wrapper

Дирӯз (14.04.2021), дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аташеи фарҳангии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон хонум Лола Рожес ва директори минтақавии Осиёи Марказии Фаронса дар Бишкек Адрман Фов ташриф оварданд.
Меҳмонон нахуст бо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва Санавбарбону Воҳидова, мудири Шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институт вохӯрӣ анҷом дода, сипас бо кормандони шуъба мулоқот намуданд.
Адрман Фов, директори Институти фаронсавии Осиёи Марказӣ зимни суҳбати худ, қайд кард, ки онҳо омодаанд бо Институти Осиё ва Аврупо ҳамкории судмандро ба роҳ монанд.
Ӯ гуфт, ки мо метавонем тариқи онлайн семинарҳои тарафайн ташкил намоем. Ҳамзамон бо адабиёти марбут ба кишвари Фаронса ва ғайра таъмин намоем.
Дар рафти суҳбат онҳо гуфтанд, ки омодаанд мақолаҳое, ки рабти Фаронса ва Осиёи Марказӣ дорад, ба забони Фаронсавӣ баргардон намоянд ва дар маҷаллаи IFAC нашр кунанд.
    
                                                        

Профессор С. Воҳидова нақл карданд, ки соли гузашта, Масъуди Миршоҳӣ, доктори илмҳои тиб, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз Донишгоҳи Сорбонна китобохонаи “Канкаян”-ро бо 35 ҳазор нусха китобаш ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳадя намуд. Дар китобхона китобхона бо забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ, инглисӣ, арабӣ, форсиро дар бар мегирад, ки муҳаққиқон метавонанд мавриди истифода қарор диҳанд.
Аташеи фарҳангии Фаронса Лола Рожес таъкид намуд, ки ба маврид аст, то семинарҳои илмиву фарҳангӣ ташкил намуда, ҳамкориро тақвият бидиҳем. Мутаассифона вируси Ковид-19 мушкилоте ба бор овард, ки то имрӯз монеъи кор мо шуда, то имрӯз дар тамоми дунё зарари худро мерасонад. Аммо мо бояд ба оянда умед бандем, то ҳамкории мо рушд ёбад.
 
Санавбарбону Воҳидова,
мудири Шуъбаи Аврупо
ва Амрикои АМИТ,
д.и.т., профессор
 
Последнее изменение Чоршанбе, 14 Апрел 2021
 
http://www.zoofirma.ru/