wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

Геополитика ва мушкилоти тоҷикон дар масири  ҳувийятсозии  миллӣ

Агар  бигӯем, ки фақат омилҳои объективӣ сабабгори аслии зуҳури мушкилоти замони гузашта ва имрӯзи миллии мост, ин дидгоҳи дуруст ва воқеъбинона нахоҳад буд. Чунин андеша дар бораи мушкилоти миллии гузашта ва шинохти ишколоти вазъи кунунии ҷомеаи мо на фақат воқеъбинона нест, балки ҳатто дар роҳи рушди мо ба сӯи оянда аз лиҳози зеҳнӣ монеа эҷод мекунад ва шонаҳои моро аз пазириши бори масъулият дар назди тамоми нокомиҳои гузаштаву ҳозираи ҷомеаи хеш то андозае сабукбор месозад. Ин гуна шинохт ва ҷаҳонбинӣ роҳро ба таври фарох ба сӯи фарофиканиву тақдиргароӣ (фатализм) ва дар зимн, бемасъулиятӣ боз хоҳад гузошт. Муфассал ...

Мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Қатар

16 июни 2021 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Иброҳим ал-Абдуллоҳ баргузор гардид. Муфассал ...

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

11.06.2021, шаҳри Хуҷанд
 

Нимаи дуюми рӯзи 11 июн сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июн дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди вилояти Суғд сурат гирифт, бо натиҷаҳои неку бобарор ва созанда барои рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ, ҳамсоягӣ ва дӯстию бародарӣ, ба анҷом расид.

Муфассал ...