Нусхаи чопи
Суҳбате доштем дар ин мавзӯи хеле муҳим ва то андозае мушкилоти калидӣ, бо яке аз журналистони варзидаи кишвар Хуршеди Андам, ки манзури хонандагони азиз мегардонем. Хуршеди Андам соли 1993 дар ҳафтаномаи «Наврӯзи Ватан» - ба ҳайси муҳаррир ва муовини сармуҳаррир, соли 1996 дар телевизиони Тоҷикистон, Сарредаксияи филмҳои мустанад – «Телефилм» ба сифати муҳаррир ва муҳаррири калон ифои вазифа кардааст. Аз моҳи июни соли 1997 фаъолияти эҷодии худро ҳамчун хабарнигор дар дафтари намояндагии ИРНА дар Тоҷикистон идома додааст. Соли 2002 ба ҳайси хабарнигори намояндагии Радиои Би Би Си дар Тоҷикистон пазируфта шуд. Сентябри соли 2009 ба Дафтари намояндагии Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ ба кор даъват гардид ва январи соли 2011 директори ин Радио дар Тоҷикистон таъйин шуд. Солҳои 1995 -1996 ҳамчун устод дар кафедраи забону адабиёти байнифакултавии Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Соли 2002 дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллӣ ва соли 2010 дар факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе аз фанни журналистика ба донишҷӯён дарс гуфтааст. Хуршед Андамов соли 2017 дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия дар мавзӯи «Ҷойгоҳи маҷаллаи «Раҳбари дониш» дар низоми бавуҷудомадаи матбуоти тоҷики солҳои 20 – 30 –и садаи ХХ» рисолаи номзадӣ дифоъ карда ва номзади илми филология бо ихтисоси журналистика мебошад. Ҳоло докторанти Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар АМИТ «Ховар» фаъолият дорад.
 
- Ташрифи Шуморо ба ҳафтаномаи «Минбари халқ» хушомадед мегӯем.
 
- Сарбаланду муваффақ бошед. Ба ҳайати соҳибқаламони сертирожтарин ҳафтаномаи кишвар барору пирӯзӣ мехоҳам.
 
- Имрӯз иттилоот ба ҳайси яке аз аслиҳаҳои пуриқтидор дар ҷаҳон эътироф шудааст ва кишварҳои абарқудрат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои пиёда сохтани ҳадафҳои геополитикии худ аз он зиёд истифода кунанд. Суоли нахустини мо ин аст, ки чӣ гуна ҳузури худро дар фазои иттилоотии ҷаҳон таъмин намоем, то аз таҳдиди ин хатар эмин бошем?
 
- Суоли ба маврид аст. Воқеан, имрӯз иттилоот ба ҳайси аслихаи пуриқтидор дар ҷаҳон эътироф шудааст, ки кишварҳои абарқудрат ба хотири пиёда сохтани ҳадафҳои геополитикии худ аз он истифода мекунанд. Аммо сиёсати Тоҷикистон дар қиболи чунин мавқеъгирй шаффоф ва ҳамзамон, посухгӯи талабот аст. Мо инро дар мисоли ҳаводиси минтақавӣ ба мушоҳида гирифтаем. Ёд дорем ҳодисаҳои марзй бо Қирѓизистонро, ки расонаҳои хориҷӣ мустақиман ва аз тариқи сомонаҳои худ Тоҷикистонро наҳ мезаданд,  ки «ҷанги иттилоотиро бой додааст». Ё хомӯширо ихтиёр мекунад. Чун хуб биандешем, Тоҷикистон дар чорчӯби қавонин ва стандартҳои байналмилалӣ амал карда, сабру таҳаммулро омили ҳалли масоил донистааст. Зеро мегӯянд: «Сиёсат барои як рӯз ва дипломатия барои сад сол аст». Агар ба воқеият назар кунем, ҳамин аст. Зеро Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ накӯшидааст равобиташро бо дигар кишварҳо бахусус кишварҳои ҳамсоя, ноором созад. Ва ё ба таърих назар андозем, мебинем, Тоҷикистон бар сари ҳеҷ кишваре силоҳ накашидааст. Чун фарҳангу тамаддуни чаҳоншумул дорад.
Аммо набояд  фаромӯш кард, ки маҳз раванди глобализатсия ё ҷаҳоншумулӣ ва рушди босуръати интернет ба кишварҳои абарқудрат ба хотири пиёда кардани аҳдофи нопоки худ кумак мекунад. Чун интернет фазои васеъ  аст ва дар ин майдон ҳама чиз меѓунҷад. Ин аст, ки кишварҳои абарқудрат аз ин майдон бештар ба хотири пиёда кардани ҳадафҳои нопоки худ истифода мекунанд.
Албатта, ин хатар аст ва бояд ҳузури худро дар фазои иттилоотии ҷаҳон бештар бо кадрҳои варзида  ё мутахассисони ҳирфаии соҳа таъмин намоем. Дар он сурат, мо метавонем аз таҳдиди ин хатар эмин бошем. Албатта, мутахассисони технологияи иттилоотӣ хеле муҳиманд, яъне  нафароне, ки амнияти иттилооотиро хуб дарк кунанд ва бидонанд, аз равандҳои ин соҳа огоҳ бошанд.
 
- Хуб Шумо бигӯед, ки ҷомеаи журналистии мо барои бартараф намудани ин таҳдидҳо омода аст?  Оё имрӯз он дар кадом сатҳ қарор дорад ва аз назаратон, барои устувор намудани мавқеи он мо бояд кадом корҳоро анҷом диҳем?
 
- Ростӣ, дар ин мавзӯъ назари худро дорам. Журналистикаи тоҷик садсола боз арзи ҳастӣ дорад ва Худоро шукр, ки саромадони он ганҷинаи гаронбаҳое барои мо ва ояндагон ба мерос гузоштаанд. Дар ин росто, ман аз устоди зиндаёд Садриддин Айнӣ ёдовар мешавам, ки чӣ ҷоннисориҳое барои миллати хеш кардаанд. Бо нуги қалам мушкилоти даврро ислоҳ карданд ва кӯшиданд, то Тоҷикистон аз будаш рушд кунад ва ҷузъе аз ҷаҳони мутаммадин бошад. Талошҳои ин марди порсо ва саромади адабиёти навин самар дод ва имрӯз мо шоҳиди рушди чашмгир ҳастем.  
Аммо он чӣ бузургон кардаанд, имруз моро зарур аст онро давом диҳем ва боз беҳтару бештар соҳаро рушд диҳем. Барои ин суоли «Журналистикаи тоҷик имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад?» посухи амиқ мехоҳад.
Журналистикаи тоҷик пас аз пошхурии Шӯравии пешин то андозае ба сари худ монд. Он замон мо дар даҳҳо созмону ташкилоти адабӣ ва муассисаҳои расонаӣ шомил будем, намояндагиҳои зиёде дар рӯзномаҳои марказӣ доштем, ки аз мавқеи Тоҷикистон ҳимоят мекарданд. Барои мисол, мухбирони махсус дар нашрияҳои «Правда», «Комсомолская правда» ва амсоли ин фаъолият мекарданд. Тоҷикистонро дар сатҳи марказ муаррифӣ мекарданд. Ҳарчанд дар он замон ҳам мушкилот зиёд буд ва Тоҷикистон дар миёни 15 кишвари Иттиҳод начандон мавқеи устувор  дошт. Аммо бо ин ҳам дар сатҳи расонаҳо мавқеи Тоҷикистон намоён буд. Манзурам журналистон фаъол буданд. Ҳоло ин мавқеъро ҳукумати Тоҷикистон ба даст гирифтааст. Мехоҳад журналистон фаъол бошанд, аммо заифӣ ба назар мерасад. Чун журналистон камтар,  аммо мардум бештар дар бораи мушкилот ва ислоҳи ҷомеа сухан мекунанд. Даҳҳо нашрия дорем, аммо се ё чор рӯзнома ва ҳафтаворе аст, ки то андозае дар пешбурди сиёсати давлату Ҳукумат ва кумак ба он саҳмгузоранд. Бақия интизоранд ва ё «назоратчӣ» шудаанд. Ҳол он ки бетарафӣ хуб нест. Ин масъулият аст ва бояд масъулиятро ҳама иҷро кунад.
Давлату Ҳукумат, ба вижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикистон тамомии шароитро барои рӯзноманигорон фароҳам овардааст. Паёме, ки чанд рӯзи ахир аз забони Президент садо дод, бозгӯи он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ѓамхору дилсӯзи миллат аст. Мо дигар дилсӯзе, ѓамхоре ва меҳрубоне мисли ин фард намеёбем. Танҳо зарур аст, софдилона ва самимона кор кунем. Барои рушду нумӯъ ва шукуфоии кишвар дасту дили пок дошта бошем.
Банда ба ин фикрам, ки мавқеи устувори журналистика дар дасти намояндагони он аст. Агар журналистон софдилона ба кору амали худ муносибат кунанд, таҳаввулоти ҷомеаро дарк кунанд, хештаншинос бошанд, аз ноадолатиҳо бипарҳезанд, бо зуҳуроти номатлуб, назири терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноёти фаромиллӣ мубориза баранд, ҷони хешу ҷони миллатро ҳифз кунанд ва аз ҳама муҳим, гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ кунанд, умедворам, Тоҷикистони мо гул хоҳад кард. 
Мутаассифона, гоҳе дида мешавад, журналистон худро дар  канор мегиранд, ҳамдигарро ба истилоҳ, ба «худиву бегона» ҷудо мекунанд, мешунавем, фалонӣ «давлативу» фалонӣ «ѓайри давлатӣ» аст ва амсоли ин, ки хеле бад аст. Дар ҳоле, ки ҳама зери сояи як Ҳукумат қарор дорем ва як Ватан дорем ва он ҳам Тоҷикистон аст, бояд аз наҳзанӣ ба ҳамдигар канор биравем.  
 
