wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

Густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон равобити устувор ва қадимаву дўстона доранд. Ду кишварро алоқаҳои мустаҳками сиёсиву фарҳангӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ба ҳам мепайвандад. Пайвандии ду кишвар таърихи дуру дароз дошта, дар асоси урфу одат, анъанаҳо ва муқаддасоти муштарак асос ёфтааст. Дарёфти истиқлолият боиси барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон гардид.[1] Муфассал ...

Сафири нави Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

Имрӯз муовини якуми Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдонро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Арабистони Саудӣ дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон орзуи комравоӣ намуд.
Муфассал ...

Навъи нави коронавируси ҳиндӣ “Делта”

Намуди нави вируси мутатсияшуда “Делта”, ки аввалин бор дар моҳи октябри соли 2020 дар Ҳиндустон ба қайд гирифта шуда буд, ҳоло дар 92 кишвар паҳн шудааст. Хотиррасон карда мешавад, ки "Делта" қаблан намуди "ҳиндӣ"-и вирус номида мешуд. Ин як намуди мутатсияи коронавируси SARS-CoV-2 мебошад. Эпидемиологҳо изҳор медоранд, ки мутатсия бо номи K417N метавонад фаъолияти антителаҳои одамонеро, ки қаблан гирифтори коронавирус будаанд ё одамони эмшуда коҳиш диҳад. Ин маънои онро дорад, ки он аз вирусҳои навъи пештар (алфа, бета ва гамма) зудгузарандатар ва зудпаҳншавандатар буда, мушкилоти ҷиддиро ба вуҷуд меорад ва ба ваксина ва доруҳо  мутобиқат нишон медињад. Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/