wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

Суханронӣ зимни мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа дар Қасри фарҳанги «Арбоб»

11.06.2021, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
 

Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Хуш келипсиз, азиз дӯстлар!
Дӯстон ва меҳмонони азиз!
Хуш омадед!

Шуморо бо камоли самимият дар Қасри «Арбоб» -и вилояти Суғд хайрамақдам мегӯям!

Имрӯз мо шоҳиди рӯйдоди таърихӣ ҳастем.

Бори нахуст дар таърихи муосири муносиботи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон роҳбари давлати ба мо ҳамсоя ва дӯсти Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҳузур доранд.

Бисёр муҳим аст, ки сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо дар соли  30-юмин солгарди  соҳибистиқлолии давлатҳои  мо сурат мегирад.

Бо истифода аз имконият, дар шахси Шумо, Шавкат Миромоновичи  азиз, мехоҳам тамоми мардуми наҷиби Ӯзбекистони бародарро бо ин ҷашни таърихӣ самимона табрик намоям.

***

Истиқлолияти давлатӣ ба халқи Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст.

Халқи Тоҷикистон фоҷиаи муқовимати шаҳрвандиро, ки мамлакати мо дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ бо он мувоҷеҳ шуд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Он боиси харобиҳои азим ва маҳрумиятҳо гардид.

Тавре маълум аст, маҳз дар Қасри фарҳанги «Арбоб» воқеаҳое рух доданд, ки дар ташаккули Тоҷикистони нави соҳибистиқлол ва мустақил нақши таърихӣ доштанд.

Маҳз дар ҳамин ҷо қарорҳое қабул шуданд, ки пойдевори давлатдории навини тоҷиконро гузоштанд.

Дар дохили деворҳои ин қаср роҳи қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози мусолиҳаи миллӣ интихоб шуд.

Басо рамзист, ки имрӯз дар ин бинои таърихӣ, ки таҷассуми сулҳ, ризоият ва созандагӣ мебошад, мо бо дӯст ва бародари азизам муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев бо фаъолон, намояндагони ҷомеа, аҳли илм ва зиёиёни эҷодкори вилояти Суғд мулоқот мекунем.

Боварӣ дорам, ки натиҷаҳои сафари расмии кунунии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пойдевори боэътимоди дӯстӣ ва шарикии  стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро мустаҳкамтар хоҳанд кард.

Байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муносиботи боэътимод вуҷуд доранд ва ба мо имкон медиҳанд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобила мутобиқи нақша инкишоф бидиҳем.

Ҷоиз аст, ки сатҳи баланди ҳамкории мутақобила ва тавсеаи робитаҳо байни минтақаҳо, инчунин минтақаҳои наздимарзии ду кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд ба таври хос  зикр карда шавад.

Дар ин замина, мехостам аз номи сокинони вилояти Суғд ба муҳтарам Шавкат Миромонович барои саҳми бузургашон дар фароҳам овардани шароит барои ҳамлу нақли озоди одамон ва молҳо дар байни кишварҳоямон миннатдорӣ баён намоям.

Таърихи муносиботи мутақобилаи халқҳои тоҷик ва ӯзбек аз анъанаҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ, дастгирии якдигар ва кумак ба  ҳамдигар ғанӣ аст.

Мо дар хотир дорем, ки дар лаҳзаҳои барои кишвари мо душвортарин халқи ӯзбек ҳамеша ба мо дасти ёрӣ дароз мекард.

Дӯстони азиз,

Дар саргаҳи анъанаҳои неки башардӯстона дар муносибот байни Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон ниёгони маъруфи мо, чунин шахсиятҳои бомаърифати  даврони худ, ба мисли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доштанд.

Бинобар ин, вазифаи мо дар марҳилаи кунунӣ идома додани рисолатест, ки ниёгони бузургамон онро оғоз бахшида буданд.

Дар ҳама давру замон моликони дониш ва принсипҳои олии ахлоқӣ, ки намояндагони аҳли зиё мебошанд, дар рушди давлатҳо, ташаккул ва тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи сулҳу ризоият ва таъмини фазои дӯстӣ ва муносиботи неки ҳамҷаворӣ байни халқҳо нақши калидӣ доштаанд.

Шоири бузурги мо Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» -и безаволи худ андешаҳояшро дар мавриди аҳамияти дониш чунин баён кардааст:

«Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад».

Ин суханони шоир ва мутафаккири бузург моро водор месозанд, ки тамоми қувва ва воситаҳоро барои таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа ҳамчун заминаи асосии ташаккули давлати неруманд ва сифатан баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ сафарбар намоем.

Мо аз тамосҳои рӯзафзуни илмӣ ва фарҳангии байни кишварҳоямон дар солҳои охир самимона хурсандем.

