Шуъбаи Осиёи Марказии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 13 апрели соли 2021 бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 - 2021), гузаронидани семинари илмӣ – амалиии дохилиидоравиро дар мавзӯи “Рушди сайёҳӣ ҳамчун стратегияи миллии Тоҷикистон” (“Развитие туризма как часть национальной стратегии Таджикистана”) ба нақша гирифтааст.
Дар чорабинии мазкур мутахассисони зерини соҳа иштирок ва суханронӣ менамоянд:
- Усмон Идиев - намояндаи ширкати сайёҳии Go Travel Tajikistan
- Олим Алимурзаев - намояндаи ширкати сайёҳии HI Central Asia (HICA).
Инчунин, иштироки намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Шуъбаи Осиёи Марказӣ