Басо зебову бамаврид қаҳрамони миллат устод Мирзо Турсунзода мунодии сулҳ, вассофи дӯстӣ ва меҳрубонӣ моро аз сулҳофаринӣ огоҳ намуда, чунин ибрози андеша кардааст:
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беоромӣ рӯзафзуни дил.
Дар ин зимн, бояд тасдиқу таъкид кард, ки сулҳу сулҳдӯстӣ ва Ваҳдаду ҳамбастагӣ аз неъматҳои бузурги илоҳӣ ва арзишҳои инсонӣ буда, кафили пешрафти зиндагии шоисаи мардум мебошанд.
Бояд зикр кард, ки ин неъматҳо худ аз худ ва ба осонӣ дасраси мо нагардида, балки барои ба даст овардани инҳо, мардуми мо дар солҳои мушкилтарин аз ақлу хиради солим коргирифта бо роҳнамоиҳову ҷонфидоиҳои роҳбари кишвар, ватану миллати худро дар роҳи сулҳу созандагии меҳан ҷонгусорӣ ва фидокорӣ намуда, шаъну шарафи хешро дар байни ҷаҳониён ҳифз карда, мактаби сулҳофарину созандагиро поягузорӣ карданд, ки то имрӯз он чун намунаи ибрат барои тамоми аҳли дунё ва хусусан чун намунаи нодирӣ сулҳофаринии дар хатмашйи СММ пазируфта шуда, боқӣ мондааст.
Мавриди зикр аст, ки ин ҳама натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари ҷасуру дилсӯз ва мардони баномусу нанги миллат мебошад, ки сокинони кишвар дар сояи амну суботу осоиштагӣ умр ба сар бурда, аз шомил шудан дар радифи амнтарин кишварҳои ҷаҳон ифтихор менамоянд. Бо чунин талошу муборизаҳо ва эҷоди мактабу сулҳу созандагӣ ва Ваҳати миллӣ Тоҷикистон равобити ҳасанаашро бо ҳамаи кишварҳои дунё ба ҳайси кишвари комил ҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда, онро таҳкиму тавсеа бахшида, чун яке аз ташаббусокорони муҳим нақши калидӣ мебозад. Мояи ифтихор аст, ки Тоҷикистони муосир аз кишварҳои бостонӣ, фаровон аз манобеи табиӣ ва зебоест, ки аз ҷониби муаррихон ва минтақашиносон ва давлатҳои Шарқи Миёна чун минтақаи «Мовароуннаҳр» ва ё “Трансоксиана” шинохта шуда, дорои фарҳангу маданияти олӣ маъруфиат дорад. Дар Осиёи Марказӣ тамаддуни фарҳанг ва ҷойҳои таърихии гуногун дида мешавад, ки бинандаро ба худ ҷалб мекунад.
Ба муносибати 27-мин солгарди созишномаи Истиқрори сулҳ ва арҷгузории ба ин рӯзи тақдирсози миллат моро зарур аст, то бештар аз арзишҳову созандагиҳои он бигӯему бидонему бихонем.
Вожа ё калимаи Истиқрор аслан калимаи арабиасос буда, дар асоси решаҳои забон маънои хоссеро ифода мекунад ва дарки дурусти он муҳим мебошад. Нависандаи сатрҳо чун донандаи забонҳои шарқӣ раво медонад то ин истилоҳро ба хонанда шарҳу тавзеҳ намояд.
Мавриди зикр аст, ки забони арабӣ яке аз забонҳои муҳими олам ба шумор рафта, таснифоту таълифоти зиёде тавассути ин забон то имрӯз навишта шудааст, ки аз гӯзаштаи таърихии он шаҳодат медиҳад. Тибқи қонунҳои граматикии забони арабӣ ҳар калима ё вожае, ки бо ҳарфҳои «ист» оғоз мешавад, мафҳум ё маънои талаб карданро ифода мекунад. Дар забони арабӣ тамоми вожаҳое ки бо «ист» оғозшуда ба бобҳои даҳгонаи салосии мазид дар сарфи забони арабӣ, ки бо афзудани дар оғози феъли муҷаррад сохта шуда, маъни дархости чизе кардан ва хостори он чиз гардиданро ифода менамояд, чунонки вожаи истихроҷ ба маънии берун овардан омада, дар вазни Истифъол омадааст, ки арабҳо барои талаб кардани чизе ё шахсе кор мефармоянд.
Мувофиқ ба ҳамин дастуруламал калима ё вожаи Истиқрор дар вазни истифъол омада, аслан аз решаи калимаи истақарраястақирру истиқроран маншаъ гирифта, дар китобҳои фарҳанги луғат маънои қарор гирифтан, қарор ва субот варзидан баҷое, по барҷо шудан, ҷо гирифтан, устувор шудан ва ором гирифтанро ифода мекунад.
Бо дарки дуруст ва фаҳми маънову маҳфуми вожаи истиқрор мо аз арзишу қимати сулҳу созандагӣ ва Ваҳдату ҳамбастагӣ хубтар огаҳӣ ёфта, онро чун васила дар шинохти ҳуввияти миллӣ меҳисобем. Зеро маънои асосии он ишора ба қавм, миллат ё давлатест, ки барои боқӣ мондани худ талаби устувор ва ором монданро мекунад.