wrapper

Хабарҳо

Комил Бекзода
   Наврӯзи ишқ
   Раҳ ба сӯи ёр дорад ин дили шайдои ман,
   Ҷуръати Мансур дорад ишқи бепарвои ман.
   Назди ӯ розу ниёзи мо надорад эътибор,
   Гарчи ранге заъфаронӣ дид дар симои ман.
   Ахгаре дар синаи имрӯзи худ афкандаам,
   Шӯълаҳо хоҳад дурахшид аз дили фардои ман.
   Як тараф шарҳу баёни ҳикмату илми вуҷуд,
   Як тараф нозу адои дилбари зебои ман.
   Дӯстон гӯянд, Комил, охир ин девонагист,
   Оре, оре, ин бувад пинҳону ҳам пайдои ман.
                                                                 (30-X-1991)
 
   Наврӯзи Зарафшон
   Тоҷи ҳиммат ин заминро Тоҷикистон кардааст,
   Партави Хуршед оламро хуросон кардааст.
   Қимати мулки Зарафшонро ба зар натвон шинохт,
   Оташи суғдӣ Зарафшонро зарафшон кардааст.
   Наварӯсонро, ки мебинӣ чу ахтар беҳиҷоб,
   Шеваи озодагӣ дар ишқ ҷавлон кардааст.
   Гарчи дарди бедавои марг домангири мост,
   Ҷони моро кимиёи ишқ дармон кардааст.
   Хоби хуш бодо ҳалолат, эй зи маънӣ бехабар!
   Хоби моро маънии байте парешон кардааст.
   Кӯҳсорони ҷаҳонро дидаӣ? Санганд, санг!
   Шеъри Комил сангро лаъли Бадахшон кардааст!
                                                                     (V-2000)
         Чашмони Наврӯзӣ
   Аз нигоҳи сабзчашме дар ҷаҳони ишқи ман,
   Лолаву себарга мерӯяд саропо сабзранг.
   Дар ҷаҳони ошиқӣ, оҳанги якрангӣ хатост,
   Шукри ин чашмон, ки мебинам навоҳо сабзранг.
   Фитнаи чашмони сабзинаш, чӣ гӯям беш аз ин,
   Мерасад бар гуши дил савту садоҳо сабзранг.
   Ақл мехонад маро бар оламе, бе рангу бӯ,
   Дар ҳавои ишқ меболад адоҳо сабзранг.
   Кас надонад ҳикмати чашмони сабзу соҳираш,
   Ҷуз мани ғофил, ки дидам ин балоҳо сабзранг.
   Дар ҷаҳони сокиту аз кинаҳо сарду хазон,
   Чашми наврӯзӣ барангезад нидоҳо сабзранг.
                                                                    (III-1996)
   Наврӯзи нигор
   Дар замири ин баҳорон меҳри ёре дидаме,
   Хуш баҳор асту вале хуштар баҳоре дидаме.
   Лолаву гул дар чаман ғарқи ҷамоли хештан,
   Хешро ғарқи ҷамоли гулъузоре дидаме.
   Мавсими гул мавсими озодиву озодагист,
   Пои дилро бастаи зулфи нигоре дидаме.
   Мефизояд накҳати гул мастиву ворастагӣ,
   Аз лаби гулчеҳрае масту хуморе дидаме.
   Бар мани ғофил, ки будам ноумед аз рӯзгор,
   Хешро дар олами авҷу бароре дидаме.
   Бахти хоболудаи ман гар мададгорӣ кунад,
   Бошадо рӯзе, ки худро дар каноре дидаме!
                                                          (21-IV-1991)
 
   Наврӯзи гесу ва чашму абру
   Ёд бод он сабзаву гул ёд бод,
   Нолаҳои зори булбул ёд бод!
   Ёд аз рӯзе, ки мо ҳам чун баҳор,
   Сабзае будем дар кӯи нигор,
   Аз тулӯи офтоби меҳри ӯ,
   Доштам бо дидаву дил гуфтугӯ...
   Ёди он соат, ки аз девонагӣ,
   Тарк кардам кишвари фарзонагӣ.
   Хешро бар мавҷи гесӯҳо задам,
   Ғарқ гаштам, ғарқ, аз сар то қадам...
   Аз куҷо донам, ки дунё дар куҷост!?
   Шӯриши ин мавҷи дарё аз куҷост!..
   Ёд бод он мавҷи гесӯ, ёд бод,
   Ҷилваҳои чашму абру ёд бод!
 
