wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Январ 2021
 
Аббос Маҳмуди Аққод
Доир ба устод Аққод чизе навиштан, дар назари аввал хеле осон менамояд. Чаро ки услуб ва сабки эҷоди ӯ дар мақоланависӣ, китобнависӣ ва шеър аз равшан ҳам равшантар аст. Ҳар мавзӯъро ба дараҷае густурда ва амиқ фаро гирифтааст, ки баъди мутолиаи китоби ӯ дигар ба он мавзӯъ муроҷиат намудан ниёзе намебинӣ. Бо як калима: аз шарҳи мавзӯъ билкул қонеъ мегардӣ. Ин хулосаи таҷрибаи ман аз мутолиаи баъзе китобҳои ин устод аст. Унвони устод бо ҳарфи калон дар ҳаққи Аббос Маҳмуди Аққод дар кишвари Миср як ҳақиқати маълум ва эътирофшудааст. Барои мисол, файласуф ва адиби муосири Миср Анис Мансур (1924-2011) дар китоби “Маҳфили Аққод” ки зиёда аз 700 саҳифа мебошад (нашри сеюм, соли 1993 дар Қоҳира)[1] дигар мутафаккиронро бо номашон зикр карда, аммо Аққодро ҳамаҷо бо номӣ “Устод” зикр мекунад. Дар ҳеҷ китоби дастаҷамъие дар олмаи араб вуҷуд надорад, ки доир ба Аққод бобе ҷудо накарда бошанд.
Душанбе, 11 Январ 2021 10:40

Ҷашни “Сада” - мужда аз Наврӯз

Ҳар кас, ки таърихи гузаштаи худро надонад, ояндаи худро сохта наметавонад.
                                                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон
«Сада» худ чӣ гуна ҷашн аст ва аз куҷо сарчашма мегирад? Чаро зарурати ҷашн гирифтани он ба миён омад? Фарқияти ҷашни Сада аз Наврӯзу Меҳргон дар чист?
Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, “Сада” ба мисли Наврӯзу Меҳргон таърихи қадима дошта, умед ба рӯзи нав, яъне Наврӯзи оламафрӯз мебошад. “Сада” низ мисли ҷашнҳои Меҳргону Наврӯз аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёитабор ба шумор меравад, ки онро ҳар сол 10 - уми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ, ки  ба 30 - юми январи солшумории  мелодӣ рост меояд, ҷашн мегиранд.
06.01.2021 17:40, шаҳри Душанбе
 
(Сарсухани Ҳайати таҳририяи рӯзнома) 

Дар мусоҳиба бо рузномаи «Аш-Шарқ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои Тоҷикистону Қатарро дар ҳамаи сатҳҳо баланд арзёбӣ карда, аз мазмуну муҳтавои онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд ва иброз доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи ин кишварҳо тайи солҳои охир бомаром рушд карда истодаанд. Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Қатар бар асоси арзишҳои муштараки тамаддуниву таърихӣ ва усули бародариву ҳамдигарфаҳмӣ, риояи манфиатҳо ва эҳтироми ҳамдигар роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамчунин, бо ишора ба таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкории ҷонибҳо илова карданд, ки механизмҳои ҳамкориҳои тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтаанд. Зимнан Ҷаноби Олӣ алоқамандии кишварашонро ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти ҳамаҷонибаи абзорҳои мазкур дар доираи шарикии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қатар қайд карданд.
Шинохт ва огоҳӣ доштан аз осори шахсиятҳои таърихии миллат аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар пажӯҳанда ба шумор меравад, зеро маҳз бо донистани онҳо метавон аз гузаштаи таъриху тамаддуни он миллат тасаввуроте пайдо намуд ва ахлоқи худро ба гуфтаву фармудаҳои эшон музайян сохт. Саъдии Шерозӣ аз ҷумлаи чунин фарзонагонест, ки эҷодиёти ӯ мавриди омӯзиши муҳаққиқони зиёде гардидааст. Саъдӣ аз худ мероси зиёде дар ҷанбаҳои гуногуни илм боқӣ гузоштааст, ки то ҳол мавриди баҳсу баррасӣ қарор доранд. Ӯ чандин забонҳоро аз худ намуда, осору ашъори хешро бо забони ноби тоҷикӣ нигоштааст. Дар миёни осори гаронбаҳои Саъдӣ “Бӯстон” ва “Гулистон” мақоми волоеро ишғол намуда, шуҳрати шоирро дубора меафзоянд.
Саҳифа аз 7 то 8