wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Январ 2021
 
Пешгуфтор
Масъалаи ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба ҳувияти миллӣ ва хештаншиносӣ тайи се даҳаи охир мавриди баррасии соҳибназарони аксар кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Дар раванди мардумони кишварҳои гуногун бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд ва ба ҳамдигар аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъсир мерасонанд. Як гурӯҳ ин равандро ҳувиятзудо дарёфта, аз хатароти он сухан дар миён мегузоранд, гурӯҳи дигар бошад, баръакс, раванди ҷаҳонишавӣ ва наздикшавии миллатҳои гуногунро омили баланд шудани ҳувияти миллӣ меноманд. Онҳо муътақиданд, ки дар баробари шиносоии бештари миллатҳои дигар, намояндагони як миллат ба фарҳанг ва таърихи худ таваҷҷуҳи бештар намуда, худро бар баробари дигарон мегузоранд. Ин дар натиҷа боиси баландтар шудани худшиносии миллӣ гашта, дар зеҳни мардум масъалаи ҳифзу тақвияти фарҳанги худашонро ба вуҷуд меоварад.
 
Нақши созмонҳову муассисаҳо аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар таҳкими равобити кишварҳо хело муҳим арзёбӣ мешавад. Инҷо зарур донистем, то назари таҳлилии мутахассисони соҳаро мавриди баррасӣ қарор диҳем.  Андре Хантке мутахассис дар равобити байналмилалии Донишгоҳи Нотингам Нигбои  Чин  баррасиҳояшро оиди пайвастани кишварҳои Ҳиндустон ва Покистон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баён кардааст, ки метавон онро мавриди омӯзиш қарор дод. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо эълони ҳамоиши соли 2016 дар шаҳри Тошканди Узбакистон, сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай кишварҳои Ҳиндустон ва Покистонро ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмон дар соли 2017 пазируфтанд.
Ҷумъа, 08 Январ 2021 11:49

Донишу хирад зидди хурофот

Аксарияти устураҳое, ки аз замони қадим бо қувваи тахайюл эҷод гардида буданд ва то ҳол идома доранд, ба хурофот табдил ёфта, ҷузъи ҷудонашавандаи инсониятро ташкил медиҳад. Инсон то андозае пойбанди он гардидааст, ки ҳатто онро ба як расму русум ва одати рӯзмарраи худ табдил додааст. Бехабар аз он ки зери ҳар як хурофоти сохтаву бофта, ки бо қувваи тахайюл эҷод шудааст, мақсад ё ҳадафи бузурге ниҳон аст.
Саҳифа аз 8 то 8
 
http://www.zoofirma.ru/