмӣ-амалӣ барои устувор кардани муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва кушодани саҳифаи ҷадид дар муносибатҳои дуҷониба ва шарикии стратегӣ миёнӣ Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид.
Сешанбе, 15 Сентябр 2020 11:44
Бо муътадил шудани вазъияти эпидемикӣ ҳайати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Франсия ба Душанбе меояд
Тоҷикистон ва Франсия ҳамкориро дар бахши соҳибкорию сармоягузорӣ тақвият мебахшанд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Франсия, ки тариқи фосилавӣ доир гардид, матраҳ шуд.
Сешанбе, 15 Сентябр 2020 09:49
Узбекистону Тоҷикистон машаъалафрӯзони фарҳанг, ҳунар, адаб ва сулҳу дӯстӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон (Ба муносибати равобити дӯстии халқҳои Тоҷикистону Узбекистон)
Адабиёту забон, фарҳанг ва ҳунар аз калидвожаҳое шуморида мешаванд, ки халқияту миллиятҳои ҷаҳон бо рушду густариш додани онҳо мақому мартабаи худро аз зинаҳои поёнӣ ба зинаҳои болоӣ мерасонанд. Мардуми Осиёи Миёна хусусан тоҷикону узбекон бо доштани ҳамин авсофӣ адабӣ ва хислати неки башарӣ байни ҳам аз қадим равобити дӯстиву ҳамсоягӣ доштанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дӯстиву ҳамсоягӣ ин ду ситораи дурахшоне мебошанд, ки равобиту ҳамкории ҳасанаро байни инсонҳо муҳкам сохта, риштаи меҳру муҳаббатро таҳким мебахшанд.