wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Январ 2021
Панҷшанбе, 21 Январ 2021 10:28

Забони ашъори Асадулло Ҳабиб

“Забон ин силоҳи адиб аст. Ин ҳамон навъе, ки яроқ дар дасти сарбоз мебошад” гуфтааст нависандаи рус Максим Горкий (1868-1936). Маълум аст, ки хонанда, маъмулан, аз равониву хушсадоии асари назмӣ лаззат мебарад. Вале агар як зарра васеътар андеша кунем, пас диққати моро ҳатман мазмун ҳам ҷалб менамояд. Чун ин сифатҳоро дида қаноат ҳосил кардем, пас навбати дидани чигуна ороиш ва ё гулпӯш шудани шеър меояд, зеро баёни мазмун бе ороишҳои бадеӣ аз як хабари оддӣ, аз як матни ягон хусусияти лаззатбахш надошта фарқе надорад.
Таърихи инсоният саршор аз бархурдҳост. (Бархурд бо табиат, бо ҳайвонот, бо якдигар.) Ин бархурдҳо миллиардҳо қурбонӣ дар пай доштаанд. Барои мутобиқ шудан ба шароити кураи Замин ва ҳифзи бақои худ инсоният миллиардҳо ҷонро аз даст додааст. Ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад. Набард бо вируси “COVID-19” дар ин шабу рӯз аз ҷумлаи ҳамин бархурдҳо ва мутобиқшавиҳост. Замоне инсонҳо обйекти шикори ҳайвоноти даранда буданд, вале саранҷом худ ба шикорчӣ табдил ёфтанд ва дар бархурд бо ҳайвонот баранда шуданд. Бархурди инсонҳо бо якдигар низ дар тули таърих ҷони миллиардҳо инсонро рабудааст, ки он сабабҳои гуногун дорад.

Устод Муҳаммад Осимӣ хатмкардаи факултаи физика буда, донишманди мумтози соҳаи фалсафа гаштанд ва бештари умри худро ба корҳои роҳбарӣ дар муассисаҳои илмиву таълимӣ сарф карда, дар пешрафти илму фарҳанги мамлакат саҳми бузург гузоштанд. Вале дар тамоми умр аз кӯдакиву наврасӣ то пирӣ ҳамеша ба шеъру шоирӣ ва адабиёт пайванди ногусастанӣ доштанд.

Даҳсолаҳои охир рушди бесобиқаи таблиғоти ифротгароӣ ва терроризм дар Интернет ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, ҷаҳони муосир хатари ин падидаро ба таври комил арзёбӣ накарда, чунин мешуморад, ки ҳамлаҳои бевоситаи террористӣ (инфиҷор, оташзанӣ, гаравгонгирӣ, қатли мансабдорон ва ғайра) таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеа мебошад. Таъсири иттилоотии бунёдгароёнаро дар радифи дуюм қарор медиҳанд ва онро дуюмдараҷа мешуморанд, зеро он ба таври ноаён таъсир мерасонад, ҳамчунин муайян  кардани манбаи он номумкин аст.
Саҳифа аз 1 то 6