wrapper

Хабарҳо

Имрӯз (09.02.2021), дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби доктори илмҳои филологӣ, профессор Тоҷиддин Мардонӣ, сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт муаррифӣ гардид, ки дар ин маҳфили адабӣ кормандони илмии Институтҳои Академияи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар монография саҳифаҳои каме омӯхташудаи адабиёти классикии форс-тоҷик, яъне мероси адабии арабизабони шоирони барҷаста: Абӯалӣ ибни Сино, Абдулваси Ҷабалӣ, Умари Хайём, Ато ибни Ёқуб, Сайид Ҳасан Ғазнавӣ ва ғ. таҳлил шуда ва таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳлили илмӣ, услуб ва тасвирҳои адабӣ ва бадеии ғоявӣ, хусусиятҳои забонии эҷодиёти шоиронаи онҳо дода шудааст.
Монография аввалин таҳқиқи ҳамаҷонибаи мушкилоти таъсири шеъри классикии араб ба эҷодиёти устодони каломи бадеии форс-тоҷик дар адабиётшиносии Шарқ мебошад. Ин таъсир дар ташаккули жанрҳо ва шаклҳо, қарзгирии шахсиятҳои лафзӣ ва маъноӣ, истифодаи тасвирҳои бадеӣ, инчунин дар истифодаи санъати тарҷума зоҳир мешавад, ки шоирони дузабонаи форсӣ-тоҷикии миёна ба таври васеъ истифода мебаранд асрҳо, ки ба шарофати он ба таври васеъ инкишоф ёфт. Дар асар зарурати омӯзиши мероси адабии арабизабони тамоми шоирони классики форс-тоҷик таъкид шудааст.
Китоб барои мутахассисони соҳаи филологияи араб ва форс-тоҷик, донишҷӯёни факултаҳои шарқшиносии донишгоҳҳо ва ҳама хоҳишмандони робитаҳои адабии арабу тоҷик пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки Тоҷиддин Нуриддин Мардонӣ, соли 1947 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадаанд. Таҳсилоти ибтидоиро дар шаҳри Ҳисор гирифта, баъдан ба Шуъбаи забони арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тољикистон дохил шуда,онро соли 1972 ба итмом расонидаанд.
Баъди хатми бомуваффақиятонаи донишгоҳ ба ҳайси лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, дабири илмии Институти шарқшиносӣ ва баъдан мудири Шўъбаи тарљума ва таҳқиқи осори арабизабони Институти осори хаттии Академияи илмҳои Тољикистон то соли 1992 адои вазифа намудаанд. Дар мобайни ин солҳоаз кӯшишу ғайрат ва нерӯи ҷавониашон истифода бурда,ду маротиба, яъне солҳои 1970-1971 ва 1989-1990ба сифати тарҷумони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Яман  ва солҳои 1979-1983 дар Ҷумҳурии Ироқ  хидмат намудаанд. Бар замми хизматҳои шоиста дар ҷодаи илм, ҳамчун як шахси ватандӯст ва меҳанпарвар аз соли 1992 то соли 2004 дар соҳаи хадамоти дипломатии Тоҷикистон ба ҳайси сардори Девони Вазорати корҳои хориҷӣ, сардори Раёсати афрод ва иттилооти махсуси Вазорат, ҷонишини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардаанд. Солҳои 1995-2001 дар Ҷумҳурии Ўзбекистон ва солҳои 2001-2004 дар Туркманистон ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тољикистон амал намудаанд.
Пас аз анҷоми маъмурияти дипломатӣ дар соли 2004 боз ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ба сифати ходими пешбари илмӣ ва сарходими илмӣ фаъолият бурдаанд.
Соли 1986 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Пайдоиш ва инкишофи анъанаи дузабонӣ дар адабиёти форсу тољики асрҳои IX-X» ва соли 2006 рисолаи докториро дар мавзўи «Таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти шоирони форсу тоҷики асрҳои XI-XII» ҳимоя кардаанд.
Инчунин, ба ҳайси сарходими илмии Шуъбаи арабшиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ фаъолияти илмӣ мекарданд.
Аз соли  2017 ба тариқи интиқол ба Институти навтаъсиси омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо гузашта, то ба ҳол чун сарходими илмӣ ва сарвари бахши арабшиносии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик кор карда истодаанд.
Т.Н. Мардонӣ доктори илмҳои филологӣ ва профессор буда, муаллифи китобу мақолаҳои зиёде дар соҳаи арабшиносӣ мебошанд. Асарҳои эшон ғайр аз Тоҷикистон, дар Русия, Ӯзбекистон, Арманистон, Туркменистон, Ирон, Афғонистон, Яман ва дигар кишварҳо чоп шудаанд.
Самти асосии фаъолияти илмии Т.Н. Мардонӣ – омӯзиши мероси адабии арабизабони тоҷик, таҳқиқи  робитаҳои адабии арабу аҷам дар асрҳои миёна ва замони муосир, тарҷумаи осори арабизабони ниёгонамон ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад. Устод Тоҷиддин Мардонӣ идомадиҳандаи мероси илмӣ-таҳқиқотии як қатор мусташриқин ва адабиётшиносони халқҳои гуногун, аз ҷумла Эдвард Гранвил Браун, А. Арберри, Евгений Эдуардович Бертельс, Игнатий Юлианович Крачковский, Шиблии Нуъмонӣ, Бадеъуззамон Фурӯзонфар, Маликушшуаро Баҳор, Ҳанно ал-Фахурӣ, Абдулҳусайн Зарринкуб, Сайид Нафисӣ, Забеҳуллоҳи Сафова дигарон мебошанд ва дар омӯзиши адабиёти араб саҳми босазои худро гузоштаанд. Барои заҳмати чунин нафарон шарқшиносони машҳури рус И.Ю. Крачковский беҳуда нагуфтааст, ки “дар рушду такомули фарҳанг ва адабиёти араб на танҳо арабҳо, балки як қатор халқу миллатҳои дигар низ саҳмгузоранд”[2,563-564].
Асарҳои таълифнамудаи олими арабшиноси мо Т. Мардонӣ “Дузабонӣ дар шеъри асрҳои IX-X”[4], “Носири Хусрав ва фарҳанги арабӣ”[8], “Равобити адабии Арабу Аҷам”[6], “Шеъри арабии Ибни Сино”[3], “Масъуди Саъди Салмон ва шеъри арабӣ”[7], “Рӯдакӣ ва адабиёти араб”[11], “Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам”[12], “Сухане дар бораи Абӯалӣ ибни Сино. Тадқиқот ва тарҷумаҳо”[9], “Ақвоми Шарқ дар осори Садриддин Айнӣ”[10] ва “Таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти шоирони форс-тоҷики асрҳои XI-XII” мебошанд. Устод Тоҷиддин Мардонӣ ҳамчунин як қатор асарҳои машҳури Абӯалӣ ибни Сино, Абубакри Розӣ, Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ ва дигаронро аз арабӣ ба русӣ тарҷума ва чоп намуда, зиёда аз дусаду панљоҳ мақолаи илмӣ ба табъ расонидаанд. 
Последнее изменение Чоршанбе, 10 Феврал 2021
 
http://www.zoofirma.ru/