wrapper

Хабарҳо

Имрӯз (19.02.2021) дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши Мирзо Муллоаҳмад дар рушди адабиётшиносӣ” баргузор гардид, ки дар кори семинар ҳайати  ходимони илмӣ ва кормандони Институт суханронӣ намуда, доктори илмҳои филология, профессор, узви вобасти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устод Мирзо Муллоаҳмадро бо ҷашни фархундааш – 73-умин солгарди зодрӯзашон табрику таҳният намуда, ба ӯ комёбиҳои нав ба нави илмию эҷодӣ, саломатӣ ва рӯзгори пурсаодатро орзу намуданд.
Бояд гуфт, ки Мирзо Муллоаҳмад аз ҷумлаи олимони пуркори тоҷик аст. Ба қалами ў беш аз 400 асари илмӣ ва илмиву омавӣ таълиф шудаанд. Мақола, рисола, монография ва маҷмўаҳои ба чоп расонидаи ў тақрибан  200 мақола, 12 монография, 30 маҷмўа ба масъалаҳои эроншиносӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, дар Эрон беш аз 30 асару мақолаҳояш ба табъ расидаанд.
Ёдовар шуд, ки Мирзо Муллоаҳмад 20-уми феврали соли 1948 ба дунё омадааст. Соли 1969 пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор омада, то барҳам хўрдани он дар соли 1993 дар он ҷо кор кардааст.
Ў дар вазифаҳои лаборанти калон (соли 1969), ходими хурди илмӣ (1969-1971, 1974-1978), ходими калони илмӣ (1984-1986), мудири Шуъбаи эроншиносӣ ва ҳиндшиносӣ (1986-1993), муовини директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Аз соли 1993 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ходими калони илмӣ,  мудири Шуъбаи таърихи адабиётро адо намудааст.
Аз соли 2000 то 2004 мудири Шуъбаи созмондиҳии илми Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2005 муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муллоаҳмад ба омўзиши масъалаҳои гуногуни  таърихи адабиёти форс-тоҷик ва эроншиносӣ машғул аст. Ба қалами ў беш аз 400 асари илмӣ ва илмиву омавӣ таълиф шудаанд мақола, рисола, монография ва маҷмўаҳои ба чоп расонидаи ў тақрибан  200 мақола, 12 монография, 30 маҷмўа ба масъалаҳои эроншиносӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, дар Эрон беш аз 30 асару мақолаҳояш ба табъ расидаанд.
Фаъолияти илмиву эҷодии Мирзо Муллоаҳмад аз омўзиши эҷодиёти шоири форс-тоҷик Фаррухии Систонӣ оғоз ёфт. Дар ин мавзуъ ў рисолаи номзадӣ дифоъ кард ва монографияи «Фаррухии Систонӣ»-ро (1978)  ба табъ расонид. Баъдан китобҳои ў дар бораи адибони маъруфи Эрон Адибулмамолики Амирӣ, Фурўғии Бастомӣ ва дигарон ба миён омаданд. Мирзо Муллоаҳмад муҳаққиқи сабк (равия)-и «Бозгашт»-падидаи муҳим дар адабиёти асрҳои 15-19 Эрон. Яке аз муаллифони нашри академии «Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои XIX-XX» (ба забони русӣ, Москва, 1999) мебошад.
Солҳои 1995-2000 Муллоаҳмад чун мудири Шўъбаи Таърихи адабиёти ИЗА роҳбарии мавзўи илмии «Масоили ахлоқ дар адабиёти асрҳои 9-12 форс-тоҷик (осору манзуму мансур)”-ро ба ўҳда дошт. Дар доираи ин мавзўъ вай рисолае бо номи «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003) ба табъ расонид, ки аҳамияти зиёди тарбиявӣ-ахлоқӣ дорад. Ў яке аз муаллифони «Донишномаи адаби форсӣ» (Эрон) мебошад. Соли 2000 дар ин нашрия беш аз 150 мақолааш ба табъ расидааст.
Саҳми Мирзо Муллоаҳмад дар таҳияи матнҳои осори  адабиёти форс-тоҷик, баргардон аз ҳуруфи арабиасос ба кириллӣ бузург аст. Баргардони тарҷумаи форсии «Қуръони маҷид» ба ҳуруфи кириллӣ (Теҳрон, 1997). «Қобуснома»-и Кайковус, бо пешгуфтор, тавзеҳоти судманд (1979). «Рубоиёт»-и Умари Хайём (1983), «Рўзномаи сафари Искандаркўл»-и Мустаҷир (1989), «Ҳикояҳои нависандагони Эрон» (ҷ. 1-2, 1988), «Ғазалиёт»-и Фурўғии Бостамӣ (1993),  «Донишнома»-и Майсарӣ (1999). «Андарзномаи Носири Хусрав» 2003 ва ғайра ба қалами ӯ мутааллиқ аст.
Мирзо Муллоаҳмад мураттиби тазкираҳои «Ёди ёри меҳрубон» (2003) ва «Хубони порсигў» (2003) мебошад. Тавассути китоби аввал, ки дар интишороти «Тўс»-и Эрон ба табъ расидааст, хонандагони эронӣ бо ашъори шоирони тоҷики асарҳои 16-19 ошноӣ пайдо мекунанд.  
Мирзо Муллоаҳмадов барандаи Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимӣ мебошад.

 

 

 

 

 
Последнее изменение Ҷумъа, 19 Феврал 2021
 
http://www.zoofirma.ru/