wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар

Таҷрибаҳо собит намудаанд, ки танҳо муносибати неку самимӣ ва дӯстонаи байни кишварҳо дар арсаи сиёсат, фарҳанг ва ҳамкории доимии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ҷаҳон метавонад самару манфиати зиёде ба бор оварад. Ҳамин аст, ки ҳамкорию таъовун миёни кишварҳо рӯз ба рӯз бештару беҳтар мегардад. Дар муносибатҳои байналмилалӣ бештари робитаҳо байни кишварҳои рӯ ба тараққиниҳода, дар ҳоли рушд қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо кишварҳои Шарқу Ғарб рӯз ба рӯз ҳамкории худро беҳтару хубтар ба роҳ монда истодааст.

Муфассал ...

Мирзо Турсунзода – муаррифгари тоҷикон дар Шарқи араб

Дар давраи шӯравӣ  робитаҳои ҳамаҷониба байни давлатҳои арабизабону Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гаштанд. Аз ҷумла, робитаҳои адабиву фарҳангии тоҷику араб дар ин даврон хеле вусъат ёфтанд. Далели ин гуфтаҳо иқтибосест, ки аз китоби “Равобити байналхалқии РСС Тоҷикистон” (Душанбе, 1965) оварда хоҳад шуд: “Моҳи феврали соли 1944 дар асоси қонуне, ки Совети Олии СССР қабул карда буд, ба Конститутсияи СССР моддаи 18 - а илова карда шуд, ки мувофиқи он республикаҳои иттифоқӣҳақ доранд ба таври мустақил ба арсаи байналхалқӣ бароянд, ба шарти он ки муқаррар намудани асосҳои умумии иҷрои функсияҳои сиёсати хориҷии республикаҳои иттифоқӣ дар ихтиёри СССР монад.” Худи ҳамин хел модда дар Конститутсияи РСС Тоҷикистон ҳам ҳаст: Муфассал ...

Назар Холназаров: Вақте ки Қамчибек Тошиеви моҷароҷӯ масъалаи иваз намудани Ворухро пешниҳод кард...

 

Суҳбати навбатии мо бо Назар Холназаров, ходими калони Шуъбаи Шарқи Наздику Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзноманигор, дипломати ҳарбӣ, муаллифи чанд китоб ва полковники мустаъфӣ.

Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/