wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Апрел 2021

 

Дар асоси маводи дар васоити ахбори оммаи ҳамсоякишварҳо, ба хусус дар ҷумҳурии ҳамҷавори мо - Қирғизистон ба нашр расида, баҳои коршиносон, таҳлили вазъият дар ин кишвар ва мушоҳидаҳои шахсӣ ба хулосае расидан мумкин аст, ки яке аз сабабҳои асосии номуътадилии вазъият, баргузории митингҳо, роҳпаймоиҳо, иртиботи ин митингҳо бо митингҳои кишварҳои дигар (миёни «Майдон»-и Украина ва митингҳои Қирғизистон), тез-тез иваз шудани Ҳукумат ва Президент дар ин кишвар, такрори ҳаводиси номатлуб ва дар охир, ақибмондагии ҳамаҷонибаи мамлакат, пеш аз ҳама ба миқдори зиёди ҳизбҳои сиёсии ба қайд гирифта шуда (бештар аз 500) ва фаъолияти онҳо, ташкилоту созмонҳои ғайридавлатӣ (бештар аз 10 000 адад) ва аз ҳама муҳимтараш, сарпарастӣ ва маблағгузории созмону ташкилотҳои давлатӣ ва нимадавлатии хориҷӣ ба ин иттиҳодияҳо мебошад. 
(ба муносибати 110-умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода)
Дар ибтидои солҳои 30-юми қарни XX ба арсаи адабиёт шахсияте ворид гардид, ки дар густариши адабиёт ва тавсеаи равобити тоҷик ва халқҳои ҷаҳон нақши намоён гузошт. Ин шахсият Мирзо Турсунзода буд. Дар байни адибони тоҷик касе ба андозаи М. Турсунзода дар ташаккули равобити адабӣ бо кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо Ҳиндустон мақоми болотаре надорад ва осори гаронарзише наофаридааст. Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва мубаллиғи сулҳу амонӣ ва ғояҳои гуманистиву инсонмеҳвариву интернатисоналӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии кишварҳои Шарқу Ғарб хизматҳои беназир кардааст. Дар натиҷаи сафарҳо ба Деҳливу Исломобод, Парижу Варшава, Венаю Қоҳира, Стокголму Хелсинки, Доруссалому Ҷакарта ва ғайра (дар харитаи сафарҳои М. Турсунзода зиёда 25 кишвари дунё тасвир шудааст) ҷаҳонбинии Мирзо Турсунзода ташаккул ёфт ва ӯ чун шахсияти барҷастаи фарҳангию иҷтимоӣ камол ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар шеъри “Ватан” М. Турсунзода сафарҳои худро ба хориҷ бо чунин мисраҳо тасвир кардааст ва ҳофизи миллат, Борбади замон Ҷӯрабек Муродов бо оҳанги хеле дилнишин ин сурудро ҷаззоб месарояд:
Дирӯз (14.04.2021), дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аташеи фарҳангии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон хонум Лола Рожес ва директори минтақавии Осиёи Марказии Фаронса дар Бишкек Адрман Фов ташриф оварданд.
Бо ҳамин ном 13 апрели  соли 2021 дар маҷлисгоҳи Институти омӯзиши масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, семинари илмӣ-амалӣ, бо  ҷалби мутахассисони  соҳавии  давлатӣ ва ширкатҳои  сайёҳии ғайридавлатӣ, баргузор гардид. Дар чорабинӣ меҳмонони зерин иштирок ва суханронӣ намуданд: Қодирзода Сайёд - намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Олимҷон Алимурзаев менеҷери лоиҳаи “Hi Central Asia” ва Идиев Усмон менеҷер оид ба маркетинг ва савдои ширкати  сайёҳии  “Go Travel Tajikistan”.
Саҳифа аз 1 то 3