Наврӯзи наварусон
Зиндагӣ болотар аз болостӣ,
Зиндагӣ дарётар аз дарёстӣ!
Арзиши ин лаҳзаро бояд шинохт!
Қимматаш пайдои нопайдостӣ.
Хоса базму тӯйҳову сурҳо,
Ояте гӯётар аз гӯёстӣ.
Ҳар куҷо базме, ки барпо мешавад,
Мояи фахру ғурури мостӣ,
Бо ҳузури хештан шоҳу арӯс,
Маҳфили моро чу гул оростӣ.
Эй хушо, ин шӯрҳо ин шавқҳо,
Одамиро давлати дунёстӣ.
Мерасад бар гӯши дил акси садо:
Баҳри ту мегӯям, эй марди Худо -
Зиндагӣ болотар аз болостӣ,
Зиндагӣ дарётар аз дарёстӣ!

 
Наврӯзи дарду ашк
Ишқи ҷонон дарди ширини ман аст,
Ончунон дарде, ки таскини ман аст.
Рози дил ҳаргиз нагӯям бо касе,
Роздорӣ сирри тамкини ман аст.
Бо ҳама номеҳрубониҳои ёр,
Меҳрубонӣ аҳди дерини ман аст.
Он ки зад бонги муҳаббат дар ҷаҳон,
Муршиду пири нахустини ман аст.
Мисраҳоям қатраҳои ашку хун,
Дафтарам гулбоғи рангини ман аст.
Осмони беғубори ошиқӣ,
Ҷилвагоҳи Моҳу Парвини ман аст.
Ошиқиву шеваи озодагӣ,
Ояте аз расму ойини ман аст.
Гоҳи мурдан ҳар касеву одате,
Номи ҷонон вирди талқини ман аст.
Марҳабо, эй олами пурсӯзи ишқ,
Сузу созат дину ойини ман аст.
                                      (Тобистони 1991)
  
Наврӯзи ёдҳо ва интизориҳо
(Дар арафаи соли нав духтари ношиносе ба воситаи телефон ба ман изҳори ишқ намуд...)
Дар хазони ишқ пайғоми баҳорам додааст,
Дар шаби ялдо нишоне аз наҳорам додааст.
Гуфтугӯе доштам бо ҳотифе аз аҳли қудс,
Аз ҷаҳони нуриён бонги шиорам додааст.
Шуру илҳоме, ки пайдо буд аз ҳар байти ӯ,
Сайр дар дунёи лутфи бешуморам додааст.
Рангу рӯю қадду басташро намедонам, ки чун,
Ин қадар донам, ки чашми интизорам додааст.
Худфиребӣ олами ишқ асту мо ошиқнамо,
Дар ҷаҳони худнамоиҳо қарорам додааст.
Гарчи найсоне надорад тарамоҳи ошиқӣ,
Дилхушам, аз он ки шавқи рӯзгорам додааст.
                                                             (1 июли 1991)
 
Наврӯзи шеъру шоирӣ
Дар дилам файзи баҳорон буду ҳаст,
Ибрате аз рӯзгорон буду ҳаст.
Аслу насли одамӣ аз хок нест!
Шӯълаи Хуршеди тобон буду ҳаст.
Ақли оламгири мо сеҳри ҳалол!
Шӯълае андар шабистон буду ҳаст.
Ин ҳама ҳангомаҳои одамӣ,
Гоҳ зоҳир гоҳ пинҳон буду ҳаст.
Кашфи асрори ҳаёти ҷовидон
Орзуи ҷумла инсон буду ҳаст.
Ин диле к -аз оташи тар беш нест!
Шӯълазор аз ишқи ҷонон буду ҳаст.
Шод бош, эй мулки шеъру шоирӣ,
Чун мақомат авҷи Кайҳон буду ҳаст!
Соҳили руди Зарафшон мактабам,
Минбарам Кӯҳи Бадахшон буду ҳаст!
 
 
Наврӯзи Ванҷи боло
 (Тарона)
Лаб-лаби дарё ба боло меравем,
Ванҷи Болоро тамошо мервем.
I
Нашъае дорад насими кӯҳсор,
Кӯҳсорони ҳамеша обшор,
Дар тароват ҳамчу фасли навбаҳор!
Лаб-лаби дарё ба боло мервем,
Ванҷи Болоро тамошо мервем,                      
II
Чашмаҳои Ванҷ чашмони мананд,
Ҷӯшиши қалби хурушони мананд,
Дар сафо ҳамаҳду паймони мананд!
Лаб-лаби дарё ба боло меравем,
Ванҷи Болоро тамошо меравем.
                     
III
Зодгоҳи шоири моро бубин,
Ёрии Ванҷии мазмунофарин,
Ҳимматаш болотар аз чархи барин!
Лаб-лаби дарё ба боло меравем,
Ванҷи Болоро тамошо меравем.
 
IV
Сарзамини мардхези тоҷикон,
Номовар паҳлавонони ҷаҳон,
Ифтихори ворисон то ҷовидон!
Лаб-лаби дарё ба боло меравем,
Ванҷи Болоро тамошо меравем
V
Қуллаи Сомониён андар сараш,
Оташи лаъли Бадахшон дар бараш,
Ишқи Комил нағмаву шеъри тараш!
Лаб-лаби дарё ба боло меравем,
Ванҷи Болоро тамошо меравем.
 
