Нусхаи чопи
Дар нишасти илмии навбатие, ки ба таърихи 23 феврали соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо доир гардид, масъалаҳои марбут ба таъсири буҳрони COVID-19 ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиё ва Аврупо, аз ҷумла Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Нишасти мазкур дар доираи нақшаи кории Институт бо ташаббуси шуъбаи Аврупо ва Амрико доир карда шуд.
Сарходими илмии шуъба доктори илмҳои сиёсӣ Шамсиддин Каримов ҳангоми суханронӣ аз ҷумла қайд намуд, ки  ин мавзӯъ дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 26 январи соли 2021  ба таври муфассал арзёбӣ шудааст. Ба қавли Пешвои миллат, воқеан ҳам дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодливу молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири ин буҳрон эмин монда бошад.
Пайомадҳои пандемия ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои  хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонда истодаанд. Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зиршуда, - омадааст дар Паём, - дар натиҷаи амалӣ гардидадни тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.
Шамсиддин Каримов илова намуд, ки барои таъмини эҳёи иқтисоди кишвар ва рушди устувори он дар Тоҷикистон як идда заминаҳои воқеӣ вуҷуд доранд, ки истифодаи пурсамар ва оқилонаи он ба ин раванд мусоидат хоҳад кард. Аз он ҷумла:
  • Имконоти соҳибкорон ва соҳибкории хурду миёна дар сатҳи маҳалҳо бо истифода аз таҷриба ва анъанаҳои миллӣ;
  • Сатҳи баланди маърифат ва масъулияти шаҳрвандии аҳолии кишвар барои ҳаллу фасли мушкилиҳо бидуни кумакҳои хориҷӣ;
  • Мавҷуд будани миқдори зиёди аҳолии ҷавони кишвар (бештар аз 70%), ки дорои маълумот ва донишҳои пешқадаманд;
  • Истифодаи васеъ аз технологияи ҷадид барои ташвиқи бештари ҷавонон ва сафарбарии оқилонаи нерӯи созанди онҳо;
  • Истифодаи дуруст аз доираи васеи шабакаҳои иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва масъулияти шаҳрвандии сокинони кишвар, махсусан ҷавонон барои ҳалли инноватсионии мушкилиҳои ҷойдошта;
  • Сафарбарии оқилонаи захираҳо ва тавонмандии бузурги ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он;
  • Ва ғайра.
Аз назари Ш.Каримов, дар Тоҷикистн таваҷҷуҳи махсус ба ду соҳаи муҳими зерин метавонад пайомадҳои вазнини коронавирусро сабук ва эҳёи тозаву рушди устувори кишварро таъмин намояд:
  1. Инкишофи иқтисоди хоҷагии қишлоқи кишвар, яъне саноатикунони раванди истеҳсол ва истеъмоли маҳсулоти кишоварзӣ бо истифода аз технологияи муосир (саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ);
  2. Истифодаи васеъ аз технология рақамӣ, яъне амалӣ сохтани стратегия ва сиёсати махсус дар бобати татбиқи ҳамаҷонибаи унсурҳои рақамии инкишофи иқтисод дар раванди рушди устувор.
Дар хотима Ш.Каримов қайд намуд, ки, албатта, раванди эҳё ва рушди устувори иқтисоди кишвар баъд аз буҳрони мазкур вақти зиёд ва сафарбар намудани захираҳои мухталифро тақозо менамояд, аммо гумони комил ин аст, ки роҳбарияти сиёсии кишвар дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ ва шаҳрвандони мамлакат метавонанд вобастагии иқтисоди кишварро аз омилҳои беруна, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ камтар созанд ва рушди технологии кишварро таъмин намоянд, ки дар ниҳояти кор ба баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.
 
Шамсиддин Каримов,
сарходими илмии
шуъбаи Аврупо ва Амрико,
доктори илмҳои сиёсӣ
Последнее изменение Панҷшанбе, 25 Феврал 2021