- Шояд ин камбудиҳо аз он сарчашма гиранд, ки мо ҳанӯз дар курсии донишҷӯӣ дарси таҳаммулпазирӣ ва гуногунандеширо ба донишҷуён кам меомӯзем? Вобаста ба ин бигӯед, ки вазъи омода намудани рузноманигорони касбӣ дар донишгоҳҳо дар кадом поя аст?  Мушкилоти тарбияи насли нави журналистони ҷавонро,  ки дар оянда метавонанд дар сатҳи байналмилалӣ фаъолият намоянд, чи гуна бояд ҳал кунем?
 
- Рӯйирост мегӯям, вазъи омода кардани рӯзноманигорони касбӣ дар донишгоҳҳо хеле беҳбудӣ мехоҳад. Худатон як қазоват кунед: дар муддати 30 соли истиқлол чанд журналисте омода кардем, ки посухгӯ дар сатҳи  байналмилалӣ бошад? Албатта, садҳо журналист донишгоҳҳоро хатм карданд, вале чанд дар сади онҳо ҳамчун журналист фаъолият мекунанд? Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки соле то чор панҷ ё то даҳ нафар бо ихтисоси худ ҳамчун журналист фаъолият мекунад. Шояд мушкили маош ва дигар мушкилотро баҳона биоранд, аммо ман мегуям, ки сатҳи пасти донишомӯзӣ омили журналист нашудани онҳост.
Ҳамин аввали соли хониши 2020- 2021 пас аз пофишориҳои зиёд (он ҳам пас аз даргузашти яке аз устодон) раҳбарияти факултаи журналистика маро барои тадрис даъват карданд. Ман ҳам қабул кардам ва билофосила ба тадриси шогирдон  шурӯъ кардам. Ба ростӣ, шогирдон ташнаи дониши амалӣ хастанд. Ва ё мехоҳанд аз таҷрибаи журналистоне, ки дар расонаҳо фаъолият мекунанд, зиёд бидонанд ва биомӯзанд. Чун, ба гуфтаи баъзе аз онҳо устодоне, ки ба онҳо дарс медиҳанд, аз доираи китобҳои тарҷумакардаашон берун намебароянд. Яъне, танҳо назарияро қабул доранд. Бояд вазорати маориф таваҷҷуҳ кунад, ки на дар  ҳамаи факултаҳо студия ҳаст, агар бошад ҳам, дар онҳо техникаву технологияҳои муосири иттилоотӣ вуҷуд надоранд. Дар аудиторияҳо ягон асбоби аёнӣ, барои мисол, номгӯи жанрҳо ва ё мисли ин вуҷуд надорад. Пас донишҷӯ магар аз дарси назарӣ чизе мегирад? Дар ҳоле, ки аксарияти донишҷӯён ба курси 4 расидаанд, аммо як хабар ё мақола ва дигар матолиби расонаӣ ё публитсистӣ нанавиштаанд. Ин ҳолат мутаассифона дар аксарияти донишгоҳу донишкадаҳое, ки факулта ё бахшҳои журналистика доранд, ба назар мерасад.
Замоне, ки мо донишҷӯ шудем, қабл аз дохил шудан аз суҳбати равоншод устод Воҳид Мирашурович Асрорӣ, «пири факулта» гузаштем. Вай аз ҳар як довталаб маводи чопӣ дар рӯзномаву маҷалларо пурсон мешуд. Аммо ҳоло чӣ?  Аслан ин гуна қоида вуҷуд надорад. Имрӯз «мақоланависӣ» барои муаллимони мактаб, ки аслан ба журналистика алоқамандӣ надоранд, яке аз шартҳои асосии гирифтани категория табдил ёфтааст.
Донишҷӯён аслан ҷасорати журналистӣ надоранд. Баҳси журналистӣ намекунанд. Чаро чунин аст? Ростӣ, мушоҳидаи ман инро собит кард, ки худи аксари устодон ҷасорати журналистӣ надоранд. Равандҳои ҷомеаро таҳлил намекунанд. Барои омода намудани журналистон бо забонҳои хориҷӣ гурӯҳҳои махсус надорем.  Пас дар ин сурат магар мо метавонем, журналисти касбӣ ва мувофиқ ба сатҳи байналмилалӣ омода кунем? Албатта, ки неъ…
Фикр мекунам, ба мақсади беҳбуди кор ва омода кардани журналистони касбӣ ва мутобиқ ба сатҳи байналмилалӣ лозим аст, Донишкадаи журналистӣ таъсис дода шавад. Манзур, соҳаи журналистика аз таркиби донишгоҳҳо ҷудо гардад ва дар алоҳидагӣ фаъолият кунад. Дар ин ниҳод на танҳо журналистони маъмулӣ, балки соҳавӣ ва байналмилалӣ омода гарданд. Дар он сурат мо ба ниятҳои некамон хоҳем расид.       
 
- Пешниҳоди хеле аҷиб. Мегузарем ба суоли дигар, ба назари Шумо нисбати матолиби муѓризонае, ки дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ зидди давлат ва арзишҳои суннатии мо равона шудаанд, бояд чи гуна посух гӯем?  
 
- Посух ба чунин матолиб бояд бо далелу бурҳон бошад. Бисёр посухҳоро хондаам. Муаллифон кӯшидаанд, аз мавқеи давлату Ҳукумат дифоъ кунанд. Аммо боз ҳам  баъзе аз ин маводҳо посух нест, балки аз ҳар ду тараф «дашномнома»-ро мемонад.
Фикр мекунам, дар ҷаҳони мутамаддин, ки ба сар мебарем, рафтору гуфторамон мутамаддинона бояд бошад. Аслан боре гуфта будам, ки мо бояд тоҷики дигаре бисозем. Орӣ аз ҳама чиз…. Тоҷики пешрафта, созанда, на сӯзанда, интеллигент,  ва дар маҷмӯъ, тоҷики замони муосир ва мутамаддин.
Бар ин назарам, ки аз ҳамдигарбадбинӣ даст бишуем, агар воқеан тоҷикем ва ҳамдигарро тоҷик медонем. Мо бояд дар ҷаҳони феълӣ мавқеъ ва мақоми худро дошта бошем. Бештар  бунёдкор ва ҳамзамон тозакор бошем. Барои обрӯ ва имиҷи давлату ҳукумат ва миллат бикӯшем.
 
- Гоҳо аз ВАО шикоят мебаранд, ки матлабҳоро бо дарназардошти манфиати худ, яктарафа ва бидуни таҳлил нашр мекунанд. Яъне, прагматизм-воқеъбинӣ дар расонаҳо ба назар намерасад. Назари Шумо нисбати ин қазия?
 
- Ҳамеша дар ҳама давру замон ин гуна шикоят буду ҳаст. Аммо, набояд фаромӯш кард, ки ҳар кас назар ва фикри худро дорад. Прагматизм – ин ѓояи фалсафист. Журналистика худ воқеанигорист ва аз ин рӯ, расонаҳо низ бояд зери ин мафҳум фаъолият кунанд. Расонае, ки аз воқеият кор мегирад, мавкеъ дорад, аммо расонае, ки аз ин орӣ аст, ба дард намехурад. Ба ин хотир, ҳар маводе, ки воқеъбинона навишта мешавад, ҳатман хонанда дорад. Расонае, ки якҷониба, бо супориш ва ё бо назардошти манфиати кадом як ҳаракату гурӯҳ менависад, ҳатман рӯзе шармандаву мунфаил хоҳад шуд ва мавқеи худро аз даст хоҳад дод.
Албатта, дар баъзе расонаҳои мо маводҳое низ нашр мешаванд, ки аз воқеият каме дуранд. Вале, бештари расонаҳое, ки хонанда доранд, мекӯшанд, аз воқеият кор бигиранд. Ман ба ояндаи журналистикаи тоҷик ҳароина хушбинам ва бар ин боварам, ки ин камбудиҳое, ки холисона зикр кардем, рӯзе ислоҳ хоҳанд шуд ва мо ҷиҳати рушди журналистикаи байналмилалӣ заминаи устувор хоҳем гузошт. 
 
- Ташаккур барои як суҳбати густурда ва фарогир.

Мусоҳиб Б. Ҳамдам
 
Последнее изменение Сешанбе, 09 Март 2021