VI
Чун биҳишт аст ин диёри нозанин,
Мо нигинему Ватан ангуштарин,
Зиндаю поянда бодо ин замин!
Лаб-лаби дарё ба боло меравем,
Ванҷи Болоро тамошо меравем.
                           (Июн - июли соли 2002)
  
Наврӯзи ишқу ошиқӣ
Ишқро нозам, ки исёнпарвар аст,
Тоҷи исёнаш ҳамеша бар сар аст.
Бо ҳама ин дар ҷаҳон сангу хишт,
Дилрабову дилфиребу дилбар аст.
Хоса мардони зи худ огоҳро,
Раҳнамову раҳнамуду раҳбар аст.
Марҳабо, эй ошиқон, эй ошиқон,
Ишқ моро сорбону сарвар аст.
Зинда бодо базму ишқу ошиқӣ,
Бахтро бин, ёри ҷонон дар бар аст.
Ёри ҷонон дар бар аст!
                       (27-28 январи соли 2001)
  
Наврӯзи умри одамӣ
Худро кунам суҷуде, дунё дуо надорад,
Дар тору пуди ҳастӣ маънӣ садо надорад.
Бо сеҳри худфиребӣ, дил бо нигор додем,
Афсӯсу сад надомат, к-он ҳам вафо надорад.
Бегона душман асту бо хеш дар ситезем,
Дигар чӣ метавон гуфт, кас ошно надорад!
Дардест дарди мурдан, одам ҳама гирифтор,
В-ин дарди бедаворо касе даво надорад.
Умрест корвони пайғамбарӣ ба роҳ аст,
Маҳмил гарону акнун бонги диро надорад.
Ҳарчанд соддалавҳист даъвии умри ҷовид,
Фарзанди одамӣ ҷуз ин муддао надорад.
Дар мақтаи ғазалҳо арзи умедворист,
Комил, чӣ метавон гуфт, дасти дуо надорад!
                                           (22 октябр соли 1991)
 
 
Наврӯзи миллати тоҷик
Тоҷикистон кишвари зебову озоди манӣ,
Ёдгори безаволи умри аҷдоди манӣ.
Тоҷи ман аз шавкати Кайхусраву Ҷамшедҳост,
Мулки ман майдони азму рамзу базму идҳост.
Роҳи ман равшан зи нури фитрати воло шуда,
Ҳасту будам ҷилвагоҳи партави умедҳост.
 
Тоҷикистон кишвари зебову озоди манӣ,
Ёдгори безаволи умри аҷдоди манӣ.
Хонадони Оли Сосон ифтихори мо бувад,
Сарзамини поки Эрон эътибори мо бувад.
 
Ин диёри мардхезу мактаби фарзонагон,
Аз саодатҳои қавми бурдбори мо бувад.
 
Тоҷикистон кишвари зебову озоди манӣ,
Ёдгори безаволи умри аҷдоди манӣ.
Ворисони сарфарози Оли Сомонем мо,
Зодаи Хатлону Вахшону Зарафшонем мо,
Дар радифи ганҷҳои бекарони ин ватан,
Як шароре аз дили лаъли Бадахшонем мо.
 
Тоҷикистон кишвари зебову озоди манӣ,
Ёдгори безаволи умри аҷдоди манӣ.
Ин замини нурпарвар Марзи Синои ман аст,
Хоки покаш тутиёи чашми бинои ман аст.
Сад ҳазорон нуқтасанҷу аҳли дониш дар бараш,
Ояти бедории қавми тавонои ман аст.
 
Тоҷикистон кишвари зебову озоди манӣ,
Ёдгори безаволи умри аҷдои манӣ.
                                           (апрели 1992)
 
 
Наврӯзи ишқи диёр
Ванҷи ман! Оғозу анҷомам туӣ,
Посдори пухтаву хомам туй.
 1
Осмонат осмони орзӯ,
Кӯҳсорат минбари шеъри накӯ,
Бешазорат сад ҷаҳони рангу бӯ,
Чашмасорат ҳар чӣ мехоҳӣ, бигӯ!
2
Маст аз борону торонат манам,
Ошиқи кӯҳу биёбонат манам,
Лолаи дашту хиёбонат манам,
Волаву шайдову ҳайронат манам!                     
3
Марҳабо, эй Водии нуру сафо,
Меҳри ту сеҳрест бар дилҳои мо,
Мерасад бар гӯши ҷонам ин нидо:
"Ин муамморо Худо донад, Худо!"
 4
Дилбаронат дилбарони нозанин,
Дар мақоми дилбарӣ болонишин,
Чист дигар гуфтугӯ аз ону ин?
Ҷаннате гар ҳаст, бошад ин чунин!
5
Паҳлавононат дар олам номдор,
Посбони шӯҳрату шаъни диёр,
Қаҳрамонанд, каҳрамони корзор,
Паҳлавонанд, паҳлавони рӯзгор!
6
Ванҷи болоят зи ҳиммат шуд баланд,
Язгуломат дар саховат арҷманд,
Дар сухан гар лутф мехоҳиву панд,
Дил ба ҳазли мардуми Водхуд бубанд![1]
7
Шоиронат шоирони ростин,
Олимонат мулку миллатро амин,
Дӯстонат хайрхоҳони замин,
Душманонат - душманони ақлу дин!                      
8
Номи ту вирди забони хосу ом,
Ман дар оғӯши тамомат нотамом!
Метаровад аз забонам ин калом:
"Зери хокат бас бувад моро мақом!"
       9
Ҳар чӣ дидам, рӯи зебои ту буд!
Ҳар чӣ гуфтам, васфи паҳнои ту буд!
Ҷилвагоҳам, кӯҳу саҳрои ту буд!
Байти шеърам, мавҷи дарёи ту буд!
10
Баъди ман санги мазорам санги ту!
Нағмаи шеъри тарам оҳанги ту!
Фикри нобам дафтари фарҳанги ту!
Ному нангам, рамзи ному нанги ту!
11
Баъд аз ин, ҷисми ман орому хамӯш,
Бехабар аз савту созу шавқу ҷӯш,
Нарм-нармак мерасад ҳар дам ба гӯш,
Ин паёми осмонӣ аз Сурӯш:
"Зиндагӣ маҳруми такрор асту бас,
Чун шарар ин ҷилва як бор асту бас!"[2]
12
Лек рӯҳи ман асири ҷустуҷӯст,
Фикри бебокам далели гуфтугӯст,
Ҷисми мо бо маргу мурдан рӯбарӯст,
Зиндагӣ, гар ҷовидон бошад, нукӯст!
13
Барфу боди Ванҷ ҳар шому саҳар,
Менамояд аз сари хокам гузар,
Мерасонад бар мазорам ин хабар:
"Чанд мехобӣ?! Ба бедорон нигар!!!"
14
"Ванҷи зебои ту зеботар шуда!
Мардумонаш шӯху донотар шуда!
Дилбаронаш боз раънотар шуда!
Ошиқонаш масту шайдотар шуда!..."
15
... Баъдҳо шояд биёяд Ҷовидон,[3]
Бар сари қабрам ба мисли дигарон,
Бар лабаш шеъре, дуое ё фиғон,
Лек ман хомӯш чун бегонагон!
16
Баъди чандин баъдҳо дар ин диёр,
Ошиқе сармаст аз ишқи нигор,
Месарояд шеъри манро бо дутор,
Ҳамсадо бо обшори кӯҳсор!
17
Баъд аз ин ман монаму кунҷи Манор,[4]
Ҳамнишинам хоку боду сангу хор,
Фориғ аз ҳангомаи ишқи нигор,
Бехабар аз ҳою ҳӯи рӯзгор!
                                             (14-XII-1999)
 
Наврӯзи шинохти Фирдавсӣ
Бар хирад бедод рафту додро нашнохтанд,
Ҳамзабонон ҳикмати Устодро нашнохтанд,
Баҳри инсон мезад ӯ бонги адолат дар ҷаҳон,
Ҳамдиёрон маънии фарёдро нашнохтанд.
Бар рухи бунёди зулмат офтобе пош дод,
Шабпарсатон аз қазо бунёдро нашнохтанд.
Номаи шоҳон накӯҳишномаи бедодҳост,
Нуктасанҷон рози ин бедодро нашнохтанд.
Аз шукӯҳу шавкати фарри ниёгон қисса дошт,
Ворисони нохалаф аҷдодро нашнохтанд.
"Он ки бо сеҳри сухан мулки Аҷамро зинда кард",
Камназарҳо шеваи эҷодро нашнохтанд.
Аз ҷафои давр андар кунҷи танҳоӣ муқим,
Ҳамзамонон шоири озодро нашнохтанд.
Алғараз, дар олами маънӣ расуле тоза буд,
Лек ин пайғамбари навзодро нашнохтанд.
 
Фалсафаи ишқ
 Муҳаббат ин ҳама бешу ками мост,
Муҳаббат шодмониву ғами мост.
Ба ҳангоми висолу гоҳи ҳиҷрон,
Муҳаббат тӯи мову мотами мост.
 
Афсона гуфтанд
Дило, ачдодҳо афсона гуфтанд,
Сухан аз Кавсару паймона гуфтанд,
Тамаллуқ бар Худову банда карда,
Риёро шеваи риндона гуфтанд!
                                     (Баҳори соли 1970)
 
Мақоми  ошиқ
 Бо сеҳри худфиребиву аз бими зиндагӣ,
Дилро ба дасти дилбари неку супурдаем.
Маҷнун бувад гувоҳ, ки дар қайди рӯзгор,
Бе сӯзу сози ошиқӣ дар ҳукми мурдаем!
                                                (9 ноябри соли 1972)
 
Эътироф
 Пас аз айёми рангорангу мадҳуши шароби ишқ,
Ба чашмони хуморолуди худ аз ҳам ҷудо рафтем,
Биё, хоҳони марги ман шаву ман маргхоҳи ту,
Ки мо ҳарду зи кӯи ошноӣ бевафо рафтем!
                                              (Ноябри соли 1972)
 
Ҳадафи куллии ҷаҳониён
Моем, ки бунёди аҷал канда бисозем,
В-аз умри абад олами поянда бисозем.
Азму ҳадафи аҳли ҷаҳон аст, ки рӯзе
Хайём, туро бо дигарон зинда бисозем!
 
Наврӯзи  Ҷамшедӣ
Иди Наврӯз аст ёрон, бода дар соғар занем,
Бодахоронро аз ин пас, таънаҳо камтар занем.
Як қадаҳ бар ёди он, Ҷамшеди соҳибдил равост,
Дар фазои некномиҳош, болу пар занем.
Чун дирафши Кова рамзи, нангу номи миллат аст,
Парчами озодагӣ, бар рӯи бому дар занем.
Пири Тусӣ бо сухан, мулки Аҷамро зинда кард,
Сеҳру афсуни каломаш бар ҳама Ховар занем.
Суннати Ҷамшедро Хайём авҷе тоза дод,
Дар ҳавои шеъри Лоиқ наъраи дигар занем.
Мо саропо шавқу шуру ошиқу саргаштаем,
Бо чунин мастонагӣ оташ ба хушку тар занем.
Баъд аз ин лофу газофу худситоиҳо, ки рафт,
Ҷои он дорад, ки гул бар гесуи дилбар занем!
               (Баҳори 2012)                                                                                                                                             
 
Ҳикмати бодаи Наврӯзӣ
Меравам аз ин ҷаҳону дил ба дарё мезанам,
Пушти по бар мушкилоти ҳарду дунё мезанам.
Гар ту масти бодаи рӯзи аластӣ, шод бош!
Ман зи ҷоми бодаи имрузу фардо мезанам.
Эй ки доим саргарон аз ишқи ирфони, вале,
Ман дам аз ёри нахусту ишқи Лайло мезанам.
Арзишу маънии Олам, ҳасту буди Одам аст!
Гар набудӣ одамӣ, кай лофи маъно мезанам.
Дар Замин зодиву аммо, мегурезӣ аз Замин!
З-ин фирори нангборат, водареғо мезанам.
Сар ба зону мезанӣ, аз шӯрбахтиҳои хеш,
Ман ба ёди Навбаҳорон, сар ба саҳро мезанам!
Ман аминам, мерасад рӯзе ки бо эъҷози илм,
Бодаи Наврӯзӣ  бо Ҷамшед  якҷо мезанам!
                                                    (Баҳори 2012)
 
Паёми Наврӯз
Рӯзи нав меоварад, шуру шароре нав ба нав,
Номаи лутфи ҳабибе бар нигоре, нав ба нав.
Тирамоҳи умр дорад, рангу оҳанги хазон,
Офтоби Ишқ мезояд, баҳоре нав ба нав.
Ишқ бар пирони барнодил, раво бошад, раво!
Навҷавонӣ боз гардад, бо хуморе нав ба нав.
Ин ҷаҳону сад ҷаҳон, ҷавлонгаҳи ишқ асту бас!
Дар ҷаҳони бешумор, ояд шуморе, нав ба нав.
Мо паёми Идро риндона кардем ошкор,
То ки бар Ояндагон гардад, шиоре нав ба нав!                                           
                                    (Баҳори 2012)                                                                                                                            
 
Наврӯзи одамӣ
 Ҷабри айёму шигифтиҳои дунё бигзарад,
Бодҳои гармселу фасли сармо бигзарад.
Бо умеди қиссаҳои ориёӣ зиндаем,
Ин ғуруру нахвати қавми Урупо бигзарад.
Аз гузашти рӯгорон гоҳ шоду гаҳ малул,
Ин шабохуни фалак аз мулки дилҳо бигзарад.
Дар гулистони вуҷуди мо навоҳо ранг-ранг,
Булбулон сармасти созу базми гулҳо бигзарад.
Баъдҳо бар ҷои ҷон, ояд ҳаёти ҷовидон!
Тарсу ларзи маргу мурдан аз сари мо бигзарад.
Боз аз нав мо ба сӯи ҷисми худ рӯй оварем,
Ҷисм монад ёдгору ҷони шайдо бигзарад!
                                                  (Баҳори 2012)                                                                            
 
Наврӯзи зан
Фасли баҳорон мерасад, эй ЗАН баҳори мо туӣ,
Дар базми гулҳои чаман, болотар аз гулҳо туӣ.
Олам чи нозад бо Баҳор, к-аз боду борон беш нест,
Бо сели ашки шодият, туфон туӣ, дарё туӣ.
Мо мардҳои хомро, дар зиндагӣ гумномро,
Ишқи ту созад ошкор, он оташи пайдо туӣ.
Ҳаллоҷи аз ЗАН бехабар, лофи Аналҳақ зад, вале:
Дору расан сӯи ту гуфт: Доно туӣ, Доно туӣ!
Эй баҳри ҳусну дилбарӣ, сарчашмаи шеъри дарӣ,
Комил бигуфтат борҳо: Зебо туӣ, Зебо туӣ!
                                                    (Баҳори 2012)                      

Наврӯзи ҳикмати Ҷамшедӣ
Фарзанди Офтобем, ҳамрози Моҳтобем,
Нур аст фитрати мо, ҳамвора дар шитобем.
Афкори мо биҳиштист, Гуфтори мо биҳиштист,
Садҳо биҳишт дорем, Кирдори мо биҳиштист.
Дар Ҷоми Ҷам бидидем, тақдири хештанро,
Ному нишони Миллат,Ояндаи Ватанро.
Ҷамшед не Худо буд, не ахтари само буд,
Танҳо зи роҳи Дониш, рашки ману Шумо буд!
Гуфто, ки : «Эй азизон! Дар тору пуди Кайҳон,
Болотар аз Шумо нест, деву париву Яздон…
Гар нектар бубинӣ, аҳволи хештанро,
Аз тарси маргу мурдан пирости кафанро!...
Гар марги Тан набудӣ, андар ҷаҳони ҳастӣ,
Бар ёди кас наёмад, номи худопарастӣ…»
Ҳоло ки асри Илм аст, дар Шарқу Ғарби олам,
Парвои кас набошад, аз маргу мири одам.
ТАНРО НАҶОТ бахшид, илми шабеҳасозӣ,[5]
Аз доми ДИН раҳо шуд, Инсон ба сарфарозӣ.
Эй илми ориёӣ, эй ҳикмати ниёгон,
Алҳақ муборакат бод, арзанда кори шоён.
                                                  (Баҳори 2012)                                       
 
Наврӯзи Зиндагӣ
Одамиро маҳшаре бе хайру шар, зебанда аст,
Маҳшаре дур аз хурофоти башар, зебанда аст.
Бандаи мирандаро, бе илм растохез нест,
Бандаи озодаро, фатҳу зафар зебанда аст.
Ҳеҷ маъное надорад, рафтани бебозгашт,
Наслҳои рафтаро, умре дигар, зебанда аст.
Оқилу фарзонаро, мирандагӣ зебанда нест!
Амр бар сайёраву Шамсу Қамар, зебанда аст.
Ҳикмату фарзонагӣ, бе шеър мурғи бепар аст,
Ҷилваҳои фикри моро, болу пар, зебанда аст.
Шоири имрӯз масти бодаи кибру ғурур,
Хушкмағзони замонро, кару фар зебанда аст.
Ошкоро гуфтани ҳақ, кори ҳар бекора нест,
Марди майдони суханро, ин ҳунар зебанда аст.
                                                          (Баҳори 2012)
 
 Наврӯзи андеша ва даъво
 Чун бимирам аз ҷадал гӯши малоик кар кунам,
Рафтагонро бо хабар аз омади маҳшар кунам.
Қиссаҳои зулмату торикиҳои гӯрро,
Бемуҳобо арза бар Зардушти пайғамбар кунам.
Бонг хоҳам зад ба Исо к-ин ҳама таъхир чист?
Рӯзи растохез ку? То базму шодӣ сар кунам!
Гар ҷавобе кофию шофӣ наёбам з-он тараф,
Чок хоҳам зад кафанро, шиква бар Довар кунам.
Бо тане лухту диле хунину чашме ашкбор,
Ру ба сӯи аҳли илму донишу дафтар кунам.
К-эй азизон! Гар ҷаҳоне ҳаст аз мову шумост!
То ба кай бар қиссаву афсонаҳо бовар кунам?
Навбати кӯҳнафурушон даргузашту бигзарад,
Ҳамдаме нав ёбаму андешаи дигар кунам!!
                                                        (Баҳори 2012)                            
  
Наврӯзи ишқу озодагӣ
Дар фазои ишқи ҷонон, баски болу пар задам,
Осмонро паст дидам, хайма болотар задам!
Ин ҷаҳони мо ки аз сӯзи дарун бегона аст,
Дар ҷавобаш оташи дилро ба хушку тар задам!
Ҳамдиёри ман чи донад, чист маргу зиндагӣ,
Аз хиҷолат назди душман, хокро бар сар задам.
Дар суроғи одамӣ, дар рӯзи равшан бо чароғ,
Хешро парвона карда, сар ба кӯю дар задам.
Гоҳ гоҳе бо дили афсурдаю фикри пареш,
Дар ҳавои базми ёрон, бода дар соғар задам.
Ёрии Ванҷӣ, ки рӯҳаш ҷовидонӣ шод бод,
Фикри нобашро шиоре, бар маҳу ахтар задам.
То ки бар Ояндагон бошад ҷиҳодам ошкор,
Саргузашти хешро бар сафҳаи дафтар задам.
Чун ғараз аз шеъри Комил, покиву озодагист,
Хомаи озодаро дар чашмаи Кавсар задам!
                                               (Баҳори 2012)
 
Иди  наврӯзи  Аҷам  иди  ҷаҳонӣ  мешавад
Иди Наврӯзи Аҷам, иди ҷаҳонӣ мешавад,
Ин ҷаҳони пирро, рамзи ҷавонӣ мешавад.
Ҳикмати ин Рӯзро Ҷамшеди фаррухпай ниҳод,
К-одами миранда рӯзе ҷовидонӣ мешавад.
Илму фан меоварад, бар умри Одам рӯзи нав,
Нав ба нав зистан шиори зиндагонӣ мешавад.
Олами атроф ҳам з-ин ҷилваҳо маҳрум нест,
Чашми ибратбин агар дорӣ, айёнӣ мешавад.
Сабзаву гул дар чаман мафтуни ҳусни хештан,
Булбули шӯрида ғарқи шодмонӣ мешавад.
Ғунчаҳо бар лаб табассум рӯ ба сӯи Офтоб,
Боди Наврӯзӣ чу ояд, гулфишонӣ мешавад.
Ин биҳишти нақдро, гар шоире бинад, яқин,
Шавқу илҳоми заминаш, осмонӣ мешавад.
Бо назокатҳои худ, Наврӯз оламгир гашт,
Як ҷаҳони мо чӣ бошад? Сад ҷаҳонӣ мешавад!
                                                  (Баҳори 2012)                                                                               
 
Наврӯзи Истиқлол
Наврӯзи ман, наврӯзи ту, наврӯзи вай, наврӯзи мо,
Аз кӯи ҳиҷрон омада, ин шамъи худафрӯзи мо.
Эй ошиқон, эй ошиқон, ӯро пазироӣ кунед,
Фархунда бодо фурсате бар ошиқи имрӯзи мо.
Эй аз гулаш моро насиб, в-эй аз ҳавояш баҳравар,
Эй кишти моро раҳмате, в-эй толеи фирӯзи мо.
Тарсам, ки бемеҳрӣ кунанд ин ошиқони нимахоб,
Афсурда гардад баъд аз ин армони ҳастисӯзи мо.
Моему кӯи ошиқӣ, бо ошиқони сахткӯш,
Бошад, ки наврӯзӣ шавад, имрӯзаву ҳар рӯзи мо.
                                                         (Баҳори 2012)                                                           
  
Базми  Наврӯзи Аҷам
Мо ба ин маҳфил насими кӯҳсор овардаем,
Аз дили лаъли Бадахшон як шарор овардаем.
Маҳфиле шоиставу боиста мебояд чунин,
Дӯстону ҳамдилон аз ҳар диёр овардаем.
Сархушӣ бодо ҳалолаш масти ҷоми ишқро,
В-андар ин хумхонаи дилҳо хумор овардаем.
Эй ҳарифон, як даме пайғоми дилро бишнавед,
Ёд аз фасли гулу меҳри нигор овардаем.
Эй худо, гар ишқ бахшӣ, бар нигори Ванҷ бахш,
З-он, ки сӯзи бекаронаш дар канор овардаем.
Зиндаю поянда бодо, базми Наврӯзи Аҷам,
Шеъри Комилро ба расми ёдгор овардаем.
                                                      (Баҳори 2012)
 
Наврӯзи  Ҷамшедӣ
Рӯҳи Ҷамшедӣ ҷаҳонеро зи нав бедор кард,
Олами афсурдагонро чун гулу гулзор кард.
Ҷоми Ҷамшедӣ таҷаллигоҳи маргу зиндагист,
Саргузашти одамиро мӯ ба мӯ изҳор кард.
Боди Наврӯзӣ паёме мебарад аз дил ба дил,
Ошиқонро волаю шайдои гулрухсор кард.
Номаи ишқу муҳаббат дафтари гулҳои тар,
Хомаи Наврӯз онро борҳо такрор кард.
Ҷашни Наврӯз ояте аз гавҳари хайр аст, хайр,
Ворисони Аҳриманро дар ҳама ҷо хор кард.
Ёдгоре аз ниёкон аст ин Наврӯзи мо,
Ҳикмати воломақомаш рахна дар афкор кард.
Базми Наврӯз аст шоҳи базмҳои ин диёр,
Кишвари Озодагонро ғарқ дар ашъор кард.
Базму шодию тараб зебандаву арзанда аст,
Дар чунин Ҷашне, ки оламро зи нав гулзор кард.
                                                                 (Баҳори 2012)
 
