wrapper

Хабарҳо

Эълонҳо

ТАЪЗИЯ

   Кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати фавти модари корманди Институт, Субҳиддин Зиёев андӯҳгин буда, ба тамоми аъзои оила ва наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ баён намуда, аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.
Маъмурияти Институт Муфассал ...
Хондан 49 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

«ОСИЁ ВА АВРУПО» - маҷаллаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

   Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи илмии «Осиё ва Аврупо»-ро таъсис дод, ки дар он мақолаю тақризҳо ва ахбори илмӣ дар бахши омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ба табъ мерасанд. Маҷалла мақолаҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пазируфта, ҳамроҳи мақола фишурдаи он низ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ талаб карда мешавад.
   Ходимони илмии институт ва ҳамаи муҳаққиқони дохил ва хориҷи кишварро, ки дар самтҳои номбурда кор мекунанд барои ҳамкорӣ даъват мекунем. Муфассал ...
Хондан 1192 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Семинар: Баррасии санъати таркиббандии лафзӣ дар осори Амир Хусрави Деҳлавӣ

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон 1 - уми марти соли 2019 соати 10:00 таҳти унвони «Санъати таркиббандии лафзӣ дар осори Амир Хусрави Деҳлавӣ» семинари илмӣ баргузор мегардад.
   Дар семинар, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Ёрмаҳмад Ниёзӣ, сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош, раиси Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов ва дигар меҳмонон ширкат ва суханронӣ хоҳанд намуд.
   Интизор меравад, ки дар он устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор, Мисбоҳиддин Нарзиқул дар мавзўи «Санъати таркиббандии лафзӣ дар осори Амир Хусрави Деҳлавӣ» баромад намояд.
   Семинар дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст. Муфассал ...
Хондан 926 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

ЭЪЛОН!

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи кории худ ҷиҳати омӯзишу баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ, хосатан кишвраҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтааст, дар мавзӯи “Вазъи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои рушди он” мизи мудаввари илмиро баргузор намояд. Муфассал ...
Хондан 334 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove