Нусхаи чопи
Бо ташаббуси Шуъбаи Аврупо ва Амрико вохӯрӣ бо намояндагони Хадамоти Академияи Олмон дар Тоҷикистон хонум - доктор Улрике Миттер ва ёрдамчии хадамоти мазкур, хонум Паулина Ҳейне бо роҳбарияти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Директори Иститут номзади илмҳои фалсафа Ё.Ниёзӣ роҷеъ ба сохтори Институт ва Шуъбаҳои Иститут, аз ҷумла Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик, Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Шуъбаи Осиёи Марказӣ ва Шубаи Аврупо ва Амрико нақл карданд.

                                                                                                       

Хонуми доктор Улрике Миттер аз нақша ва лоиҳаҳои дар пешистодаи солҳои 2021-2022 Хадамоти академии Олмон дар Тоҷикистон ибрози ақида намудаанд.
Баъдан хонуми доктор Улрике Миттер ва ёрдамчии Хадамот, хонум Паулина Ҳейне аз Шуъбаи Аврупо ва Америко дидан карданд.
Мудири Шуъбаи Аврупо ва Амрико доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова аз дастовардҳои Шуъбаи Аврупо ва Амрико бо донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир, Донишгоҳи Не-Браскаи Омахаи Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва роҷеъ ба “Мактаби тобистонаи” Донишгоҳи муколамаи Авруосиёи Италия ибрози ақида намуданд.
Муаллима Воҳидова С. роҷеъ ба вазъи иқтисодиёти Олмон баъд аз пандемияи COVID-19 суол карданд. Хонум Улрике Миттер посух доданд, ки вазъият дар Олмон беҳтар шуда истодааст ва умедворем, ки ҳарчи зудтар аз ин вабои аср халос шавему ҳамкорҳоро байни кишварамон рушд намоем.
Дар хотима меҳмонон қайд намуданд, ки омодаанд бо барномаву лоиҳаҳои барои магистрантону докторон ҳамкорӣ намоянд. Ҳамчунин ваъда доданд, ки дар барномаву конфронсҳои Институт иштирок менамоянд.
 
Мудири Шуъбаи Аврупо ва Амрико
д.и.т., профессор Санавбарбону Воҳидова
Последнее изменение Сешанбе, 16 Март 2021