Наврӯзи умри Инсонӣ:
(Мегӯянд ки донишманде дар Урупои имрӯз қурсе (таблеткае) ихтироъ намудааст, ки умри инсонро 800 сол дароз мекунад…Агар Мавлоно 800 сол пеш чунин қурсе истеъмол мекард, то ҳол зинда мемонд…)
 Бигзор шеъри Мавлавӣ, аз қурси дармонӣ бигу,
Имрузу фардо мондаӣ, аз қабри зулмонӣ бигу.
Гирам ки бепарвостӣ, аз маргу миру нестӣ,
Эй Ғофил ибни Бедарак, аз рӯи нодонӣ бигу.
То чанд аз худ бехудӣ, овораи шеъру ғазал,
Ин худфиребӣ асту бас, аз дарди пинҳонӣ бигу.
Не бо Худӣ, не бо Худо, одам набошад инчунин!
Ё ҷовидон кун хешро, ё амри раббонӣ бигу.
Гар ҷовидонӣ мақсад аст, Комил дар ин дайри хароб,
Домони илми зист гир, ашъори ирфонӣ магу,
Тавҳиди Яздонӣ магу, тақдири Кайҳонӣ магу.
Танҳо ва танҳо баъд аз ин, аз Умри Инсонӣ бигу,
Аз Илми  Кайҳонӣ бигу, аз Қурси Дармонӣ бигу!
                                                               (Баҳори 2012)                          
 
Наврӯзи шоирони миллат
Эй шоирони ошиқ, эй ошиқони миллат,
Ин миллати парешон, бо сад ҳазор иллат.
Ёдат ба хайр Лоиқ, Бозор зинда бошӣ.
 
Эй шоирони бедор, дар сарзамини хуфта,
Ин нуктаҳои дилкаш, ҳоло касе нагуфта.
Ёдат ба хайр Лоиқ, Бозор зинда бошӣ.
 
Эй шоирони оқил, эй ворисони Сино,
Роҳи савоб рафта, дар кори хеш бино.
Ёдат ба хайр Лоиқ, Бозор зинда бошӣ.
 
Эй шоирони доно, донои рози ҳастӣ,
Худро раҳо намудед, аз чанги ору пастӣ.
Ёдат ба хайр Лоиқ, Бозор зинда бошӣ.
 
Эй шоирони фозил, озодагони ин қавм,
Дар асри бефазилат, оворагони ин қавм.
Ёдат ба хайр Лоиқ, Бозор зинда бошӣ.
 
Эй шоирони моҳир, сеҳри сухан муборак,
Дар роҳи худфидоӣ, меҳри Ватан муборак.
Ёдат ба хайр Лоиқ, Бозор зинда бошӣ.
                                                  (Баҳори 2012)                                                
 
Наврӯзи ман
Иди наврӯзи диёру гулшану гулзори ман,
Чашни фирӯзи нигору дилбару дилдори ман.
Эй сароғози туро Ҷамшеду Кайхусрав гувоҳ,
Эй далелу шоҳиди таърихи пурасрори ман.
Ҷустуҷӯи нав ба навро кардаӣ бар худ шиор,
Эй хушо ин фикри бикри миллати бедори ман.
Насли имрӯзи ҷаҳон ҳам рӯзи нав дорад умед,
З-ин таманнои бузурги мардуми солори ман.
Оташи Маздоии Наврӯз партав афканад,
Бар шабистони хаёлу зулмати афкори ман.
Комил ин айёму даври кӯҳнарӯзӣ бигзарад,
Дил гувоҳӣ медиҳад, ҳар лаҳза дар ашъори ман.
                                                             (Баҳори 2012)
 
 
™˜   [1] Ванҷи боло, Язгулом, Водхуд – номи минтақаҳои ноҳияи Ванҷ
   [2] Ин байт аз Бедил аст.
   [3] Ҷовидон – фарзанди шоир
   [4] Манор – қабристони деҳаи шоир
   [5] Шабеҳасозӣ-Clon and cloning. Клонирование. Ҳамсонасозӣ. Аз рӯи таҷрибаҳои илмӣ ва лабораторӣ аз нав ба ҳаёти дубора баргардонидани ҷисми инсони мушаххас. («Донишномаи зистшиносӣ», Теҳрон 1376=1997, саҳ 485)
Последнее изменение Шанбе, 16 Март 2019
Маводҳои дигар дар ин бахш: « МАҲФИЛИ МАВЛОНО ДАР ТОҶИКИСТОН

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/