Боварӣ дорам, ки дар солҳои оянда роҳи татбиқи амалии чорабиниҳои муштараки илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ идома хоҳад ёфт.

Ҳукуматҳои ду кишвар барои фароҳам овардани шароити зарурӣ кӯшиши зарурӣ ба харҷ хоҳанд дод.

Дӯстони азиз,

Дӯстии тоҷикон ва ӯзбекҳо — манбаи фанонопазири  қувва, неру ва илҳом барои халқҳои мо аст.

Дӯстии мо — калиди ҳалли ҳамаи масъалаҳо ва вазифаҳои ҳалнашаванда аст.

Мо муваззафем, ки дӯстии халқҳоямонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Дар кори наҷиби ҳифз ва таҳкими минбаъдаи он мо аз тамоми  қишрҳои фаъоли ҷомеаи кишварҳоямон, ба шумули зиёиён, умеди калон дорем.

Дар фарҷом, иҷозат фармоед бори дигар Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович ва тамоми бародарони ӯзбекамонро дар вилояти Суғд хайрамақдам бигӯям.

Поянда бод дӯстии халқҳои Тоҷикистони ва Ӯзбекистон!

Бигзор, сулҳу субот дар хонадони мо ҳамеша устувор бошад!

Бигзор, бахту саодат ҳамеша насиби мо бошад!

Муфассал ...

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд

11.06.2021, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
 

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Қасри таърихии Арбоб бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.

Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти хос меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо хушнудӣ таъкид доштанд, ки ҳар як вохӯрии ҷонибҳо ва муҳокимаи робитаҳои дуҷониба барои таҳкими шарикии стратегӣ саҳми босазо мегузорад.

 Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба умумиятҳои ҳудудӣ, ҷуғрофию таърихӣ ва фарҳангии ду мамлакати ба ҳам дӯсту ҳамсоя асос ёфта, таърихи чандинасра дорад. Рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад, - изҳор доштанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин Сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи мавқеи ягонаву устувори давлатҳо ва мардумони ду мамлакат барои идомаи рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки ҷонибҳо бо истифода аз боварию эътимоди байниҳамдигарӣ барои ноил гардидан ба татбиқи тавофуқоти пешин талош хоҳанд кард.

Таъкид гардид, ки халқҳои мо, новобаста аз мушкилоти зиёд ва рӯйдодҳои таърих, ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд.

Дар воқеъ, тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дӯстию бародарӣ кӯшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд.

Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошанд.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки кушодани ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва барқарор намудани ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳану ҳавоӣ байни давлатҳои ҳамсоя ба манфиати соҳибкорон ва мардумони ҳар ду мамлакат буда, ҷиҳати густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам овард. 

Густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ ва мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки адибону олимон ва арбобони фарҳангу санъати ду мамлакат аз мавзӯъҳои дигар ва муҳими мулоқот бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд ба ҳисоб мерафат.

Пас аз суханронии сарони давлатҳо профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Матлубаи Мирзоюнус ва сокини ноҳияи Деваштич Наврӯза Мамирова баромад карда, барои фароҳам овардани шароиту имконот дар самти рафтуомади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду мамлакат, рушди саёҳату тиҷорат ва дигар тадбирҳои зарурӣ, ки боиси баҳамоии халқҳои тоҷику ӯзбек гардид, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев изҳори сипоси амиқ намуданд.

Муфассал ...

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

11.06.2021, шаҳри Хуҷанд
 

Субҳи 11 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.

Меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарият ва намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд бо риояи анъанаю суннатҳои хоси ҳамсоягӣ, дӯстию рафоқат ва меҳру муҳаббат, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Иродаи сиёсии роҳбарони ҳар ду давлат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи навро оғоз бахшид.

Соли 2018 гузаргоҳҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид. Мулоқотҳои дуҷониба ва гуфтушунидҳо, сафарҳои давлатии сарони ҳар ду давлат, имзои созишномаҳо дар бораи шарикии стратегӣ миёни кишварҳои дӯсту бародар ва таъмини рафтуомади озоди шаҳрвандон ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, гуманитарӣ ва илмӣ-фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон замина гузоштааст.

Дар доираи созишномаҳои байнидавлатӣ робитаҳои минтақавии вилоятҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои гуногун инкишоф меёбанд.

Дар назар аст, ки роҳбарони ҳар ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зимни сафар аз корхонаҳои саноатӣ, иншооти энергетикӣ, мавзеҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал меоранд ва бо намояндагони доираҳои саноатию тиҷоратӣ, соҳибкорӣ, аҳли илму фарҳангу зиёи вилоят мулоқоту суҳбатҳо анҷом медиҳанд.

Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/