wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

"Саҳми Пешвои миллат дар баргузории Корвонҳои сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи Ваҳдат"

 
Дирӯз 24.06.2021, дар ноҳияи Варзоб бо ташаббуси Корвони сулҳу ваҳдат ҳамроҳ бо Институти омӯзиши масъалаҳои давлтаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи "Саҳми Пешвои миллат дар баргузории корвонҳои сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи Ваҳдат" бо иштироки олимону мутахассисони соҳа баргузор гардид. 
Дар мизи мудаввар Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ, муовини директор оид ба илм ва таълими Институт дар мавзӯи "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон ва ваҳдати миллӣ" маърӯза намуд. Ҳамзамон д
ар ин чорабинӣ иштирокчиёни корвонҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, ки дар чанд давра доир гардид, суханронӣ намуданд. Зимни суханрониҳо бори дигар саҳми бузурги Пешвои миллат. муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ишора гардид.
Дар охири чорабинӣ аз тарафи иштирокчиён пешниҳод карда шуд, ки бахшида ба 25 - солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ марҳилаи навбатии корвони сулҳу ваҳдати миллӣ бо ҷалби ҷавонони лаёқатманди кишвар доир карда шавад. Инчунин нишон ё медали корвони сулҳу ваҳдат тасдиқ карда шуд.
        
                              
 
Муфассал ...

Процесс обучения иностранного языка в настоящие время

Сегодня наша республика переживает большие перемены на всех сферах жизни, так как меняются приоритеты и выдвигаются новые ценности, что ведет к коренным изменениям не только в области политики и экономики, но и в системе общего и профессионального образования. Муфассал ...

Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон ва ваҳдати миллӣ

Эъмори ҳар давлатро, бе муҳобот, бидуни оромиву субот тасаввур намудан ғайриимкон аст. Вале бо амри тақдир барои баъзе аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ он дар майдонҳои куллан ноозмуда рӯи кор омад, ки таърих мисолашро ёд надорад. Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/