wrapper

Материалы отфильтрованы по дате: Феврал 2021
Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 08:22

Шанхайская Организации Содружество

  Книга посвящена Шанхайской организации сотрудничества. В ней, раскрывая причины возникновения и развития данной международной организации, Автор, с целью облегчения усвоения материала, поэтапно излагает периоды становления ШОС. Пристальным предметом изучения данной книги являются вопросы, связанные с формированием структуры управления, апробированные формы сотрудничества, роль и место отдельных стран участниц ШОС в повышении престижности данной международной организации и её взаимоотношения с ООН и многими близкими по духу международными организациями.
Дар нишасти илмии навбатие, ки ба таърихи 23 феврали соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо доир гардид, масъалаҳои марбут ба таъсири буҳрони COVID-19 ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиё ва Аврупо, аз ҷумла Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Нишасти мазкур дар доираи нақшаи кории Институт бо ташаббуси шуъбаи Аврупо ва Амрико доир карда шуд.
Сешанбе, 23 Феврал 2021 11:43

Исломгароӣ: таҳдиди воқеӣ?

 
      Воқеияти бебаҳс он аст, тайи муддати тӯлонӣ дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон (ба қавли Президенти Россия “аз Филиппин то Косово”) ташаккули минтақаҳои гуногунсатҳи ноустуворкунандаи авзои иҷтимоӣ-сиёсӣ, нажодӣ-сиёсӣ, ҳарбӣ-сиёсӣ бо ҷалби фаъолонаи    ташкилоту ҳаракатҳо, гурӯҳу низомҳои исломӣ (исломгаро) ба назар мерасанд. Дар Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, Аврупои Ғарбӣ, Африқои "сиёҳ", ИМА, Амрикои Лотин ва аз ҳама муҳим барои мо дар Русия (дар Чеченистон ва тамоми Кавкази Шимолӣ, дигар минтақаҳо),   ин ҳама дар шакли амалҳои террористӣ, исёну шӯришҳо, ҳаракатҳои ҷудоихоҳона ва номуваффақ, амалиёти тӯлонии низомӣ ва даргириҳои шадид зоҳир мешаванд.
Имрӯз (23.02.2021) бо ташаббуси Шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии “Иқтисоди Олмон дар вазъи пандемияи COVID-19” баргузор гардид, ки дар семинар тамоми кормандони Институт иштирок намуданд.
Мудири шуъба, доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова суханронӣ намуда, роҷеъ ба мушкилоти пандемияи COVID-19 ибрози ақида намуда, аз ҷумла гуфтанд, ки ки иқтисоди кишвари Олмон иқтисоди калонтарини Аврупо ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи тадқиқоти илмӣ такмили равандҳои саноат таҷрибаи донишҳои лаботраторӣ, истеҳсоли рақобатпазир ва аз ҳама муҳим дорои сармояи бузурги инсонӣ ба даст омадааст.
Пеш аз ҳама иқтисоддонҳои аврупоӣ пешгӯӣ мекарданд, ки бо “Хурӯҷи Бритониё” аз Иттиҳоди Аврупо иқтисодиёти Аврупо алалхусус Олмон то муддате дар ҳоли сукут қарор мегирад ва баъдтар танзим мешавад.  Яке аз сабабҳои аслии хурӯҷи Бритониё аз “иттиҳод” аз даст додани бозорҳои фурӯш ва зери таъсири иқтисоди Олмон қарор гирифтани ӯ буд.
Агар Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо ҳар чи зуд хориҷ намешуд, истеҳсолоти дохилӣ коста намешуд ва дар бозору марказҳои савдо ҳатто хурдтарин маҳсулот зери бренди “Made in Germany” намудор мешуд. Дар Олмон мағозаҳо, тарабхонаҳо, осорхонаҳо баста шуда хиёбонҳои холӣ ба назар мерасад.
Ҳамчунин ба гуфтаи муаллима раиси комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула Фон дер Ляйен дар нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки аз 50 то 70 млн аҳолии Аврупо ба таври ройгон ваксинатсия мегузаранд:
“Қобили зикр аст, ки Олмон дар кишварҳои Аврупо яке аз аввалинҳо шуда, оқибатҳои манфии пандемияро аз сар гузаронид, ки ин ба сатҳи баланди кушоди иқтисод мутаносибан аз содирот ва воридоти молҳо вобастааст. Як қатор соҳаҳо қатъ карда шуданд, кормандон ба ҳафтаи кӯтоҳи корӣ гузаронида шуданд. Бо вуҷуди ин пешгӯиҳои вазири иқтисоди Олмон Петр Алтмайер қайд намудааст, ки дар соли 2021 иқтисоди Олмон 4,4 дарсад афзоиш хоҳад ёфт”.
Бояд гуфт, ки Олмон “Пешвои Иттиҳоди Аврупо” номида мешавад, ки дар якҷоягӣ бо Фаронса, на танҳо ба тасмимгирии сиёсии кишварҳои ИА таъсир мерасонад, балки ин ду кишвар самтҳои асосии ҳамкории иқтисодии Иттҳоди Аврупоро муайян мекунад. Аз ин рӯ Олмонро беҳуда муҳаррики иқтисоди Аврупо ном намебаранд.
Имрӯзҳо дар раванди таҷлили 28-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва бояд гуфт, ки тайи 28 соли фаъолият Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро паси сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтанд ва барои ҳифзи марзу буми ватани азиз собитқадамона рушду такмил меёбанд.
 
           Аё кишвари ман ту гавҳари ман,
           Ҳамеша бошӣ сарсабз, аё сарзаминам!
           Муборак бодо иди артиш ай далерон!
           Кунун иди шумо аст, родмардон.
 
Ва ман аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми родмардони ҷасуру ғайюри кишварро бо ин рӯзи идашон табрику муборакбод гуфта, инчунин кормандоне, ки дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ адои хизмат намуданд, табрику таҳният гуфта, ба онҳо пеш аз ҳама тансиҳатӣ, хушбахтии аҳли байт, иродаи қавӣ ва энержии мусбат, дар шоҳроҳи зиндагӣ ҳамеша саршор аз ишқ бошед!
 
 Санавбарбону Воҳидова,
мудири Шуъбаи Аврупо ва Амрико
д.и.т., профессор 
Саҳифа аз 1 то 9
 
http://www.zoofirma.ru/