wrapper

Материалы отфильтрованы по дате: Июл 2022
  21 июли соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон Мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қ.Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С.Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон, Президенти Туркманистон С.Бердимуҳаммадов ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиеев иштирок намуданд.
  Хабари марги собиқ нахуствазири Ҷопон Синзо Абэ, субҳи 8 июли соли ҷорӣ ҷаҳонро такон дод. Тамоми расонаҳо дар саросари ҷаҳон дар бораи ин ҳодиса хабар медоданд. Ҳангоми суханронии ин сиёсатмадор дар яке аз шаҳрҳои Ҷопон, дар остонаи интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар, як низомии собиқ аз пушт ба бадани вай ду гулула аз яроқи худсоз холӣ мекунад. Дар натиҷаи ин ҳамла Синзо Абэ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхорна ҷони худро аз даст медиҳад. Дар бораи ангезаву ҳадафҳои қотил расонаҳо зиёд навиштаанд ва ҳоло тафишот идома дорад. Ин ҷо чанд сухане оид ба сиёсат ва ҳадафҳои ин сиёсатмадори машҳур овардан мехоҳем.
  Федератсияи Русия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, 8 апрели соли 1992 робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд, ки аз ин сана 30 сол сипарӣ гардид. Аз соли 1992 то ба соли 2022 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия беш аз 250 созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст.
  Системаи муосири маориф дар Ҷумҳурии Чехия аз якчанд зина иборат буда, воқеан ба шаҳрвандон имкониятҳои хубе пешкаш менамояд, то ки сатҳи таҳсилоти худро дар давоми ҳаёташон баланд бардоранд.