wrapper

Бо ҳамин ном 13 апрели  соли 2021 дар маҷлисгоҳи Институти омӯзиши масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, семинари илмӣ-амалӣ, бо  ҷалби мутахассисони  соҳавии  давлатӣ ва ширкатҳои  сайёҳии ғайридавлатӣ, баргузор гардид. Дар чорабинӣ меҳмонони зерин иштирок ва суханронӣ намуданд: Қодирзода Сайёд - намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Олимҷон Алимурзаев менеҷери лоиҳаи “Hi Central Asia” ва Идиев Усмон менеҷер оид ба маркетинг ва савдои ширкати  сайёҳии  “Go Travel Tajikistan”.
Мудири шуъбаи Осиёи Марказӣ Сангинов Н.Н. ба ҳайси гардонандаи  чорабинӣ, сараввал ҳузури меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар суханронии  ифтитоҳии худ қайд карданд, ки  семинари  мазкур  дар  доираи  татбиқи  ташаббуси  Пешвои  миллат  оид  ба  эълон  кардани  солҳои  2019 – 2021, ҳамчун “Солҳои  рушди  деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои  мардумӣ”  мегузарад  ва  аз  ин лиҳоз аҳамияти  хоса дорад.  Сипас, тибқи  барномаи  таҳия  ва  пешниҳодшуда,  мутахассисони соҳавии даъватшуда  суханронӣ  намуданд. Чунончи:     
Қодирзода Сайёд оид ба нақшаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ дар самти татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030; густариши соҳаи сайёҳӣ; ҳамкориҳо бо ширкатҳои сайёҳии хусусӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо барои беҳтар ва зиёд намудани навъҳои хизматрасониҳо ба сайёҳони хориҷӣ; проблемаҳои дар ин самт  ҷойдошта ва  масъалаҳои  дигари  соҳаи  мазкур  суханронӣ  кард. 
Аз  ҷумла, аз тарафи маърӯзачӣ таъкид  карда  шуд,  ки  пандемияи  коронавирус   COVID -  19  дар  баробари  соҳаҳои   дигар   ба  рушди  сайёҳӣ  низ  таъсири манфӣ  расонид. Дар  натиҷа соли  2020,  ки  ҳамчун  авҷи  пандемия  ба  ҳисоб  меравад, шумораи сайёҳони  хориҷӣ ба  ҷумҳурӣ ба  маротиб коҳиш  ёфт. Ба  ин сабаб, дар ин  давра Кумитаи   сайёҳӣ  барои рушди  сайёҳии  дохилӣ  як  қатор  чорабиниҳо  андешид.   
Олимҷон Алимурзаев дар презентатсияи худ стратегияи фаъолияти ширкати “Hi Central Asia”-ро шарҳ дода, аз имкониятҳои калони Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  соҳаи  сайёҳӣ сухан  гуфтанд. Ба ақидаи мутахассис, ҷумҳуриамон метавонад дар чор фасли сол сайёҳони  хориҷиву  дохилиро қабул намояд ва ба онҳо навъҳои гуногуни сайёҳӣ ба монанди: гастротуризм, агротуризм, туризми солимгардонӣ, фарҳангӣ, экотуризм ва ғайраро  пешниҳод намояд. Ба ин мақсад бояд  аз  тамоми манзараву ҷойҳои  таърихии  дар  нуқоти  мухталифи  кишвар  қарордошта истифода бурда  шавад.
Инчунин, дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои  ҷалби  бештари сайёҳони  хориҷӣ  бо истифода  аз  дастовардҳои  илму техникаи муосир хусусан Интернет, хизматрасониҳои  мухталифро  аз тариқи  шабакаҳои иҷтимоии, роҳандозӣ  намуд. Мисоли  он барномаҳои TripAdvisor ё Airbnb шуда  метавонанд,  ки нақши маркетингро  дошта, сайёҳонро  ҷалб менамояд. Дар кишвар ҷойҳои таърихӣ, ба шумули корхонаҷот ё  объектҳои  бозмондаи кӯҳна  зиёд  ҳастанд, ки  метавонанд маврид писанди  сайёҳони  хориҷӣ  қарор  гиранд  ва  ғайра.  
 
Идиев Усмон менеҷери ширкати “Go Travel Tajikistan” дар суханронии  худ  оид  ба  имкониятҳои  рушди  сайёҳии  кишвар ба ҳозирин маълумоти  муфидро  пешниҳод  намуданд.
Дар робита  ба  ин, аз тарафи  маърӯзачӣ, ба  норасоии кадрҳо дар ин самт ишора гардид. Дар ҳалли ин проблема, ширкат  чораҳои  дахлдор  андешида истодааст. Имрӯз “Go Travel Tajikistan” барои тарбияи мутахассисон бо Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия созишнома баста, ҳамкорӣ намуда истодааст. Аз тарафи ширкат, инчунин, барои рушди сайёҳии дохилӣ  ба шаҳрвандон путевка ё роҳхатҳои имтиёзнок  пешниҳод карда мешавад. Масалан барои донишҷӯён бо тахфифи 20%, мактаббачагон бо тахфифи 50% ва ғайра хизматрасониҳо  пешбинӣ  гардидаанд.
Мавриди  зикр  аст, ки  мавзӯи  баррасишуда  аз  тарафи  кормандони  Интитут  ба  хубӣ  истиқбол  гардид.  Аз  тарафи  онҳо  ба  меҳмонон  саволҳои  зиёд ва  пешниҳодҳои  мушаххас  дар  самти  рушди  минбаъдаи  соҳаи  сайёҳӣ,  дода  шуд.    Вобаста ба ин, дар суханронии  хотимавии  худ Сангинов  Н.Н.  қайд  карданд, ки баъзе пешниҳодҳои  кормандон қобили  қабул  буда,  аз  тарафи  масъулини  соҳа  ба  таври  иловагӣ  мавриди  баррасӣ  ва  омӯзиш  қарор  мегиранд. 
   
Сомон  Fафуров,
корманди хурди  илмии  шуъбаи
ОМ  ИОМДОА  АМИТ
 
 
Последнее изменение Чоршанбе, 14 Апрел 2021
 
http://www.zoofirma.ru/